Кафедраи геоэкология

Поделиться ссылкой:

 

КАФЕДРАИ ГЕОЭКОЛОГИЯ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ КОЛЛЕҶИ КУҲИИ БА НОМИ С. ЮСУПОВА

ЗАМИН ҶОЙИ ЗИТИ ТАМОМИ МАВҶУДОТИ ЗИНДА МЕБОШАД

ҳифзи муҳити  зист – системаи чорабиниҳои давлатӣ ва ҷамъиятии дорои хусусияти ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, технологӣ, маърифатӣ ва байналмилалӣ, ки ба таъмини ҳамоҳангии муносибати мутақобилаи ҷамъият  ва табиат дар асоси ҳифз ва барқарорсозии муҳити табиӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, беҳтар намудани сифати муҳити зисти инсон, пешгирӣ ва рафъи таъсири манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист ва бартараф намудани оқибатҳои он равона гардидаанд.

«Тоҷикистон алҳақ як неъмати худодот, як мӯъҷизаи табиат, як порчаи замини биҳишти рӯи замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем, месазад, ки  шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем ва ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигоҳ дорем ва аз ин беҳтару хубтар ба наслҳои ояндаамон ба мерос монем»       

                                                                           Эмомалӣ Раҳмон

Кафедраи  «Геоэкология» яке аз кафедраҳои  тахассусии Муассисаи давлатии коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова мебошад.

Кафедраи «Геоэкология» асосан аз соли 2008 дар  самти  тайёр кардани мутахассисони таҳсилоти миёнаи касбӣ  кор ва фаъолият намуда истодааст.

Дар кафедраи «Геоэкология» Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва нақшаҳои  таълимии аз рӯи ихтисосҳои 2 – 57 01 01  «ҳифзи муҳити зист ва оқилона истифода намудани сарватҳои табиӣ» ва  2 – 57 01 01 01  «Экологияи саноатӣ ва истифодаи оқилонаи  сарватҳои табиӣ» мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ  омодакардашуда аз ҷониби Вазорати  маориф  ва илми  Ҷумҳурии  Тоҷикистон тасдиқ гардида мавҷуд аст.

Дар кафедраи «Геоэкология» мувофиқи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-фанни таълимӣ мавҷуд аст.

ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ-УСТОДОНИ

КАФЕДРАИ ГЕОЭКОЛОГИЯ

Айни ҳол дар кафедра дар соли таҳсили 2018-2019,  16 – нафар устодони  фанҳои тахассусӣ  фаъолият  менамоянд, ки аз ин миқдор 13 – нафарашон  устодони доимӣ  (81,25%)  ва  3 – нафари дигар (18,75 %)  устодони  ҳамкор мебошанд.

Аз онҳо:

-доктори илм, профессор –

– номзади илм, дотсент –

– муаллими калон – 5- нафар;

– ассистент – 11- нафарро ташкил медиҳанд.

  1. Муродов С. Р. Муаллими калон мудири кафедра
  2. Наматова М., – муаллими калон
  3. Бобоев О. ,- ассистент
  4. Бобоев ҷ. ,- ассистент
  5. Маҷидов Х. ,- ассистент
  6. Халифаев Ф. ,- ассистент
  7. Ѓаффоров С. ,- ассистент
  8. Сафаров Ф. ,- ассистент
  9. Шафиев О. ,- ассистент
  10. Ошимова З. ,- ассистент
  11. Файзалиева Ш. ,- ассистент
  12. Норова Ф. ,- ассистент
  13. Юсупов М. ,- ассистент
  14. Бобозода С. О. – муаллими калон
  15. Восиев М. – муаллими калон
  16. ҳайдаров А. – муаллими калон              

МУРОДОВ САЙДАЛӣ РАҲМОНОВИЧ

МУДИРИ КАФЕДРАИ ГЕОЭКОЛОГИЯ

Соли таваллуд 10.02.1987, ноҳияи Мир Саид Алии ҳамадонӣ, соли 2010 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб  ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро аз рӯи ихтисоси «География ва биология» ва соли 2013 аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиаш аз соли  2009 то 2010, муаллими фанҳоии география ва бологияи  мактаби миёнаи умумии № 54 ноҳияи ҳамадонӣ, аз соли 2010 то 2011, омӯзгори фанҳои географияи сайёҳӣ, биология ва экологияи Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе ва аз соли 2011 то  ҳол дар Муассисаи давлатии коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова ба ҳайси мудири кафедраи «Геоэкология»  кору фаъолият намуда истодааст.  Зиёда аз 10 – мақола ва дастурҳои методии ӯ ба табъ расидаанд.

МАЪЛУМОТ ОИДИ САМТИ ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРАИ ГЕОЭКОЛОГИЯ  ВА ВАЗИФАҲОИ ОН

Самти асосии фаъолияти кафедра тайёр намудани мутахассисони  зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи ихтисосҳои  2 – 57 01 01 01 «Экологияи саноатӣ  ва  истифодаи оқилонаи  сарватҳои  табиӣ»   ва  2 – 57 01 01 «ҳифзи муҳити зист ва оқилона истифода намудани сарватҳои табиӣ» ба ҳисоб меравад, ки  мутахассисони ин соҳа метавонанд барои  ҳаллу фасли бисёр масъалаҳои экологӣ вобаста ба таъмиру барқарорсозии иншоотҳои партовнигоҳдорӣ  ва такроран  истифодабарии партовҳо  ҳамчун  ашёи  хоми истеҳсолӣ, истифодабарии таҷҳизоту технологияҳои нав барои пешгирӣ ва безараргардонии моддаҳои заҳрноки кимиёвӣ, ҳифзи муҳити зист ва  истифодаи  самараноки  сарватҳои  табиӣ, паст кардани хавфи  таъсири  антропогенӣ  ба муҳити  зист  ҳамчун мутахассиси   техник – технолог дар дилхоҳ корхонаҳои истеҳсолӣ  ва саноати кӯҳӣ, шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳо, шаҳрҳо, вилоятҳо  ва  дигар мақомоти вобастаи  ҷумҳурӣ  кору фаъолият   намоянд.

КОРҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА АМАЛИГАРДОНИИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ҲУҶҶАТГУЗОРИИ КАФЕДРАИ ГЕОЭКОЛОГИЯ

Таълим дар кафедра асосан аз рӯи ихтисосҳои  2 – 57 01 01 01 «Экологияи саноатӣ  ва  истифодаи оқилонаи  сарватҳои  табиӣ» ва  2 – 57 01 01 «ҳифзи муҳити зист ва оқилона истифода намудани сарватҳои табиӣ»  ба роҳ монда шудааст  ва дар доираи ин ихтисосҳо  кафедра тайёркунии  мутахассисонро  аз рӯи  зинаи миёнаи  касбии тахасссуси техник-технолог  ба уҳда дорад.

Фаъолияти  таълимии   устодони  кафедра мувофиқи нақшаҳои таълимӣ аз чунин фанҳои таълимӣ ба роҳ монда шудааст:

Номгӯи фанҳо Эзоҳ
1. Асосҳои назарияи ҳифзи муҳити зист. Идоракунии ҳифзи муҳити зист
2. Ландшафтшиносӣ
3. Геоэкология
4. Асоҳои  микробиология ва биотехнология
5. Кимиёи таҳлилӣ ва усулҳои тадқиқи физикӣ-кимиёвӣ
7. Асосҳои токсикология
8. Хокшиносӣ
9. Истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ
10. Экология
12. Экологияи саноатӣ
13. Экологияи радиатсионӣ
14. Асосҳои лоиҳакашӣ ва технологияи бехатарии экологӣ
15. Ташхиси экологӣ, БТМА ва сертификатсия
16. Мониторинги экологӣ. Методҳо  ва асбобҳои санҷиши муҳити атроф
17. Маводшиносӣ. Технологияи маводҳои конструксионӣ
18. Химия
19 Биология
20. Иқлимшиносӣ ва бодуҳавошиносӣ
21. Фанҳои интихобӣ – асосҳои қонунгузории ҳифзи муҳити зист
22. Фанҳои интихобӣ – кимиёи муҳити атроф

КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ ДАР КАФЕДРАИ ГЕОЭКОЛОГИЯ

Устодони кафедра ба масъалаҳои тарбиявӣ низ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Ин самти фаъолияти  корҳо дар асоси Консепсияи миллии тарбия  ба роҳ монда шудааст. Аксарияти устодон  роҳбарони  гурўҳҳои академӣ  мебошанд, ки мувофиќи наќшаҳои тасдиќшуда дарсҳои  тарбиявӣ  мегузаранд. Корҳои тарбиявӣ мунтазам дар давоми дарсҳои таълимӣ ва берун аз он бо тариќи  суҳбатҳои гурўҳию  инфиродӣ   бо донишҷўён, тарбияи онҳо дар рўҳияи тарзи ҳаёти солим, худшиносиву худогоҳӣ, инсондӯстӣ, ватандўстӣ, донишандӯзӣ, маърифати экологӣ гузаронида мешавад.

 

 

МУДИРИ КАФЕДРАИ ГЕОЭКОЛОГИЯ                    МУРОДОВ С. Р.