Факултетҳо

Поделиться ссылкой:

Вобаста ба шароити мавҷуда сол то сол шумораи довталабону донишҷӯён дар коллеҷ афзун гардида, сабаби зиёд гардидани шумораи факулта, шуъбаю бахшҳо гардидааст, ки айни замон дар коллеҷ 3 факулта, 11 кафедра, 11 шуъба, китобхона, китобхонаи электронӣ,  5 бахш, маркази тестӣ, маркази бақайдгирӣ ва машварат амал менамояд.

Раванди таълим дар коллеҷ пурра ба шакли низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шуда, бо мақсади таъмини талаботи ҷомеа бо касбҳои коргарӣ ва дар ин замина пиёда гардонидани сиёсати ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти фаро гирифтани ҷавонону наврасон, аз ҷумла духтарон аз деҳоти дурдаст ба таҳсил ва омӯзиши касб соли таҳсили равон дар коллеҷ  шуъбаи таҳсилоти ибтидои касбӣ таъсис дода шуда, бо назардошти талаботи бозори меҳнат шумораи ихтисосҳо бамаротиб  зиёд карда шудааст.  Аз ҷумла:

Рамз Ихтисос
Таҳсилоти миёнаи касбӣ
1 2-510101 Геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок
2 2-57010101 Экологияи саноатӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ
3 2-480135 Коркарди нафт ва газ
4 2-560231 Топография
5 2-510201 Истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок (аз рӯи самтҳо)
6 2-480134 Тоза кардани канданиҳои фоиданок
7 2-260202 Менеҷмент (аз рӯи соҳа)
8 2-5102010231 Истихроҷи конҳои маъдан ва истихроҷи

канданиҳои ғайримаъдани фоиданок

9 2-270131 Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот
10 2–43010301 Таъминоти корхонаҳои саноатӣ бо барқ
11 2–570101 ҳифзи муҳити зист ва оқилона истифода намудани сарватҳои табиӣ
12 2-250135    ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат
13 2-27013118 Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаи саноати химия
14 2-260203   Маркетинг
Таҳсилоти ибтидоии касбӣ
15 3-250152 ҳисобдор
16 3-25015202 Хазинадор-назоратчӣ
17 3-510252.01 Ёрдамчии пармагар ва ҷустуҷӯи пармакунии чоҳ дар соҳаи нафту газ
18 3-360154.04 Ороиши сангҳои нимқимат ва қиматбаҳо