Поделиться ссылкой:
Сардори шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус, бойгонӣ
Абдуллоева Фирузахон Бегмуродовна
Соли 2005 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро хатм кардааст.
Ихтисос: Филологи тоҷик.
Фаъолияти корӣ:
Солҳои 2000–2006 – | Муаллимаи синфҳои ибтидоии мактаби миёнаи №17 |
Солҳои 2006–2007 – | Муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби миёнаи №101 |
Солҳои 2007-2011 – | Муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби миёнаи №86 |
Солҳои 2011–2017 – | Муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷик дар литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе |
02.10.2017-04.02.2018 | Мудири шуъбаи тасҳеҳ дар муассисаи нашриявии «Маориф» |
05.02.2018 то инҷониб | Сардори шуъбаи кадрҳо корҳои махсус ва бойгонӣ дар коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова |
Фаъолияти шуъбаи кадрҳоиМуассисаи давлатии коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова
Шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус, бойгонӣ дар асоси Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои директори Муассисаи давлатии коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Оинномаи коллеҷ нишондиҳандаҳои соҳавӣ, нақшаи таҳиягардидаи худи шуъба фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Айни замон дар шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус, бойгонӣ 4 – нафар кору фаъолият менамоянд.
Аз ҷумла:
Абдуллоева Ф.Б. – сардори шуъба;
Нодираи О. – мутахассиси пешбар;
Ручушчова М.К. – бойгоншинос;
Исломова М.Ш. – оператор ҳуҷҷатнигор;
– ҳамаи кормандони шуъба тибқи уҳдадориҳои вазифавии худ фаъолият намуда истодаанд.