Архив Март 2019

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе

21 марти соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иштирокчиёни «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” бо самимияти беандоза пешвоз гирифтанд.

Макони баргузории “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” бо шиорҳо дар васфи Наврӯз ва рамзи хоси Наврӯзи байналмилалӣ оро ёфта буд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабл аз оғози барномаи фарҳангии бошукӯҳи наврӯзӣ суханронӣ карда, кулли иштирокчиён ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуданд.

Пас аз суханронии табрикии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи идона оғоз гардид.

“Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар маҷмӯъ аз 13 бахши мухталифи фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла “Рамзи наврӯзӣ”, “Паёмоварони баҳор”, “Омадани баҳор”, “Маросими гулгардонӣ”, “Маросими суманакпазӣ”, “Маросими ҷуфтбаророн”, “Модар — рамзи абадият”, “Сайри об” ва ғайра иборат буд, ки ҳар яке дорои маънои хос ва таҷассумкунандаи рамзҳои  ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мебошад.

Дар “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар маҷмӯъ зиёда аз 24 ҳазор нафар иштирок карда, тавонистанд бо ташкили бахшҳои мухталиф ҳамаи анъанаҳои ҷашни бостонии миллати куҳантамаддуни тоҷикро намоиш диҳанд.

Бахши аввали “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” аз “Сароғоз” шурӯъ гардид, ки дар ин бахш иштирокчиён бо намоиши конструксияҳои бузурги “Дарвозаи зинда” ва рамзи ”Оташ” вориди майдон шуданд.

Бахши дигари ин барномаи бошукӯҳи идона рамзи Наврӯзи “Тахти Ҷамшед”буд, ки аз таърихи бостонӣ доштани Наврўз шаҳодат медод.

Дигар расму суннатҳои хоси наврӯзӣ, аз қабили “Паёмоварони баҳор” турнаҳо, парастуҳо, шабпаракҳо аз омадани баҳор мужда мерасонанд, ки дар барномаи “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” ҷой дода шуданд, ҷолибу диданӣ буданд.

“Омадани Баҳор” бахши дигари барномаи наврӯзӣ буда, дар он надимони “Баҳор” рақси фариштаро иҷро карда, ба ин чорабинӣ шаҳомати хосса зам намуданд.

Бахши “Маросими гулгардонӣ” ҳам инъикосгари суннатҳои неки наврӯзӣ мебошад, ки дар гузашта кӯдакону наврасон бо иҷрои гулгардонӣ ба ҳамагон аз омадани Наврӯз хабар мерасонданд.

Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, суманак яке аз таомҳое маҳсуб мешавад, ки ба ҷашни Наврӯз мансуб аст. Ҷой додани “Маросими суманакпазӣ” ва “Ҳафтхони наврӯзӣ” дар “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” худ шаҳодати дубора эҳё кардани хӯрокҳои миллӣ ва расму оинҳои халқӣ мебошад.

“Маросими ҷуфтбаророн” ва ниҳолшинонӣ, ки анъанаҳои ниёгонро бозгӯ менамояд, дар шакли бадеӣ намоиш дода шуд. Иштирокчиёни бахшҳои “Ашагулон” дар атрофи ороишоти сохтаи таблаки бузург, “Сайри об” дар атрофи рамзи бузурги “Аноҳито”, “Варзиши шодиёна”, “Модар — рамзи абадият” бо намунаи сохтаи бузурги “Модар бо гаҳвора” ва антуражи рақсӣ ба майдон ворид шуданд. Бояд таъкид кард, ки ҳар як бахш тамошобинонро бо таърих ва расму суннатҳои Наврӯз шинос менамояд.

Қисмати муҳими “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ”-ро ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сару либос ва таомҳои болаззати тоҷикӣ ташкил медод. Дар бахши ҳунарҳои мардумӣ чор ноҳияи шаҳри Душанбе бо 32 мошини ороишдодашуда ва иштирокчиён ба тан либосҳои гуногуни миллӣ иштирок карданд. Ҳунармандон ва ҳаваскорон тавонистанд дар ин бахш  бори дигар фарҳанги оламшумули миллати тоҷикро бо нишон додани намунаи сару либосҳои миллӣ ва таомҳои халқӣ ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Дар бахши “Шодии наврӯзӣ” 2500 нафар иштирокчӣ маросими тӯйи домоду арӯсии минтақаҳои кишварро бо суруду рақсҳои ҷолиб намоиш доданд, ки ин ҳам ҷузъе аз фарҳанги миллати фарҳандӯсти тоҷикро фаро мегирад.

Суннатҳои неки наврӯзӣ, ки дар ҳама минтақаҳои кишвар ба онҳо арҷ гузошта мешаванд, дар ин чорабинӣ таҷассуми худро ёфта буд.

Бояд таъкид намуд, ки “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе бори нахуст ташкил карда шуда, дар доираи он ширинкорон ва дорбозон бо пешниҳоди намоишҳои ҷолиб  хотири иштирокдоронро болида гардониданд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамаҷонибаи фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар ин давра як зумра расму оинҳои миллие, ки бо мурури замон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, эҳё гардиданд.

Ташкили “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар кишвар идомаи мантиқии сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат мебошад.

Аз рафти баргузории чорабинӣ аён гардид, ки таҳиягарон бо назардошти тамоми анъанаҳои ин ҷашн ва риояи дигар хусусиятҳои хос барномаро дар сатҳи баланди диданӣ намоиш доданд.

Дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе меҳмонони хориҷӣ иштирок карда, ин чорабинии бошукӯҳро тамошо намуданд.

Дар шакли нав ва пурмуҳтаво баргузор кардани “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ба мардум ва меҳмонони ҷамъомада шодиву нишоти беандоза бахшид, ки сарчашмаи асосии он сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар мебошад.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти шаҳри Душанбе ва таҳиягарон, ҳунармандону ҳаваскорон барои дар сатҳи баланд ташкил кардани  “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” арзи сипос намуданд.

Дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд Наврӯзи байналмилалӣ пуршукӯҳ таҷлил мешавад

Чуноне қаблан  иттилоъ додем, сокинон ва меҳмонони  шаҳри Душанбе Иди байналмилалии Наврӯзро 21 март бо баргузории Корвони  шодии (карнавали) идона  дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт  пешвоз  хоҳанд гирифт. Алҳол   дар   ин майдон  корҳои ороишӣ идома дошта, масъулин  ба омодасозии ҷойҳои нишасти иштирокдорон машғул мебошанд.

То имрӯз дар  як  канори «Боғи Устод Рӯдакӣ»  навиштаҷоти «НАВРӮЗ» насб гардидааст. Дар канори дигари он  ярмаркаи  фурӯши маҳсулоти гуногуни хӯрокӣ созмон дода, дар  20 ғурфаи  чӯбин, ки    бо нақшу нигори миллӣ ва рамзҳои наврӯзӣ ороиш ёфтаанд,  туҳфаҳо  пешниҳод карда шудаанд.   Ин иқдом бо мақсади таъмини  фароғати сокинону меҳмонони пойтахт ба истиқболи  Наврӯзи оламафрӯз ва афзун намудани шодию нишоти онҳо дар рӯзҳои  ин ҷашни аҷдодӣ  роҳандозӣ гардидааст. Сокинону меҳмонони пойтахт ҳангоми сайру гашт дар ин макон метавонанд аз ин ярмарка  хӯрокҳои тезтайёр, ҳар гуна кулчақанду шириниҳо, яхмосу нӯшокиҳои ташнагишикан  ва туҳфаҳои рамзӣ дастрас намоянд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар  Корвони  шодии идона   ширинкорон ва дорбозон  иштирок намуда,  бо пешниҳоди  намоишҳои ҷолиб  ба ин ҷашни  миллӣ шукуҳу таровати тоза  мебахшанд.

Хотиррасон менамоем, ки  22 март бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт  таҳти унвони «Ганҷинаи Наврӯз» намоиши театришуда  баргузор мегардад. Дар он ҳунармандони маъруф   бо пешниҳоди беҳтарин  оҳангу таронаҳои наврӯзӣ  хотири меҳмонону сокинони пойтахтро шод мегардонанд. Инчунин дар ин  ҷашнгоҳи  наврӯзӣ намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад. Алҳол дар ин макон  низ ороиши саҳна ва дигар корҳои омодагӣ ҷараён доранд.

Ҳамчунин  бахшида ба ҷашни Наврӯз аз 21 то 25 март дар чор ноҳияи пойтахт баргузории барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ,  ташкили сайругашти оммавии сокинон ва меҳмонони пойтахт, инчунин  23 март  мусобиқаи гӯштини миллӣ ва 24 март мусобиқаи кушод оид ба пойга (аспдавонӣ)  дар   МД «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт  дар назар дошта шудааст.

22 марти соли 2019  дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»  баргузор  мешавад.  Форуми мазкур бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ба шаҳри Душанбе, ташвиқу тарғиби таъриху фарҳанги қадими халқи тоҷик, инчунин имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад.  Ба  он меҳмонон аз бародаршаҳрҳои Душанбе даъват карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки аз 16  то 20  марти  соли 2019 дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор мегарданд. Ин ярмаркаҳо  дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт дар арафаи  ҷашни байналмилалии Наврӯз  ташкил карда мешаванд.

Бояд  афзуд, ки  бахшида ба    Иди байналмилалии Наврӯз-2019   бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ озмуни шаҳрии гулҳо таҳти унвони  «Сайри гули лола»  баргузор мегардад.  Озмуни мазкур  дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2019 ҷамъбаст  карда мешавад.

Модар ягона аст!

Оре, модар ноёбтарин неъмати рӯи дунё аст. Канори модар дабистони кӯдакист. Оғӯши модар аз вуҷуди фарзанд пур аст. Ӯ бо дили саршор аз меҳру дӯстдорӣ тифлакро мебӯсаду навозиш мекунад.
Ту монанди замин танҳоӣ, модар,
Ту монанди замин яктоӣ, модар.
Калимаи модар аз 5 ҳарф иборат асту ҳар ҳарф маъние махсус дорад: м – меҳр, о – одил, д – дил, а – ақл, р – раҳм…
Дареғ, ки ман модарамро аз даст додам. Муддатест, ки ташнаи рӯи модар ҳастам. Ҳар гоҳе чеҳраи ӯ, хандааш ба ёдам мезанад, дилам сахт месӯзад ва зери лаб мегӯям:
Модар, модар, ту ибтидоям будӣ,
Ҳамқисмату қомати расоям будӣ.
Мо, фарзандон, чӯҷаяконе будем, ки зери қаноти гарму нарму рӯҳафзои ӯ бузург шудем ва худ «қанотдор» гаштем ва бо панду насиҳатҳои модар дар зиндагӣ ҷои худро ёфтем. Модари ман бароям гиромитарин ва наздиктарин инсон буд.
Вақте ба хона ворид мешавам, хаёл мекунам модарам дар рӯи суфа нишастаасту маро интизор аст. Гоҳе ки хумори модар мегирадам, ба ҳуҷраҳо медароям, то ки ӯро дар ҳуҷрае ёбам. Худ ба худ мегӯям, ки ӯ хоб аст. Ҳуҷраҳоро мекобам, модарамро намеёбам…
Шабе дар хобам модарам даромад. Фарёд кард, ки бархез субҳ дамид! Хурсанд шуда бархестам, ки воқеан ҳам, субҳ дамидааст, вале… модарамро наёфтам.
Ҷои модарро касе иваз карда наметавонад. Ба ҳар ҳол, шукри падар, фарзандони падар ва аҳли оилаам мекунам, ки онҳо дар барам ҳастанд.

 

Шиносоӣ бо рафти корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар шаҳри Душанбе

5 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои пойтахт бо рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи амалии нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо корҳои сохтмонӣ дар иншооти таъиноти гуногуни пойтахт, тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, ҳифзи муҳити зист ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, шинос шуданд.

Тавре мушоҳида мегардад, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду пешрафти пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол – шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурӣ, сиёсӣ ва фарҳангии сарзамини аҷдодӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Натиҷаи ҳамин аст, ки солҳои охир Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таҳияи нақшаву чорабиниҳо, масъалаи ободонӣ ва таъмини шароити созгори зиндагӣ барои сокинони пойтахт аҳамияти хоса медиҳанд.

Аз рафти тадбирҳои созандагӣ дар ноҳияҳои пойтахт баръало мушоҳида мегардад, ки тавассути корҳои ободонӣ, таҳияи тарҳҳои муосир ҷиҳати сохтмони иншооти мухталиф, аз қабили мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои хизматрасонии маишию маданӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва чароғону гулзор кардани кӯчаву хиёбонҳо, имрӯзҳо шаҳри Душанбе ба як макони дилфиреб, шаҳри сулҳу ваҳдат, хонаи умеди тоҷикону тоҷикистониён, мубаддал гардидааст.

Боғҳои фарҳангию фароғатии бо тарҳи зебо сохташуда таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб кардааст.

Солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон навъҳои гуногуну нодири дарахтони бисёрсолаи ороишию сояафкан ворид карда шуда, дар шоҳроҳҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва марказҳои фарҳангию фароғатии пойтахт шинонида мешаванд.

Гулу буттаҳо ва дарахтони ороишии воридшуда ба мавзеъу маҳалҳо ҳусни тоза мебахшанд ва ҳам барои саломатии инсон фоидаовар ҳастанд.

Имрӯз дар рӯзҳои аввали фасли зебои баҳор ба хотири истиқболи сазовори Наврӯзи байналмилалӣ ва вусъати корҳои ободонӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маъракаи ниҳолшинонии назди Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе иштирок карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит шинос шуда, дар ҳудуди масҷиди ҷомеъ якчанд дарахти “клён” шинониданд.

Бо супориши Президенти мамлакат дар асоси нақшаи сохтмони масҷиди ҷомеъ дар ин ҷо дарахтони “магнолия”, “магнолияи баргпарто”, “каталпа”, “клён”, “ел”, “сливаи ороишӣ” ва берёза шинонида шудааст.

Зимни ҳар як боздид аз Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми корҳои ободонию кабудизоркунии майдони назди он масъулини корҳои сохтмониро вазифадор мекунанд.

Саҳни ҳавлӣ, роҳраву дигар мавзеъҳои атрофи иншоот бо тарҳи хеле зебо оро дода мешавад. Барои ин бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаву тарҳи муосир таҳия гардидааст. Атрофи бино чароғон карда шуда, фаввораҳо ва гулу буттаҳои ороишӣ ба муҳити ин ҷо бояд ҳусни тоза бахшанд.

Баъди шинонидани ниҳоли дарахтон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъати бештари корҳои ободонии ҳудуди масҷиди ҷомеъ ва даромадгоҳҳои иншоот ба мутахассисон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 24 феврал Сарвари давлат бо иштирок дар маъракаи бунёди боғи нави интенсивӣ ва ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба мавсими корҳои баҳорӣ оғоз бахшиданд. Акнун шаҳрвандони мамлакат бояд бо истифода аз ҳар рӯзи мусоид баҳри истиқболи Наврӯз корҳои ободонӣ, созандагӣ ва ниҳолшинониро вусъат бахшанд.

Баъди шинонидани ниҳол дар саҳни ҳавлии Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт бо нашъунамои дарахтон ва корҳои ободонии ин мавзеъ шинос шуданд.

Боғи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст. Дарахтони зебою нодири боҳашамати ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳое, ки аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар ба ин ҷо оварда шинонда шудааст, аз ороишоти асосии ин боғ ба шумор меравад.

Дар боғи “Наврӯзгоҳ” дарахтони сосна, калина, туя, сирена, кедр, пихта, каталпа, можевелник, татум, магнолияи ҳамешасабз, чинор, берёзаи маҳаллӣ, каштан, барбарис, клёни сурх, лигуструм, кипарис, маҷнунбед ва гули садбарг шинонида шудааст.

Боғи пур аз дарахтони зебо дар шафати “Наврӯзгоҳ”, ки макони асосии баргузори тантанаҳои идонаи “Наврӯз”, “Ваҳдат”, “Истиқлолият” ва дигар идҳои бузурги миллӣ аст, ҷойгир мебошад. Аз ин ру Сарвари давлат ба коргарони боғ супориш доданд, ки ба масъалаи тозагии атроф, нигоҳубини дарахтон ва корҳои ободонӣ диққати махсус диҳанд.

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ масъулият мехоҳад

Мусаллам аст, ки  омӯ-зиши забонҳои хориҷӣ дар ҷаҳони муосир ба хонанда  имкон медиҳад, ки оид ба тамоми мавзӯъҳо маълумоти бештар ба даст орад. Барои ҷалб намудани хонандагон ба омӯзиши забон аз роҳу методҳои гуногун истифода намудан зарур аст.
Барои шавқманд ва ҷалб намудани хонандагон дар муассисаи мо озмунҳои гуногун ва ҳафтаҳои фаннӣ гузаронида мешаванд. Дар ин гуна озмунҳо хонандагон аз сатҳи дониши хеш огоҳ мегарданд ва кӯшиш менамоянд, ки барои омӯхтани забон кӯшиши бештар намоянд. Дарс ҳамон вақт шавқовар мегузарад, ки омӯзгор аз методу усулҳои нав ба нав ва технологияҳои муосир самаранок истифода намояд.
Дарсҳои забони англисӣ бо истифода аз аёният нутқи хонандагонро бурро менамоянд. Омӯзгори забони англисиро мебояд дар гузаронидани машғулиятҳо кӯшиш намояд, бештар аз луғатҳои нав истифода барад. Дар  дарсҳо навиштани калимаҳои мушкилфаҳм дар дафтарҳои алоҳида ва азёд намудани луғатҳо фонди луғавии хонандагонро ғанӣ мегардонад. Ҳар хонанда чӣ қадар бештар калимаҳои англисиро донад, ҳамон қадар дар вақти гуфтугӯ бо забони англисӣ бемушкилӣ суҳбат менамояд ва забони англисиро зуд азбар мекунад.
Бояд хотирнишон сохт, ки ҳанӯз 4 апрели соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон «Дар хусуси такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида буд. Инак, боз барои такомули  омӯзиши забонҳои зикргардида «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020» рӯйи кор аст. Бовар ҳаст, ки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва устодони ин фанҳо тибқи ин барнома ва нишондодҳои Паём амал намуда, шогирдонро ба азхуд кардани забонҳои русӣ ва англисӣ раҳнамоӣ мекунанд.

Омили калидии мубориза алайҳи экстремизм ва терроризм

Асри 21-ро асри илму техника ва технология меноманд. Ин моро водор месозад, то аз тамоми навгониҳои ҷаҳон бохабар бошему барои пешрафти кори худ ва рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ аз технологияи замони муосир истифода намоем.
Кашф гардидани компютер, ихтироъ ва роҳандозии шабакаи глобалии интернет аз нодиртарин кашфиёти асри 20 ба шумор меравад. Аммо дар асри 21 ин раванд, яъне электронигардонӣ якбора суръати баланд гирифта, кору зиндагии мардумро аз як ҷониб ба маротиб осон намуда, аз ҷониби дигар таъсирҳои манфиеро ба мардум расонид.
Агар мо аз рӯи ақлу хиради худ техника ва технологияро дуруст ва бомаврид истифода намоем, пас мо бурд мекунему ин муваффақияти мост ва агар баръакс бошад, пас моро хатари ҷиддие таҳдид менамояд.
Ба шакли мисол, аз як ҷониб рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ  ба пешрафти фаъолияти инсонӣ таъсири мусбат расонида, тараққии он муаррифии тамоми соҳаҳоро дар ҷаҳон хеле боло бурд ва аз ҷониби дигар гаравиши аҳолиро, алалхусус ҷавононро,  ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ зиёд намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамқадам бо давлатҳои дигари ҷаҳонӣ, пайи тараққӣ ва рушдёбии тамоми соҳаҳои басо ҳам муҳим тадбирандешӣ намуда истодааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ оид ба вазъи имрӯзаи бархе аз мамлакатҳо, ки дар он ҷо терроризму экстремизм реша давондааст, бо изҳори нигаронӣ чунин қайд намуданд: «Бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем».
Имрӯзҳо як вирус ҷомеаи ҷаҳонро нороҳат намуда истодааст, ки аз он башарият чашм пӯшида наметавонад ва ҳама  якҷоя аз пайи нест намудани решаи он ҳастанд. Ҳамин аст, ки пайваста дар ҳар як гӯшаи олам ҳар гуна семинарҳо, конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва суҳбатҳою вохӯриҳо дар мавзӯъҳои мухталиф, ба монанди «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи мубориза бар зидди тундгароӣ ва ифротгароии хушунатомез: таҳдидҳо, чолишҳо ва имкониятҳои ҳамкорӣ», «Хусусиятҳои истифодаи забони душманӣ дар кори тарғибот ва зидди тарғиботи тундгароӣ», «Нақши воситаҳои ахбори омма дар мубориза бар зидди идеологияи тундгароӣ»  доир гардида истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз мамлакатҳое мебошад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро амалӣ намуда истодааст.   Соли 2016 бо Фармони Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм  барои солҳои 2016-2020” тасдиқ гардид.
Дарвоқеъ, ба мо маълум аст, ки роҳи давлатдорию давлатсозӣ пур аз монеаҳои сарпечида, хатарҳои сиёсӣ, бозиҳои сиёсӣ, мухолифатҳои сиёсии пӯшида, таҳаввулоти ногаҳонӣ, сӯиқасдҳо ва мушкилоти дигар аст. Ҳамаи ин монеаҳоро мо танҳо бо доштани ҳамон “силоҳ”-и пуриқтидор – зиракии сиёсӣ гузашта метавонем. Имрӯз яке аз шартҳои асосии пойдории давлат, таҳкими истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ дар кишвар ин сатҳи баланди зиракии сиёсии ҳар як сокини мамлакат, махсусан мо, шаҳрвандон, мебошад.