Поделиться ссылкой:
Бахши 2-юм таҳти роҳбарияти Муассисаи давлатии коллеҷи кўҳии ба номи С.Юсупова фаъолият мекунад.
Вазифаҳои асосии бахши 2-юм:
Пешбурди кор оиди сафарбаркунии низомӣ, ташкили ҳамкориҳо бо дигар сардорони воҳидҳои сохторӣ, ҳуҷҷатҳои нақшаи сафарбаркунӣ оиди раванди таълим ва татбиқи илмӣ-тадқиқотии корҳои мудофиавӣ:
- ҷудо намудани қувваҳои захиравии ҳарбӣ, мутобиқи талаботи дастурамали хизмати ҳарбӣ барои дар як давра ҷалб намудани қувваҳои захиравӣ дар ҳолатҳои сафарбаркунии ҳарбӣ;
- пешбурди кори бақайдгирии зарурӣ ва пешниҳоди ҳисобот оид ба омодагии сафарбаркунӣ.
Дар раванди иҷрои чорабиниҳо оиди бақайдгирии ҳарбӣ, бахш вазифаҳои зеринро ба зимма дорад:
- санҷиши мавҷудияти ҳуҷҷатҳои ҳарбии кормандони нав ба коромада, дар қайди ҳарбӣ будан ва ба расмият даровардани қайди ҷои истиқомат дар ш.Душанбе ё ин ки дар ноҳияи Фирдавсӣ , н. Рўдакӣ, ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода, Ваҳдат;
- фавран ба комиссариатҳои ҳарбӣ равона намудани шахсони таъминнабуда бо ҳуҷҷатҳои ҳарбӣ ва ё дар қайди ҳарбӣ набуда, барои дастрасии ҳуҷҷатҳои дахлдор;
- тафтишот оиди он ки ўҳдадорандагони ҳарбӣ ва даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ дар муддати 7 рўз аз тағйиротҳои воридшуда сохторҳои бақайдгириро, ки онҳо дар қайд истодаанд, огоҳ созанд;
- на кам аз як маротиба дар як сол муқоиса намудани варақаи шахсии ўҳдадорандагони ҳарбӣ бо билети ҳарбии онҳо ва қайд намудани ин нишондод дар тарафи пеши варақаи шахсӣ;
- нунтазам гузаронидани корҳои васеъи фармондадиҳӣ байни ўҳдадорандагони ҳарбӣ ва даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ, оиди саркашӣ намудани онҳо аз риояи қонуни ҷТ дар бораи ўҳдадориҳои умумии ҳарбӣ.
- пешниҳоди ҳамасолаи рўйхати ҷавонони синну соли мувофиқ ба даъвати ҳарбидошта ба комиссариятҳои ҳарбии ноҳиявӣ дар давраҳои муайян.
- пешниҳоди саривақтии маълумот ба комиссариятҳои ҳарбии ноҳиявии ҷои истиқомат, оиди даъватшавандагони аз Коллеҷ хориҷшуда, дар рухсатии академи буда, дар курсашон монондашуда , ба шуъбаи ғоибона интиқолшуда ва инчунин маҳрумшудагон аз ҳуқуқи озод будан аз даъвати ҳарбӣ бо дигар сабабҳо ва инчунин оиди барқарор шудани онҳо ба сафи донишҷўён ва бозгашти онҳо аз рухсатии академӣ.
- ҳамасола моҳҳои октиябр – ноябр ба даъватшавандагони бо сабаби давом додани таҳсил аз даъвати ҳарбӣ озодбуда, додани маълумотномаи шакли 26.
ҳАЙАТИ КОРМАНДОНИ БАХШИ 2-ЮМ
Айни ҳол дар бахши 2-юм дар маҷмўъ 3 нафар фаъолият доранд.
Аз онҳо:
- Сардори бахш Шамсова Р. И.
- Сармутахассис Бунафшаи Б.
- Нозири бақайдгири шиноснома Каттахонов Ф.М.