Поделиться ссылкой:
КАФЕДРАИ ТОПОГРАФИЯ ВА КОРҳОИ МАРКШЕЙДЕРӣ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ КОЛЛЕҷИ КЎҳИИ БА НОМИ С. ЮСУПОВА
Кафедраи «Топография ва корҳои маркшейдерӣ» яке аз кафедраҳои тахассусии Муассисаи давлатии коллеҷи кўҳии ба номи С. Юсупова мебошад.
Кафедраи «Топография ва корҳои маркшейдерӣ» асосан аз соли 2008 дар самти тайёр кардани мутахассисони таҳсилоти миёнаи касбӣ кор ва фаъолият намуда истодааст.
Дар кафедраи «Топография ва корҳои маркшейдерӣ» Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва нақшаҳои таълимии аз рўи ихтисосҳои 2 – 51 02 01«Истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок (кори маркшейдерӣ)» ва 2 – 56 02 31 «Топография» мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ омодакардашуда аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида мавҷуд аст.
Дар кафедраи «Топография ва корҳои маркшейдерӣ» мувофиқи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурии Тоҷикистон 9-фанни таълимӣ мавҷуд аст.
ҳАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ-УСТОДОНИ
КАФЕДРАИ ТОПОГРАФИЯ ВА КОРҳОИ МАРКШЕЙДЕРӣ
Айни ҳол дар кафедра дар соли таҳсили 2018-2019, 8 – нафар устодони фанҳои тахассусӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин миқдор 6 – нафарашон устодони доимӣ (75%) ва 2 – нафари дигар (25 %) устодони ҳамкор мебошанд.
Аз онҳо:
– муаллими калон – 2- нафар;
– ассистент – 6- нафарро ташкил медиҳанд.
- Бурҳонов Ш.З., Мудири кафедра
- Муродов А.А., – муаллими калон
- Ниёзшоев М.Ю. ,- муаллими калон
- Абдумаликзода Н. ,- ассистент
- Холмирзозода И.У. ,- ассистент
- Катамардов Н.Ш. ,- ассистент
- Мақсуди Х. ,- ассистент
- Наҷибулоҳи Р. ,- ассистент
БУРҳОНОВ ШАРИФБЕК ЗОИРХОНОВИЧ
МУДИРИ КАФЕДРАИ ТОПОГРАФИЯ ВА КОРҳОИ МАРКШЕЙДЕРӣ
Соли таваллуд 02.03.1993, ноҳияи Мир Саид Алии ҳамадонӣ, соли 2011 Донишкадаи кўхӣ – металлургии Тоҷикистон аз рўи ихтисоси «Муҳандиси саноатӣ кўҳӣ» дохил шуда ва соли 2016 хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 2017 то 2019, муаллими фанҳои тахасусии кафедраи “Топография ва корҳои маркшейдерӣ” буд ва аз сани 10 04 2019 дар Муассисаи давлатии коллеҷи кўҳии ба номи С. Юсупова ба ҳайси мудири кафедраи «Топография ва корҳои маркшейдерӣ» кору фаъолият намуда истодааст.
МАЪЛУМОТ ОИДИ САМТИ ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРАИ ТОПОГРАФИЯ ВА КОРҳОИ МАРКШЕЙДЕРӣ ВА ВАЗИФАҲОИ ОН
Самти асосии фаъолияти кафедра тайёр намудани мутахассисони зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рўи ихтисосҳои 2 – 51 02 01 «Истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок (кори маркшейдерӣ)» ва 2 – 56 02 31 «Топография» ба ҳисоб меравад, ки мутахассисони ин соҳа метавонанд барои ҳаллу фасли бисёр масъалаҳои куҳкорӣ вобаста ба самт иҷро намоянд, паст аз хатм ҳамчун мутахассиси техник – топограф ва техник – кўҳкор дар дилхоҳ корхонаҳои истеҳсолӣ ва саноати кўҳӣ, ҷумҳурӣ кору фаъолият намоянд.
КОРҳОИ ТАЪЛИМӢ ВА АМАЛИГАРДОНИИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ҲУҶҶАТГУЗОРИИ КАФЕДРАИ ТОПОГРАФИЯ ВА КОРҳОИ МАРКШЕЙДЕРӣ
Таълим дар кафедра асосан аз рўи ихтисосҳои 2 – 51 02 01«Истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок (кори маркшейдерӣ)» ва 2 – 56 02 31 «Топография» ба роҳ монда шудааст ва дар доираи ин ихтисосҳо кафедра тайёркунии мутахассисонро аз рўи зинаи миёнаи касбии тахасссуси техник – топограф ва техник – маркшейдер ба уҳда дорад.
Мувофиқи нақшаи дар кафедра тасдиқкардашуда матнҳои лексионии устодон дар маҷлисҳои кафедра мунтазам таҳлилу муҳокима гардида, оиди ба талаботҳои забони давлатӣ аҳамияти хоса дода мешавад.
Устодони кафедра раванди таълимро бо машѓулиятҳои лексионӣ, амалӣ, корҳои мустақилонаи донишҷў бо роҳбарии омўзгор (КМРО) мегузаронанд.
ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедра асосан бо забони давлатӣ ва талаботи низомномаи кафедра сурат мегирад.
Ҷаласаю машваратҳо, конференсияҳо, барномаҳои кории таълимӣ, саволномаҳои тестӣ ва ғайраҳо ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда мешаванд.
КОРҳОИ ИЛМӣ – МЕТОДИИ КАФЕДРАИ КАФЕДРАИ ТОПОГРАФИЯ ВА КОРҳОИ МАРКШЕЙДЕРӣ
ҳамаи устодони кафедра мувофиқи нақшаи тасдиқшуда ба иҷроиши корҳои методи ҷалб карда шудаанд. Дар соли таҳсили 2018-2019 мувофиқи нақшаи тасдиқгардида аз тарафи омўзгорони кафедра дастурамалҳои тахассуси барои тасдиқ пешниҳод карда шудааст.
т/р |
Номи мавод, дастур ва ё воситаи таълимӣ
|
Ному насаби муалифон |
Соли нашр |
|
1. | Аз фанни «Геодезия ва корҳои маркшейдерӣ» | Буриев А.Б..
Абдумаликзода Н. |
2017 | |
2. | Аксбардории топографӣ дар корҳои сохтмонӣ | Абдумаликзода Н.
Толиби Т. |
2018 | |
3. | Аксбардории топографӣ дар маҳал | Исломов Х. | 2018 | |
4. | Нивелирронӣ | Бурҳонов Ш.З. | 2018 | |
5. | Корҳои геодезӣ дар саҳро | Абдулфайзов А. У. | 2018 | |
6. | Китоби «Геодезия» | Буриев У.А.
Буриев А.Б.. ҳасанов А.А. Абдумаликзода Н. |
2018 | |
КОРҳОИ ТАРБИЯВӣ ДАР КАФЕДРАИ ТОПОГРАФИЯ ВА КОРҳОИ МАРКШЕЙДЕРӣ
Устодони кафедра ба масъалаҳои тарбиявӣ низ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Ин самти фаъолияти корҳо дар асоси Консепсияи миллии тарбия ба роҳ монда шудааст. Аксарияти устодон роҳбарони гурўҳҳои академӣ мебошанд, ки мувофиқи нақшаҳои тасдиқшуда дарсҳои тарбиявӣ мегузаранд. Корҳои тарбиявӣ мунтазам дар давоми дарсҳои таълимӣ ва берун аз он бо тариқи суҳбатҳои гурўҳию инфиродӣ бо донишҷўён, тарбияи онҳо дар рўҳияи тарзи ҳаёти солим, худшиносиву худогоҳӣ, инсондӯстӣ, ватандўстӣ, донишандӯзӣ гузаронида мешавад.
МУДИРИ КАФЕДРАИ
ТОПОГРАФИЯ ВА КОРҳОИ МАРКШЕЙДЕРӣ БУРҳОНОВ Ш. З.