Поделиться ссылкой:
ҶОНИШИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМӣ
БАНДИШОЕВ ШЕРВОНШО ҲУКУМАТШОЕВИЧ
АЪЛОЧИИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маълумоташ олӣ, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи механикаю математика, ихтисоси математикаи амалӣ, унвонҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи С. Улуғзода
Фаъолияти ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ
Мо бояд барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ҳамеша кӯшишу талош намоем.
Эмомалӣ Раҳмон |
Ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 01.03.2018, №94), Оинномаи таълимгоҳ ва Низомномаи коллеҷ фаъолият менамояд.
Банақшагирии раванди таълим тибқи санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуда, баррасии масъалаҳои ташкили раванди таълим дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон, ҷаласаҳои назди директор, Шӯрои методӣ ва ҷаласаи назди ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ мавриди муҳокима қарор дода мешаванд. Раванди таълим аз рӯи нақшаҳои таълимии коллеҷ, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд ба роҳ монда шуда, ҳамзамон ба стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ мувофиқат мекунанд.
Бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари кори таълим дар муассиса ба масъалахои иҷроиши нақшаҳои таълимии корӣ, роҳ ва усулҳои фаъоли таълим, истифодаи технологияи муосир дар машғулият, баргузории семинарҳои омӯзишӣ барои омӯзгорони ҷавон ва навкор, ташкил ва гузаронидани дарсҳои намунавӣ аз тарафи омӯзгорони соҳибтаҷриба ва ғ. ба нақша гирифта шуда, барои иҷрои саривақтии он назорати ҷиддӣ бурда мешавад.
Ҳамзамон, барои баланд бардоштани малака ва маҳорати касбии омӯзгорон ҳамасола омӯзгорони коллеҷ тибқи ҷадвали тасдиқгардида, аз курси такмили ихтисос дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
Бояд гуфт, ки раванди дарсҳо дар коллеҷ пурра ба шакли низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади татбиқи пурраи низоми кредитӣ дар коллеҷ аз тарафи шуъбаи таълим ба ҳайати профессорону омӯзгорон семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.
ҶАЛАСА ДАР НАЗДИ ҶОНИШИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМӣ
Дар коллеҷ тибқи нақшаи таълимии аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида таҷрибаомӯзӣ ба се зина тақсимбандӣ карда шудааст. Зинаи якум таҷрибаомӯзии таълимӣ мебошад, ки барои донишҷӯёни курсҳои якум дар худи муассиса ва мавзеи таълимии «Геолог» воқеъ дар ноҳияи Варзоб коллеҷ гузаронида мешавад. Зинаи дуюм ва сеюм таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ дар як қатор корхонаҳо, аз ҷумла, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии нафту газ, Идораи давлатии лоиҳакашии заминсозӣ «Тоҷикзаминсоз», Ҷамъияти саҳомии кшодаи «Ҷамаст», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидромонтаж», Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Фазо», Кумитаи давлатии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаи давлатии Казонии муштараки тиллои тоҷик ва дигар корхонаҳои саноатӣ сафарбар менамояд.
Инчунин барои ноил шудани омӯзгорон ба муваффақиятҳо дар ташкил ва гузаронидани ҷараёни таълим низ чораҷӯӣ менамояд. Ин аст, ки ҳар сол омӯзгорони коллеҷ аз аттестатсияи тахассусӣ гузаронида шуда, дорои дараҷаи тахассусӣ мегарданд. Ҳамзамон, барои фаъолияти пурсамар дар кори таълим як қатор омӯзгорони коллеҷ бо пешниҳоди шуъбаи таълим ва дастгирии маъмурияти коллеҷ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва худи муассиса сарфароз гардонида мешаванд.
Дар муассисаи таълимӣ айни замон аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисони миёнаи касбӣ дар шуъбаи рӯзонаю ғоибона ва ибтидоии касбӣ тайёр карда мешаванд.
№ | Рамз | Ихтисос |
Таҳсилоти миёнаи касбӣ | ||
1 | 2-510101 | Геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок |
2 | 2-57010101 | Экологияи саноатӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ |
3 | 2-480135 | Коркарди нафт ва газ |
4 | 2-560231 | Топография |
5 | 2-510201 | Истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок (аз рӯи самтҳо) |
6 | 2-480134 | Тоза кардани канданиҳои фоиданок |
7 | 2-260202 | Менеҷмент (аз рӯи соҳа) |
8 | 2-5102010231 | Истихроҷи конҳои маъдан ва истихроҷи
канданиҳои ғайримаъдани фоиданок |
9 | 2-270131 | Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот |
10 | 2–43010301 | Таъминоти корхонаҳои саноатӣ бо барқ |
11 | 2–570101 | Ҳифзи муҳити зист ва оқилона истифода намудани сарватҳои табиӣ |
12 | 2-250135 | Ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат |
13 | 2-27013118 | Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаи саноати химия |
14 | 2-260203 | Маркетинг |
15 | 2-400101 | Таъмини барономавии технологияи иттилоотӣ |
Таҳсилоти ибтидоии касбӣ | ||
16 | 3-250152 | Ҳисобдор |
17 | 3-25015202 | Хазинадор-назоратчӣ |
18 | 3-510252.01 | Ёрдамчии пармагар ва ҷустуҷӯи пармакунии чоҳ дар соҳаи нафту газ |
19 | 3-360154.04 | Ороиши сангҳои нимқимат ва қиматбаҳо |
Инчунин дар муассиса барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз кор фориғ (бекор), литсейҳо ва коллеҷ қатъи назар аз синну сол, миллат ва маҳали зист дар асоси шартнома курсҳои кутоҳмуддати омӯзишӣ аз рӯи ихтисосҳои топогеодезистҳо ва кори маркшейдерӣ, пармагари пармачоҳҳо, нақбкан, таркишгар, устои осиёби майдакунӣ, устои дастгоҳи ғалберкунӣ ва баҳисобгирии оморӣ дар корхонаҳои саноатӣ мутахассисонро тайёр менамояд.Мувофиқи сохтор коллеҷ дорои 3 факултет: факултети геология, факултети кӯҳкорӣ ва факултети иқтисодиёти саноати кӯҳӣ, 1 шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 1 шуъбаи ғоибона, 10 кафедра: кафедраи истихроҷ ва тоза кардани маъдан, кафедараи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, кафедраи топография ва корҳои маркшейдерӣ, кафедраи геоэкология, кафедраи менеҷменти соҳавӣ, кафедраи иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот, кафедраи фанҳои табиӣ – риёзӣ, кафедраи забонҳо, кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ ва кафедраи системаи иттилоотӣ – географӣ, донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои амалкунандаи коллеҷ таълим дода мешаванд.
Шуъбаи таълим, бахши идоракунии сифати таҳсилот, маркази бақайдгирӣ ва тестӣ, шуъбаҳо ва факултетҳо фаъолияти худро дар асоси Низомномаи коллеҷ, ки дар Шӯрои олимон баррасӣ ва аз тарафи директори таълимгоҳ тасдиқ карда шудаанд, ба роҳ мондаанд. Кафедраҳо фаъолияти худро дар асоси Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2018, №18/36 тасдиқ шудааст, амалӣ менамоянд.
Сардорони шуъбаҳо, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо фаъолияти худро дар асоси Низомномаи коллеҷ, нақшаи корӣ ва дастурамали вазифавӣ амалӣ менамоянд. Пешбурди ҳуҷҷатгузорӣ дар коллеҷ тибқи шохиси ягонаи коргузорӣ дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба дастурамали намунавии коргузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 14.08.2017, №3856 ба роҳ монда шудааст.