Шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ

Поделиться ссылкой:

 

ТАЪРИХИ «ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӣ»

Шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ  мувофиқи фармони директори муассисаи давлатии коллеҷи кўҳии ба номи С. Юсупова аз 1.09.2018с таҳти №90  дар асоси Конститутсия, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»,  низомномаи муассисаҳои таълимӣ ва санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии танзимкунанда дар соҳаи маориф таъсис ёфтааст.

Шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ яке аз ҷузҳои таркибии коллеҷи кўҳии ба номи С. Юсупова ба шумор меравад.

Шуъбаи таҳсилоти  ибтидоии  касбӣ фаъолияти  худро  мустақиман аз 1.09.2018с  оѓоз намуд. Мувофиқи басти вазифаҳо дар Шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ  5 – нафар  корманд;  сардори шуъба, муовини сардор оид ба таълим, муовини сардор оид ба тарбия, самутахасис ва як нафар лабарант кор ва фаъолият менамоянд. Шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбиро Сардори шуъба роҳбари менамояд.

Шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ Коллеҷи кўҳии ба номи С.Юсупова фаъолити  худро аз  рўи  5 самт (5 ихтисос)  ба роҳ мондааст.

Бо  мақсади тайёр намудани кадрҳои  ихтисосманди коргарӣ аз руи самтҳои фаъолияти фоиданок тибқи номгўи касбҳои (ихтисосҳои)

3-250152 “ҳисобдор”- 2сола.,  3-25015202  “Хазинадор – назоратчӣ” –  2сола., 3-510252.01 “Ёрдамчии  пармагар ва ҷустуҷўи  пармакунии  чоҳ  дар  соҳаи  нафту газ”- 2сола, баъди хатми синфи 9.,  ва ихтисосҳои  3-250152  “ҳисобдор”- 1сола.,  3-360154.04 “Ороиши  сангҳои  нимқимат ва  қиматбаҳо”- 1сола.,  баъди хатми синфи 11, ба роҳ монда  аст.

ҲАЙАТИ ОМЎЗГОРОНИ ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӣ

Айни  ҳол дар Шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз сентябри 2018 сол дар маҷмўъ 27 нафар омўзгор фаъолият доранд.

Аз онҳо:

– аълочии маъориф – 5 нафар;

– омузгорони дараҷаи олӣ дошта  –  6 нафар;

– омузгорони дараҷаи  – 2 нафар;

-омўзгорони бедараҷа – 14  нафарро ташкил медиҳанд.

ТЕМУРОВ РАҲМАТУЛЛО МАҲМАДУЛЛОЕВИЧ  (тав. 15.04.1971, ноҳияи Мир Саид Алии ҳамадонӣ), иқтисодчӣ, Аълочии маориф. Хатмкардаи  Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон аз рўи ихтисоси «Иқтисодиёт ба нақшагирии иҷтимоӣ»  (соли хатм 1995) аъзои ( ҳХДТ)Фаъолияти меҳнатиаш дар Нозироти давлатии андоз  аз соли 1995 – 1999 сар шудааст. Аз соли  1999 – 2001 асиссенти кафедраи андоз ва андозбандӣ  Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ , 2001 – 2010 муалими калони кафедраи андоз ва андозбандӣ, аз соли 2010 – 2011 омўзгори кафедраи менеҷменти молиявӣ Донишгоҳи милии Тоҷикистон, аз соли 2011 – 2012 омўзгори кафедраи молияи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон 2012 – 2018 мудири кафедраи иқтисодиёт ва менеҷменти коллеҷи кўҳӣ ба номи С.Юсупова аз соли 2018 то инҷониб Сардори шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошад.

Дар давоми фаъолияти омўзгорӣ аз фанҳои “Асосҳои менеҷмент”, “Асосҳои маркетинг”,” Молия”,  “Андоз ва  андозбандӣ”, “Иқтисоди корхона” ва ѓ.барномаҳои таълимӣ, корӣ ва силлабусҳоро таҳия намудааст, ки дигар омўзгорон аз он баҳра бурда истодаанд.

Ба қалами устод зиёда аз 6-корҳои илмӣ-методӣ нашр шудааст. Ў муаллифи беш аз 12 мақолаи илмӣ оиди мавзўҳои гуногуни иқтисодӣмебошад , инчунин дорандаи сертификатҳо, ки дар курсҳои такмили ихтисос баъд аз супоридани санҷишҳо сазовор гаштааст

Толиби Тоири (тав. 28.02.1994, ноҳияи Муъминобод), аъзои ҳизб (ҳХДТ), ихтисос  муҳандис  сохтмончӣ аз хонадони зиёӣ.  Хатмкардаи донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ (соли хатм 2016).

Фаъолияти меҳнатиаш дар Муассисаи давлатии коллеҷи кўҳии ба номи С.Юсупова  дар  назди Донишкадаи кўҳӣ – металлургии Тоҷикистон сар шудааст:

Сармутахассиси  шуъбаи робитаҳои корҳои хориҷии Муассисаи давлатии коллеҷи кўҳии ба номи С.Юсупова  (2016),   ҷонишини декан оид  ба  тарбияи  факултети кўҳкории муассисаи давлатии коллеҷи кўҳии ба номи С.Юсупова  (2016), мудири кафедраи Топография ва корҳои маркшейдерии  Муассисаи давлатии коллеҷи кўҳии ба номи С.Юсупова (2017)  аз соли 2018 то имрўз муовини сардори шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ оид ба таълими Муассисаи давлатии коллеҷи кўҳии ба номи С.Юсупова мебошад.

Бабиева Ниссо Маҳмадхуҷаевна (соли тав. 11.04.1986) аъзои ҳизб (ҳХДТ), Зодаи ноҳияи Варзоб шаҳраки Такоб. Аз хонадони зиёӣ. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи  Сотим Улуѓзода  (соли 2011)  ихтисос филолог, маълумоти дуюм Коллеҷи кўҳии ба номи С.Юсупова дар назди Донишкадаи кўҳӣ – металлургии Тоҷикистон (2018) ихтисос геолог.

Фаъолияти меҳнатиаш дар Хадамоти назорати давлатии бехатарӣ корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Мутахассиси пешбари кадастери давлатии маводи таркандаи Саридораи назорати давлатии бехатарӣ корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назда ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011 – 2012),  Мутахассиси пешбари кадастери давлатии маводи тарканда ба вазифаи мутахассиси пешбари шуъбаи бахши умумии Дастгоҳи марказӣ (2012 – 2013), Рутбаи тахассусии реоперенти хизмати давлатии дараҷаи 2 дода шуд (2013), Мутахассиси пешбари шуъбаи бахши умумии Дастгоҳи марказӣ (2013), Мутахассиси кадр дар корхонаи ҷДММ «Даврон» (2014 – 2015), Дар корхонаи ТАДЖИК «СГЭМ» ба ҳайси техник (2015 – 2016), Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок ба вазифаи муҳандис оид ба кадрҳо (2016 – 2017), Лабаранти кафедраи Иқтисодиёт ва менеҷменти Коллеҷи кўҳии ба номи С.Юсупова дар назди Донишкадаи кўҳӣ – металлургии Тоҷикистон (2018), аз соли 2018 то имрўз Муовини сардори шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ оид ба тарбияи Муассисаи давлатии коллеҷи кўҳии ба номи С.Юсупова мебошад.

Баёнова Натиҷа Хуҷамуродовна (тав. 04.01.1990,  шаҳри Кулоб), аъзои ҳизб (ҳХДТ), Хатмкардаи Коллеҷи тиббии Шаҳри Кулоб (соли 2010).  Ихтисос ҳамшираи тибби, маълумоти дуюм Донишгоҳи омўзгори ба номи С.Айнӣ ихтисос  Химия ва биология.

Фаъолияти меҳнатиаш дар Беморхонаи шаҳри  Кулоб (2012 – 2013),  омўзгори фанҳои тахассусии Литсей касбӣ хизмат ва туризми шаҳри Душанбе (2016 – 2018), аз соли 2018 то имрўз сармутахассисии шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ  Муассисаи давлатии коллеҷи кўҳии ба номи С.Юсупова мебошад.