Шурои олимон

Поделиться ссылкой:

САИДОШУРОВА

ДАВЛАТХОНИМ

ЛУКМОНШОЕВНА

Аълочии маорифи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумоташ олӣ, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик, унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии забонҳо ба номи С. Улуғзода

 

КОТИБИ ШУРОИ ОЛИМОНИ КОЛЛЕҶ

Фаъолияти Шӯрои олимони Муассисаи давлатии коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон

Шӯрои олимони коллеҷ мақоми асосии идоракунии коллеҷ ба ҳисоб рафта, ба ҳайати он директор –раиси Шӯро, ҷонишинони директор, деканони факултетҳо, мудирони кафедра ва шуъбаҳо, мудири китобхона, ҳайати профессорону номзадони илм, аз ҷумла 1 нафар доктори илм, профессор, 1 нафар дотсент ва 4 нафар номзади илм шомил гардиданд.

Фаъолияти Шӯрои олимони коллеҷ тибқи талаботи Низомномаи Шӯрои олимони коллеҷ, ки дар асоси Низомномаи Шӯрои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ (бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.09.2007, №18/15 тасдиқ гардидааст) ва нақшаи кории Шӯрои олимон таҳия гиридааст, бо мақсдаи  амалӣ намудани вазифаҳое, ки дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», амру фармон ва қарорҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кумитаю идораҳои дахлдор ҷиҳати таъмини сифати баланди корҳои таълимӣ–тарбиявӣ, такмил додани сифати таълиму тарбия вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва дурнамои инкишофи иқтисодиёти ҷумҳурӣ тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба роҳ монда шудааст.

ҷаласаҳои Шӯрои олимон тибқи нақшаи тасдиқгардида моҳе як маротиба гузаронида шуда, дар мавридҳои зарурӣ аъзоёни Шӯро даъват шуда, ҷаласаи ғайринавбатӣ гузаронида мешавад.

Дар Шӯрои олимон, асосан, масъалаҳои гуногуни илмӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, масъалаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ, методӣ, молиявӣ, хоҷагидорӣ, ҳолати иҷрои қарорҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  фармоиш ва дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илм ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба миён гузошта шуда, ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, аз ҷумла ҷонишинони директор, деканони факултаҳо, мудирони кафедра ва шуъбаҳои қисмҳои таълимӣ, тарбиявӣ, молиявӣ ва хоҷагидорӣ шунида шуда, ҳамзамон, масъалаҳои ташкили раванди таълим, пешбарӣ намудани номзадҳо ба идрорпулӣ аз ҳисоби донишҷӯёни пешқадаму фаъол, ҷамъбасти фаъолияти молиявӣ-хоҷагидорӣ, аз курси такмили ихтисос гузаштани кормандону омӯзгорон, тасдиқи низомномаҳо, нақшаҳои кории таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, муҳокима ва тасдиқи натиҷаи қабули довталабон ва хатми мутахассисон, ташкил намудани механизми таълими пулакӣ, маҳфилҳо, ҳавасмандкунӣ ва ҷазо, вазъи компютеркунонии муассиса, инчунин дар ҳолатҳои зарурӣ масъалаҳои ба вазифаи ишғолкарда мувофиқат намудани кормандони алоҳидаи муассисаи таълимӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, бо назардошти афзалияти овозҳо қарор қабул карда мешавад.

қарорҳои қабулгардидаи Шӯро бо фармоиши директор амалӣ гардонида шуда, нусхаи он ба аъзоёни Шӯро барои иҷрои саривақтӣ расонида мешавад.

Аз натиҷаи иҷрои қарорҳои қабулгардидаи Шӯро аз тарафи котиби Шӯро назорат бурда шуда, натиҷаи он дар ҷаласаи баъдии Шӯро, дар ду моҳ як маротиба муҳокима карда мешаванд.