Поделиться ссылкой:
МАРКАЗИ БАҚАЙДГИРӢ ВА МАШВАРТ
САРДОР: *РАҲМАТУЛЛОИ ҒУЛОМҚОДИР
Аз 02 январи соли 2019 дар вазифаи сардори маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ дар Муассисаи давлатии коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон кор мекунад.
Соли таваллуд: 24 октябри соли 1994
Ҷойи таваллуд: ноҳияи Темурмалик
Миллат: тоҷик
Маълумот: олӣ
Соли 2015 Муассисаи давлатии коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистонро бо ихтисоси техник – технолог хатм кардааст, соли 2015 ба факултети геологияи Донишгоҳи милли Тоҷикистон дохил шуда онро соли 2019 аз рӯи ихтисоси 25010711 “Иқтисод ва идора дар корхонаҳои саноати кӯҳӣ хатм мекунад.
*Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳо | Вазифа |
Солҳои 2012-2015 | Донишҷӯи Муассисаи давлатии коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон |
Солҳои 2015-2016 | Ба ҳайси лаборанти кафпедраи “Геологияи нафту газ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок” |
Солҳои 2016-2017 | Омӯзгори фанҳои тахассусии кафедраи “Геологияи нафту газ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок” |
Аз 01.09.2017 то 31.12.2018 | Ҷонишини декани факултети геология оид ба таълим |
Аз 02.01.2019 то ин ҷониб | Сардори маркази бақайдгирӣ ва машвартӣ дар Муассисаи давлатии коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон |
Маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ воҳиди сохтории шуъбаи таълими коллеҷ буда, оид ба ташкил ва татбиқи сиёсати муассиса дар самти коркард ва таъминоти маҷмўи саволномаҳои тестӣ барои қабули донишҷўён, имтиҳонҳои ҷорӣ, сифати таҳсилот ва назорати он ба ҳисоб меравад.
Маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ фаъолияти худро бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои тайёр кардани мутахассисон, ворид кардани усулҳои муосири қабули тестҳоро дар коллеҷ ба роҳ мемонад.
Маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ ҳангоми иҷрои вазифа ва ўҳдадориҳои бар зимма доштааш ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, Оиннома ва қоидаҳои тартиботи дохилии коллеҷ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки раванди таълимро ба танзим медарорад, такя мекунад.
Вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ
Фаъолияти маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ барои ҳалли масъалаҳои зерин равона гардидааст:
– ташкили захираҳои пойгоҳи маҷмўи саволномаҳои тестӣ барои татбиқи мониторинги раванди таълим тавассути қабули имтиҳонҳои ҷорӣ;
– такмили маҷмўи саволномаҳои тестӣ ва қабули имтиҳонҳо бо усули тестӣ тавассути технологияи иттилоотӣ ва иртиботӣ;
– истифодаи усулҳои методии муосир барои омодагӣ ва баргузории имтиҳони тестӣ тавассути технологияи иттилоотӣ ва иртиботӣ;
– гузаронидани семинару конференсияҳо барои омўзгорон вобаста ба мушкилоти рўзмарраи қабули имтиҳонҳои тестӣ тавассути технологияи иттилоотӣ ва иртиботӣ;
– ташкили таълим ва машварат оид ба раванди гузаронидани имтиҳонҳо бо усули тестӣ бо истифода аз технологияи иттилоотӣ – иртиботӣ, мураттаб сохтани намудҳои гуногуни мисолу масъалаҳои тестӣ;
– татбиқи низоми тестӣ дар коллеҷ ;
– омодасозии маводи дастурӣ ва методӣ барои гузаронидани имтиҳонҳо бо усули тестӣ бо истифода аз технологияи иттилоотӣ-иртиботӣ;
– ташкили чорабиниҳо оид ба нақшаи кори низоми тестӣ дар муассиса: машѓулиятҳои дарсӣ, машварат, конференсия, семинарҳо, курсҳо, табодули таҷриба ва амсоли ин;
– татбиқи қабули имтиҳонҳо бо усули тести электронӣ дар раванди таълим бо мақсади назорати дохилии дониши донишҷўён (ниҳоӣ) ва назорати берунӣ (назорати ниҳоӣ);
– таъсиси пойгоҳи саволномаҳои тестӣ;
– таъмини дастрасии ягона ба ҳама гуна захираҳои маълумот оид ба тестҳо;
– таъмини маводи илмӣ-методӣ вобаста ба қабул ва омадасозии тест дар коллеҷ;
– расонидани ёрии методӣ ба омўзгорон ҷиҳати коркарди низоми баҳогузории воқеии дониши донишҷўён оид ба қабули тестӣ;
– коркарди нақшаи чорабиниҳо оид ба баҳогузории сифати омодасозии мутахассисон;
– гузаронидани таҳлили фаннии натиҷаи имтиҳонҳои даврӣ ва ҷамъбастии донишҷўён;
– мураттабсозии лоиҳаи ҳисоботи ҳарсола;
– таъсиси пойгоҳи маълумот барои таъмини мониторинги сифати таълим ва идоракунии сохторҳои коллеҷ;
– ҳангоми зарурат маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ супоришҳои дигари маъмурият вобаста ба самти фаъолияташ иҷро менамояд.
Дар маркази бақайдгирӣ ва машваратии коллеҷ кормандони зерин кору фаъолият мекунанд:
1.Раҳматуллои Ғ. – сардор
- Ҷовиди Сайдуллозода – мутахассиси пешбар
- Каримова М. – офис бақайдгиранда