Кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ

Поделиться ссылкой:

Чорёри ҳаким 29 январи  соли 1991 дар деҳаи Дарғи н. Айнӣ дар оилаи духтӯр ба дунё омадааст. Солҳои 1997 – 2008 мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №5 деҳаи Дарғро бо баҳои хубу аъло ва ахлоқи намунавӣ хатм кардааст. Баъдан соли 2008 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба факултети  фалсафа ихтисоси сиёсатшиносӣ дохил шудааст. Соли 2013 донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси сиёсатшинос –маъмур  хатм намудааст.

Соли 2013 пас аз хатми донишгоҳ ҳуҷатҳояшро  ба Гвардияи миллии Чумҳурии Тоҷикистон супорид ва муддати ду моҳ дар Маркази миллии кадрҳо хонд. Баъди ду моҳи омӯзиш бо фармони фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кисми ҳарбии 051054 ба кор омадааст. Аз соли 2013 то 2015 дар вазифаи ННГ дар “қасри миллат”адои вазифа намудааст. Аз  соли  2016 то 2018 дар МТМУ №91-и ноҳияи Синои ш. Душанбе ба ҳайси омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ кор ва фаъолият намудааст.  Аз  01.09.2018 ба Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова ба вазифаи мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ ба кор омада то ҳол дар ин вазифа фаъолият намуда истодааст.

Рисолаи илмии хешро дар мавзӯи “Бархурди тамаддунҳо” пеш бурда истодааст.

Дастовардҳои илмӣ: 6-мақолаи илмиву оммавӣ ва ҳамчунин 1- дастурамали методӣ.

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «ФАНҳОИ ҷАМЪИЯТШИНОСӣ»

Кафедраи «Фанҳои ҷамъиятшиносӣ» – и Муассисаи давлатии коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова  дар асоси  қарори шӯрои олимони коллеҷ  аз 31. 09. 2018  №1 дар заминаи  кафедраи «Забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ» – и муассисаи мазкур ташкил ёфта, фаъолияти худро аз

  1. 09. 2018 оғоз намуда, тибқи нишондодҳо ва талаботи қонунҳо оид ба маориф, оинномаи коллеҷ, низомномаҳои мавҷудаи кафедра ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ намуда истодааст.

Кафедраи «Фанҳои ҷамъиятшиносӣ» яке аз кафедраҳои умумитаълимии коллеҷ  мебошад. ҳамчун кафедраи фанҳои умумитаълимӣ–ҷамъиятшиносӣ талаботи нақшаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ амалӣ намуда, таълиму тарбия ва тайёрии касбии донишҷӯёнро мувофиқи мақсад, шавқу завқ, қобилияту истеъдодашон дар шароити низоми кредитии таҳсилот таъмин намуда, дар қатори дигар сохторҳои таркибии коллеҷ фаъолияти таълимӣ, илмӣ – методӣ, илмӣ – тадқиқотӣ бурда истодааст.

Дар асоси донишҳои илмии назариявӣ ва амалӣ таълиму тарбияи ҳуқуқӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва зебоишиносӣ ва ғайраи донишҷӯён, соҳиби маълумот гардонидани онҳо аз самтҳои асосии фаъолияти кафедра ба ҳисоб меравад.

 

ҳАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ

ФАНҳОИ ҷАМЪИЯТШИНОСӣ

Аз сентябри соли 2018 то имрӯз дар кафедра ҳамагӣ 15 нафар устодон фаъолият намуда истодаанд, ки аз онҳо:

– номзади илм, дотсент – 1 нафар;

– муаллими калон  – 3 нафар;

– ассистент – 11 нафарро ташкил медиҳанд.

Аз шумораи устодони дар боло зикргардида доимӣ – 13 нафарро ташкил дода, ба сифати ҳамкор 2 – нафар мансуб буда аз қабили устодон ва мутахасисони зерин мунтазам ҷалб карда мешаванд: н.и.т дотсент Шарипов Шоҳмаҳмад,  муаллими калон  Камолов  Фармонқул.

Номгӯи мақолаҳои илмии устодони кафедра:

 

  1. Шарипов Ш. Об проблемаи глобалии ҷаҳони муосир. Душанбе дар масири таърих(маҷмуаи мақолаҳои муаррихон). Душанбе, 2005.

 

  1. Шарипов Ш. Таърихи халқи тоҷик(дастури таълимӣ). Душанбе – 2013.

 

  1. Шарипов Ш. Аз таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон. Нури маърифат. Душанбе – 2015.
  2. Шарипов Ш. К 16 – летию таджикско – китайских отношение. Вестник ТНУ. №44.
  3. Шарипов Ш. Талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар муваффақ шудан ба ваҳдати миллӣ. ҷумҳурият, 2018.
  4. Муродов С. Р., Шафиев О. Н., ҳайдаров А. М. Самаранок истифодабарии об дар соҳаҳои хоҷагии халқ. Маводи Маводҳои конференсияи илмӣ – амалии аспирантон, магистрон ва донишҷӯён таҳти унвони «Илм – асоси рушди инноватсионӣ». қисми 1. Душанбе, 2018. Саҳ. 336-339.

 

  1. Муродов С. Р., Шафиев О. Н., ҳайдаров А. М. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун азимтарин иншооти саноатӣ, гидротехники минтақа. Маводҳои конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Муаммоҳои муосири маҷмӯи саноати кӯҳӣ – метталлургӣ ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон». Бустон, 2018. Саҳ. 93-94.

 

  1. Шафиева М. Н., Шафиев О. Н. Аз таърихи хазинадорӣ дар низоми идоракунии молияи давлатӣ.  Маводҳои конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар инкишофи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Душанбе, 2018. Саҳ. 378-383.

 

  1. Акрамов Ш. А., Шафиев О.Н., Шафиева М. Н. Тавсифи иқтисодӣ ва  истифодабарии  захираҳои  туристию  рекреатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маводи конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба рӯзи байналмилалии забони модарӣ.  Душанбе, 2019. Саҳ. 288-295.

 

  1. Давлатов ҳ. Аҳамияти таърихии иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Газетаи омӯзгор. Душанбе, 2012.

 

  1.  Чорёри ҳаким.  Рушди сайёҳӣ ва нақши он дар ташаккули фарҳанги миллӣ. Маводи конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба рӯзи байналмилалии забони модарӣ. Душанбе, 2019. Саҳ. 384.

 

  1. Чорёри ҳ. Истиқлолият ва ҷонфидоӣ. Маводҳои конференсияи илмӣ – назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Техника ва технология: масъалаҳои асосӣ, дастовардҳо ва навоварӣ». Душанбе, 2018. Саҳ. 186.

 

ФАНҳОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРАИ

ФАНҳОИ ҷАМЪИЯТШИНОСӣ

Кафедра имрӯз асосан   дар  самти  тайёр кардани мутахассисони миёнаи касбии  соҳаи саноати кӯҳӣ саҳми худро гузошта истодааст. Дар кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ аз рӯи 9 номгӯи фанҳои таълимӣ: таърихи халқи тоҷик, сотсиология, фарҳангшиносӣ, ҳуқуқ, диншиносӣ, этика ва эстетика, фалсафа, сиёсатшиносӣ, таърихи умумӣ(баъди синфи 9)  мувофиқи стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии ҷТ аз тарафи устодон машғулиятҳои лексионӣ ва амалӣ гузаронида мешавад. ҳамаи фанҳои номбурда бо барномаҳо ва дигар маводҳои таълимӣ таъмин карда шудааст.

 

КОРҳОИ ИЛМӣ – ТАТқИқОТИИ ОМӯЗГОРОНИ КАФЕДРАИ «ФАНҳОИ ҷАМЪИЯТШИНОСӣ»

Омӯзгорони кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ пайваста ба корҳои илмӣ – тадқиқотӣ машғул буда аз натиҷаи ба даст омадаи корҳои илмӣ ба навиштани мақолаҳои илмиву оммавӣ, дастурамалҳо ва ғайра майл менамоянд.

Мавзӯҳои корҳои илмӣ – тадқиқотии омӯзгорон:

Чорёри ҳаким: «Бархурди тамаддунҳо».

Шафиев Ояҳмад: «Нақши ҳунарҳои мардумӣ дар рушди сайёҳии Тоҷикистон».

Шарипов Шомаҳмад: «Робитаҳои Тоҷикистон бо Чин».

 

ФАЪОЛИЯТИ РОБИТАҳОИ БЕРУНИИ КАФЕДРАИ

ФАНҳОИ ҷАМЪИЯТШИНОСӣ

Кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ  бо чунин муассисаҳои илмӣ донишгоҳу донишкадаҳо  баҳри расидан ба ҳадафҳои илмӣ равобит дорад:

  1. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  2. Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон
  3. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
  4. Донишкадаи соҳибкори ва хизмат
  5. Коллеҷи информатика ва техникаи компютерӣ

6.Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ