Поделиться ссылкой:
ҷоналоева Тахмина Сайфуллоевна
Сардори шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ робита бо чомеъа ва кор бо ҷавонон
Маълумот олӣ : хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
ФАЪОЛИЯТИ БАХШИ КОР БО ҷАВОНОН
ҷавонон ояндаи миллат, нерўи созандаи ватан мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон |
ҷавонон ояндаи миллату давлат буда, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд. Ин аст, ки имрўз ҷавонони тоҷик дар ҳамаи зинаю самтҳо пешсаф буда, дар пешрафти Ватани азизамон ҳиссагузор мебошанд.
Кормандони бахши ҷавонони коллеҷ низ фаъолияти худро бо назардошти талаботи ҳукумати мамлакат, ҳамзамон иҷрои барномаҳои давлатӣ дар самти ҷавонон ва дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбияи ҷавонон ва супоришҳои бевоситаи роҳбарияти коллеҷ ба роҳ мондааст.
қайд бояд намуд, ки тамоми намуди фаъолият дар шуъба тибқи нақшаи тасдиқгардида ба роҳ монда шуда, баҳри тарбияи дурусти ҷавонони коллеҷ аз тамоми икониятҳо истифода бурда мешавад.
Хушбахтона, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёмҳои худ доир ба ҷавонон махсус қайд намуда, дар баромади имсолаи худ низ боз ҳам ҷавононро мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз ном бурда, нақши арзишманди онҳоро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар, эътимоди комил доштани ҳукумат ба онҳо ва қадрдонӣ ва дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат зикр намуданд, ки ин гуфтаҳо моро боз ҳам руҳбаланд намуда, дар навбати худ вазифадор менамояд, ки дар ҷавоби ѓамхориҳои ҳукумати мамлакат бо ҳисси баланди ватандўстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ саҳми назарраси хешро дар пешрафту гулгулшукуфоии Ватани маҳбубамон гузорем.
Инчунин, сарвари давлат боз ҳам бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардинани авзои сиёсии сайёраро қайд намуда, торафт шиддат гирифтани кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ, ки ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард мекашонад бо истифодаи неруи ҷавонон амалӣ гардонидани нақшаи бадхоҳонро махсус қайд намуданд.
Мавҷудияти ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонон ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодиро Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол номида, бинобар ин моро ҳамеша таъкид бар он менамоянд, мо – ҷавонон, бояд зиракию ҳушёриро аз даст надода, фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагашта, ҳамеша чолоку закӣ ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошем.
Дар ҳакиқат, боиси таассуф аст, ки имрўз ҳастанд ҷавононе, ки бо сабабҳои гуногуни иҷтимоӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил шуда, рафтору кирдорҳои ѓайриинсонӣ менамоянд. Ин гуна ҷавонон баҳри пешрафти давлату миллат таҳдиду хатар оварда, бо ин рафторашон метавонанд дигар ҷавононро низ гумроҳ намоянд. Бо назардошти ин хатарҳо ва таъкидҳои пайвастаи ҳукумати мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва шомил нашудани ҷавонони коллеҷ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо бахши ҷавонон баҳри пешгирии ин амалҳои номатлуб дар муассиса ҳар гуна чорабиниҳоро ба роҳ монда, тавассусти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва гузаронидани мизҳои мудаввар, семинарҳои гуногун, инчунин, бо роҳи ҳамкориҳо намудан бо мақомоту идораҳои дахлдор ҷавононро барои омўзиши илм ва забонҳои хориҷӣ ва аз худ намудани касбу ҳунар талқин менамояд.
Иштироки ҷавонони коллеҷ дар чорабиниҳои гуногуни дохили коллеҷ ва берун аз он