Поделиться ссылкой:
КАРИМОВ АБДУЛВОҲИД РАЗЗОқОВИЧ
ҶОНИШИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА ИЛМ,ИННОВАТСИЯ ВА РОБИТАҲОИ ХОРИҷӣ
АЪЛОЧИИ МАОРИФИ Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маълумот: Олӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ихтисос – муҳандис-геолог, хатмкардаи аспирантураи Институти геологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ташкили раванди корҳои илмӣ– тадқиқотӣ дар муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи кўҳии ба номи
С.Юсупова дар назди Донишкадаи кўҳӣ –металлургии Тоҷикистон
Ба илму фарҳанг фаро гирифтани ҳар як шаҳрванди кишвар аз зумраи ҳадафҳои ниҳоии давлат ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои миллат зимни мулоқоташон бо намояндагони зиёиёни мамлакат таъкид намудаанд, ки “Илму маориф аз самтҳои хеле муҳими сиёсати давлатӣ буда, пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон ба рушди маорифи миллӣ ва беҳдошти заминаи таълим вобаста мебошад”. Аз ин гуфтаҳо чунин бармеояд, ки замони муосир ин замони дастовардҳои бузурги илмиву техникӣ ва кашфиёти нав ба нави ақли инсонӣ мебошад ва роҳ ба сўйи онҳо аз мактабу маориф ва низоми дурусти таълими муосир ибтидо мегирад.
Бо мақсади ба танзим даровардани корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаро ба тавсиб расонид. Аз ҷумла “ Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020”(қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2011, № 227) ва “Стратегияи миллиии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” (қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.06.2014, № 371).
Бо мақсади пешрафт ва таккони ҷиддӣ бахшидан ба рушди корҳои илмӣ- тадқиқотӣ дар коллеҷ соли равон нақшаи корҳои илмӣ – тадқиқотӣ барои соли 2019 ва нақшаи дурнамои корҳои илмӣ – тадқиқотӣ барои 5 сол таҳия ва тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он корҳо амалӣ шуда истодаанд. Дар назди кафедраҳои тахассусӣ маҳфилҳои илмии донишҷўён ташкил карда шудааст. Фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ босамар роҳандозӣ гардида, бо ҷавонони эҷодкору фаъол ҳамеша мутасаддиён ҳамкории судмандро пайгирӣ менамоянд.
Тазаккур бояд дод,ки дар Коллеҷ 1- нафар доктори илм, 4- нафар номзадони илм, 8 -нафар унвонҷўёну аспирантон дар баробари ба таълиму тадрис машѓул будан ба пажуҳишу таҳқиқоти корҳои илмӣ-методӣ ва ба нашр расонидани дастуру маводҳои таълимӣ вобаста шудаанд.
Бахшида ба 24- умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассиса конференсияи илмӣ-амалӣ бо иштироки васеи кормандон ва ҳайати профессорию омўзгорӣ санаи 5.11. 2018 сол гузаронида шуд. Нахуст директори Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи кўҳии ба номи С.Юсупова н.и.и., дотсент Б.Маҳмадалӣ баромад намуда тамоми ҳозиринро бахшида ба рўзи 24-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Муҳтарам директор бори дигар иброз доштанд, ки Конститутсияро бахтномаи миллат ном мебаранд ва ҳар шахс вазифадор аст, ки ҳар банди онро хуб донад ва риоя кунад. Дар ҳар ҷое,ки қонуну қоида риоя мешавад давлату миллат пеш меравад. Бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-ноябри соли 1994 дар райпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд.Инчунин 26-сентябри соли 1999, 22-июни соли 2003 ва 22-майи соли 2016 бо тариқи райпурсии умумихалқӣ ба он таѓйиру иловаҳо ворид карда шуданд.Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 бобу 100 модда иборат мебошад.
Сардори шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва алоқа бо ҷомеа Д. Саидова бахшида ба рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда иштирокчиёнро табрик намуд.Суханони директорро тасдиқ карда илова кард, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар воқеан руйдоди сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувори ватани азизамон гардид.
ҳар як сокини мамлакат ҳамеша бояд дар хотир дошта бошад, ки эҳтиром ва риояи ҳатмии Конститутсия ва қонун, вазифаи ҷониву виҷдонӣ ва амали ҳаррўзаи ўст.
Аз ҷониби омўзгори кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ Давлатов ҳ. оиди таърихи қабули Конститутсияи Иттиҳоди Шуравӣ ва таъѓиру иловаҳо ба он ва дар даврони истиқлолият бошад аз санаи қабул то инҷониб дар бораи таѓиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон суханрони намуд.
Дар охир муовинони директор низ ҳозиринро ба рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.
Санаи 27.09.2018 сол конфронси илмӣ- назариявӣ дар мавзўи “Созандагию бунёдкории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ” гузаронида шуд.
Инчунин бо мақсади ноил гардидан ба иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар 10.11.2018 сол конфронси илмӣ- назариявӣ дар мавзўи “Тоҷикистон дар қатори кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи сабз ва саҳми НБО Роѓун дар рушди ояндаи кишварҳои минтақа” бо иштироки васеи кормандон ва ҳайати профессорию омўзгорӣ бо наворбардории шабакаи ТВ “Баҳористон”доир карда шуд.
Санаи 14.11.2018 конфронс дар мавзўи “Сиёсати сулҳҷўёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” бо иштироки васеи ҳайати профессорию омўзгорӣ бахшида ба Рўзи Президент гузаронида шуд.Дар конфронси мазкур аз тарафи роҳбарият ва омўзгорон баромадҳо доир ба сиёсати пешгирифта ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот дар Тоҷикистон намуданд.
Вобаста ба “Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бошад санаи 24.11.2018 дар доираи нақшаи чорабиниҳои муассиса семинар гузаронида шуд.
Дар соли таҳсили 2018 -2019 устодони Коллеҷ тибқи нақшаи корӣ фаъолияти илмиашонро дуруст ба роҳ монда, аз рўйи корҳои илмии инфиродиашон омўзиш ва таҳқиқот бурда истодаанд.
Рўйхати
китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, монография ва таҳқиқоти дигари илмӣ Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи кўҳии ба номи С. Юсупова
№ | Ному насаби муалиф ё муалифон | Номгўйи китоб | Замон ва макони нашр | ҷузъи чопӣ |
Дастури таълимӣ | ||||
1. | Каримов А.Р., қурбонов З.ҷ. | Геологияи умумӣ | ш.Душанбе – 2017 | |
2. | Ѓуломов М.М., | Оптика, физикаи атом ва ҳаста | ш.Душанбе- 2017 | |
3. | Ѓуломов М.М., | Супориши ҳисобию графикӣ | ш.Душанбе- 2017 | |
4. | Маҳмадалӣ Б., | Асосҳои Маркетинг | ш.Душанбе- 2018 | |
Монография | ||||
1. | Ѓуломов М.М., | Влияние углеродных нанотрубок на изменение тепло- температуропроводности и плотности жидкого диэтилового эфира | ш.Душанбе- 2017 | |
Таҳқиқоти дигари илмӣ | ||||
1. | Маҳмадалӣ Б.Н. | Андози иҷтимоӣ ва роҳҳои такмили он дар иқтисодиёти имрўза | ш.Душанбе-2016 | |
2. | Маҳмадалӣ Б.Н. | Регулирование экологического процесса и деградацией земли на восточной части ГБАО и пути его решения | ш.Душанбе-2017 | |
3. | Маҳмадалӣ Б.Н. | Маркетинг дар соҳаи маориф | ш.Душанбе-2018 | |
4. | Саидашурова Д. | Эҳтироми забон эҳтироми миллат аст. | ш.Душанбе- 2017-2018 | |
5. | Чорёри ҳаким | Истиқлолият ва ҷонфидоӣ | ш.Душанбе-2018 | |
6. | Чорёри ҳаким | Рушди сайёҳи ва нақши он дар ташаккули фарханги милли | шДушанбе-2018 | |
7. | Шафиев О. | Самаранок истифодабарии об дар соҳаи хочагии халқ | ш. Душанбе, 2018 | |
8. | Шафиев О. | Геохимияи дарёи Варзоб дар Тоҷикистони Марказӣ. | ш. Душанбе, 2018 | |
9. | Каримов А.Р., | Вопросы промышленного использования магнетитовых руд Харангонского месторождения
|
ш. Бўстон, 2018 | |
10. | Мирзоев .Э. | Годовой наблюдения скорость движения ветрового потока в село Вешаб Айниского района) РТ. | ш.Душанбе 2018 г | |
11. | Алиева М.ҳ. | Омилҳои рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ | ш.Душанбе- 2018 |