Архив Февраль 2019

Ангораи «Наврӯз – 2019» тасдиқ шуд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2019 ангораи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ намуданд.

Ангораи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин, аз ду тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту, накшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз – 2019» бо забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз ангораи Ҷашни байналмилалии «Наврӯз – 2019» васеъ истифода намоянд.

Озмун ба дарёфти ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2019

 

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоли Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоёнро анҷом додаанд, мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-уми ноябри соли 2018, №563 «Оид ба тасдиқ намудани Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд» озмун эълон менамояд.

Аз ин лиҳоз ҳуҷҷатҳои довталабон тибқи талаботҳои Низомномаи озмуни мазкур (замима мегардад) аз санаи 10-уми феврал то 6-уми май соли 2019 қабул карда мешавад.