Кафедраи фанҳои табиӣ-риёзӣ

Поделиться ссылкой:

Маълумот оид ба кафедраи «Фанҳои табиӣ – риёзӣ»

Кафедраи «Фанҳои табиӣ – риёзӣ»  аз рўзи таъсисёбии коллеҷ, яъне аз соли 2008 бо номи кафедраи «Математикаи олӣ ва информатика» ташкил дода шудааст. То соли 2012 кафедра бо номи «Математикаи олӣ ва фанҳои умумитехникӣ» ва аз соли 2016 бо номи «Фанҳои табиӣ – риёзӣ»  фаъолият намуда истодааст. Кафедра то охири соли 2018 ҳамчун кафедраи умумиколеҷӣ фаъолият менамуд. Аз моҳи январи соли 2019 ба тобеияти факултаи «Иқтисодиёти саноати кўҳӣ» гузаронида шуд.

Инсоният дар тўли таърихи бисёрҳазорсолаи хеш ба ҷамъоварӣ ва аз бар намудани дониш, ки сарвати бебаҳотарини рўи Замин аст, кўшишҳои зиёде ба харҷ додааст. Яке аз қисматҳои муҳимтарини ин сарвати беназир табиатшиносӣ мебошад.

ҳамаи ҷабҳаҳои илмӣ муосири иқтисодӣ дар марҳилаи ҳозираи тараққиёташ ба татбиқи илмҳои табиатшиносӣ ниёз дорад. Боэътимодии тадқиқотҳои илмӣ ва ояндабинӣ аз дараҷаи истифодаи дастовардҳои илмҳои табиатшиносӣ, алалхусус илмҳои биология, физика, химия, нуҷум ва консепсияҳои табиатшиносии муосир зич вобастагӣ дорад.

Дар замони муосир фанҳои табиию риёзӣ дар ҳамаи соҳаҳои саноати кўҳӣ истифода мешавад. Имрўзҳо пешравии илми муосирро беистифода аз фанҳои табиию риёзӣ тасаввур кардан ѓайриимкон аст. Таърихи инкишофи табиатшиносӣ бо таърихи ҷамъият робитаи зич дорад, зеро ба ҳар як давра ва марҳилаи таърихи инсоният, ба ҳар як навъ ва дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ва техника давраи ба худ хоси табиатшиносӣ мувофиқ меояд. Агар ба таърихи инкишофи табиатшиносӣ бори дигар назар андозем, дида мешавад, ки дар ҳама давру замон вай яке аз воситаҳои асосии пешрафти ҷомеа ҳисобида мешавад. Кашфиётҳои илмӣ ва татбиқи амалии онҳо ба тақдиру сарнавишти инсон таъсири беандоза калон дорад. Кашфи қонунҳои механика дар асри 17 ва сохта шудани мошину механизмҳо, кашфи мавҷҳои электромагнитӣ дар асри 19 ва бунёди электротехника, радиотехника ва радиоэлектроника, пешниҳоди назарияи ядрои атом дар асри 20 ва истифодаи энергияи атом, кашфи асрори ирсият дар нимаи дуюми асри 20 ва бунёди муҳандисии генетикӣ ва ин гуна мисолҳоро бисёр овардан мумкин аст. Хулоса, ҳаёти имрўзаи инсонро бе истифода аз дастовардҳои илму техника тасаввур кардан ѓайриимкон аст.

  1. Таъминоти кадрӣ

Айни замон дар кафедра 9 – нафар устодон кор ва фаъолият намуда истодаанд, ки аз онҳо як нафарашон ба тариқи ҳамкор (11,1%) ва 8 нафар (88,9%) кормандони доимии муассиса мебошанд. ҳамаи устодон дорои маълумоти олӣ буда, 3 нафар аълочии маориф ва илми ҷТ, ду нафар аспирант, як нафар унвонҷў ва ду нафар магистрант мебошанд.

  1. Муҳаммадиев Нозир Назарович – муаллими калон, мудири кафедра.
  2. Бандишоев Шервоншоҳ Укуматшоевич – муаллими калон, сардори шўъбаи таълим.
  3. ҷумаев Эҳсониддин Исломович – муаллими калон, сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот.
  4. Сафаров Сарабек Рустамович – ассистент, сардори маркази тестӣ.
  5. Сулаймонов Акрам Адҳамович – муаллими калон.
  6. Воҳидов Маҳмадулло Маҳмадиевич – ассистент.
  7. қосимв Акбарҷон Миралиевич – омўзгор.
  8. қурбонова Ватангул Сироҷиддинхоновна – омўзгор.
  9. Ўлмасова Сабринахон Ботирқўзиевна – омўзгор

 

  1. Фаъолияти кафедра 
  2. Кафедраи «Фанхои табиӣ – риёзӣ»-и Муассисаи давлатии Коллеҷи кўҳии ба номи Сороҷон Юсупова  кору фаъолияти худро  дар асоси муқаррарот ва талаботҳои қонунхои ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба маориф», «дар браи тахсилоти миёнаи касби», «Низомномаи намунавии муассисаи таълимии тахсилоти миёнаи касбии ҷТ», «Стандарти давлатии тахсилоти миёнаи касбии ҷТ», Оиннома ва низомномаи коллеҷ ва инчунин  мувофиқи нақшаи кории тасдиқшудаи кафедра ба роҳ мондааст. Самти асосии фаъолияти кафедра  ин дар сатҳи баланд гузаронидани дарсҳо аз фанҳои ба он вобастакардашуда (алгебра, геометрия, физика ва технологияи информатьсионӣ дар гурўҳҳои баъди хатми синфи 9) инчунин (назарияи эҳтимолият ва омори математикӣ, матматикаи олӣ, консепсияи табиатшиносии муосир ва технологияи информатсионӣ дар гурўҳҳои баъди хатми синфи 11) ва аз рўи фанҳои ба кафедра тааллуқдошта  ташкилу амалӣ гардонидани корҳои таълимӣ, методӣ, тарбиявӣ ва  дар байни донишҷўён  тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва такмил додани тахассуси онҳо мебошад. Зеро тараққиёти имрўзаро бе фанҳои табиию риёзӣ тасаввур кардан номумкин аст. Мувофиқи нақшаҳои таълимӣ фанни технологияи информатсионӣ дар ҳамаи ихтисосҳо ва дигар фанҳо бошанд вобаста ба самтҳо дар гурўҳҳои алоҳида гузаронида мешаванд. Вазифаи асосии  кафедра аз рўи фанҳои ба кафедра тааллуқдошта  ташкилу амалӣ гардонидани корҳои таълимӣ,  илмию методӣ, тарбиявӣ ва  дар замири донишҷўён бедор намудани хисси худшиносии миллӣ, азхуд намудани донишхои наву замонанавӣ, масъулияшиносӣ ва ифтихор аз пешаи интихобнамудаи худ,  тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва такмил додани дарачаи тахассусии онҳо мебошад.
  3. Тибқи  нақшаҳои  таълимии  коллеҷ  дар соли  таҳсили 2018-2019  дар кафедра  аз рўи ихтисосҳои  мавҷудбудаи шуъбаи  рўзона  дар  маҷмуъ  2688 соат  дарсҳо  аз фанҳои номбаршуда ҷудо карда  шудааст ва дар  шуъбаи  ѓоибона  бошад 276 соат  ҷудо  гардидааст. Дар умум  2964 соат  дарсхо дар кафедра ҷудо карда  шудааст, ки ба сарбории устодон  пурра  тақсим карда  шудаанд. ҳамаи   соатҳои  зикргардида мувофиқи  сарбориҳои устодон  ба 9-нафар  тақсим карда шудаанд.            Ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедра асосан бо забони давлатӣ  сурат  гирифта, устодони кафедра вазифадоранд, ки раванди иҷроиши қонуни ҷТ дар бораи “Забони давлатӣ” – ро  сармашқи кори худ намуда  дар рафти машѓулиятҳо ва ҳуҷҷатгузориҳояшон ба камбудиҳо роҳ надиҳанд. Ҷаласаю машваратҳо, конференсияҳо, барномаҳои кории таълимӣ, саволномаҳои тестӣ ва ғайраҳо ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда мешаванд.

  1. Корҳои таълимӣ, илмӣ – методӣ

Ду нафар устодони кафедра аспирант, як нафар унвонҷў ва ду нафар магистрант мебошанд.

  1. Сафаров С. Р.–аспиранти соли чоруми Донишгоҳи молия ва иқтисоди Точикистон.
  2. Воҳидов М. М.–аспиранти соли сеюми Донишгоҳи молия ва иқтисоди  Точикистон.
  3. Бандишоев Ш. У. – унвонҷўйи Донишкадаи давлатии збонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуѓзода.
  4. қосимов А. М. – магистранти соли дуюми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон.
  5. Ўлмасова С. Б. – магистранти соли дуюми Донишгоҳи молия ва иқтисоди Точикистон.
  6. Устодони кафедра кўшиш намуда истоодаанд, ки маводҳои методӣ ва дастурҳои таълимӣ аз фанҳои дарсӣ омода ва чоп намоянд.     Устод Бандишоев Ш. У. соли 2013 дар ин замина бо ҳаммуалифии устодони худ аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Мавлоназаров С. С. ва Ѓуломсафдаров А. Ѓ. матни лексияҳоро аз фанни технологияи информатсионӣ чоп намуданд.Устодон ҷумаев Э. И. ва Муҳаммадиев Н. Н. дастури методӣ барои иҷрои корҳои мустақилона аз фанни консепсияи табиатшиносии муосир барои чоп намудан омода намуданд инчунин ҷамъоварии масъалаҳо  ва омода намудани дастурамал  аз фанни физикаро оѓоз намуданд.  Устод Бандишоев Ш. У. “Маҷмўаи масъалаҳоро аз фанни математикаи олӣ” барои чоп омода намуданд.

    Мақолаи мудири кафедра бо номи “Аз дигаргуниҳо  набояд тарсид” дар  нашрияи омўзгор (№ 46 аз 15.11.2018)  чоп  гардидааст ва маводи дигар бо таҳти унвони Тарзи ҳисоб намудани амали зарб дар замонҳои пешин” барои чоп супорида шудааст.   Мақолаҳои устод Воҳидов М. бо номи «Дурнамои ММД  ва воридоти андоз дар асоси моделҳои иқтисодӣ – математикӣ» ва «Ташаккул ва интихоби муфиди низоми андоз ҳамчун шароити такмили идоракунии гаронии андоз дар корхонаҳои хурд» дар маводҳои конференсияи идмӣ – амалии ҷумҳуриявии «Нақши технологияҳои иттилоотӣ дар такмили идоракунии давлатии иқтисодиёт» – ш. Душанбе 29. 11. 2018 ба чоп расиданд.  Мақолаҳои устод қосимов А.  бо  номи      “Масъалаҳои  глобалии хоҷагии ҷаҳонӣ ва моҷароҳои рақобатпазир” ва “Самтҳои асосии татбиқи раѓбати иқтисодиёти берунаи ҷТ дар алоқамандӣ бо хоҷагии ҷаҳонӣ” дар маводҳои конференсионии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба чоп расиданд.

    Устодони ҷавони кафедра магистранти Донишгоҳи молия ва иқтисоди ҷумҳурии Тоҷикистон Ўлмасова С. ва қурбонова В. бошанд дар пайи ҷустучўи маводҳо ва чоп намудани мақолаҳо аз фанни технологияи информатсионӣ қарор доранд.

    Инчунин дар назди кафедра маҳфили донишҷўён бо номи “Барномасози ҷавон” фаъолият менамояд, ки роҳбарии онро устод Воҳидов М. бар ўҳда дорад. Аъзоёни маҳфил донишҷўён буда дар ҷамъомадҳо фаъолона иштирок менамоянд. Аз ҷумласоли таҳсили равон дар моҳи октябр дар мавзўи “Тоҷикистон – ташаббускори ҳалли масоили об дар арсаи байналмилалӣ”, дар моҳи ноябр бошад ҳафтаи фаннӣ аз фанни технологияи информатсионӣ ва мизи мудаввар дар мавзўи “Шабакаҳои иҷтимоӣ” ва дар моҳи феврал таҳти унвони “Табиатшиносӣ ва ояндаи тамаддун” маҳфили илмии донишҷўён гузаронида шуданд.