Факултети кўҳкорӣ

Поделиться ссылкой:

ТУРАҲАСАНОВ ИСФАНДИЁР ТУРАҲАСАНОВИЧ

6 апрели соли 1985 дар деҳаи Вешаб, н. Айнӣ ба дунё омадааст. Солҳои 1991-2002 мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №13-и деҳаи Вешабро бо баҳои аъло ва ахлоқи намунавӣ хатм кардааст. Пас аз хатми мактаби миёна соли 2002 ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ қабул шуда соли 2007 донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси муҳандис-энергетик  (1001) бо муваффақият хатм намудааст.

 

 

Соли 2007 пас аз хатми донишгоҳ бо тавсияи кафедраи “Неругоҳҳои барқӣ” дар кафедраи “Асосҳои назарияи радио ва электротехника” ба ҳайси ассистенти кафедра ба кор шуруъ намудааст. Аз соли 2007 то соли 2013 ба ҳайси ассистент ва аз соли 2013 то ҳол ба ҳайси муаллими  калони кафедраи “Асосҳои назарияи радио ва электротехника”  кор ва фаъолият карда истодааст.

Соли 2015 барои навоварӣ ва иштироки фаъолона дар Озмуни ҷумҳуриявии олимони ҷавон “Навовари беҳтарин” бахшида ба 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ғолиби ҷойи сеюм гардида  бо дипломи дараҷаи сеюм сарфароз гардонида шудааст.

Ба ҳайси муаллими калони тахассусии ҳамкор шуруъ аз соли 2018 дар Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар кафедраи “Истихроҷ ва тоза кардани маъдан” фаъолият намуда истодааст.

Аз сентябри соли 2018 то ҳол декани факултети “Кӯҳкорӣ”-и Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст.

Унвонҷӯи кафедраи “Нерӯгоҳҳои барқӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ мебошад. Рисолаи илмиаш дар мавзӯи “Тадқиқи хосиятҳои электргузаронии металлҳо ва хулаҳои он вобаста аз ҳарорат” буда дар арафаи анҷомёбист.

Дастовардҳои илмӣ: дорандаи 2 нахустпатент ва 18 мақолаи илмиву оммавӣ инчунин 8 дастури методӣ мебошад.

Оиладор: соҳиби 4 фарзанд.

Миллат: тоҷик

Суроға: н.Рудакӣ, ҷ.д.Сарикиштӣ, к.Навбаҳор, ҳ.34

Телефон: +992 900 90 1001, +992 93 528 1001

E-mail: ruintanis@bk.ru

Шуғли дӯстдошта: бозии шоҳмот ва хондани китоб

Бо барномаҳои Corel Draw, AutoCAD, Microsoft Office (Excel, Word, Power Point), Adobe (Photo Shop, Acrobat) озод кор карда метавонад.

Собиқаи корӣ: 12 сол

ҶОНИШИНИ ДЕКАН ОИД БА ТАЪЛИМ

 

МУСТАҶОБОВ МУНАВАРШО МУКАРРАМШОЕВИЧ

20-октябри соли 1971 дар деҳаи дараи Сардеми   ҷамоаи Ванкалаи ВМКБ ба дунё омадааст. Соли 1989  мактаби миёнаи №45-и деҳаи мазкурро  бо баҳои хубу аъло ва ахлоқи намунавӣ хатм кардааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба Донишкадаи  Омӯзгории   Тоҷикистон  ба номи С.Айнӣ  дохил шуда онро соли 2000 бо муваффақият хатм намудааст.

 

 

 

Собиқаи зиёда аз 18- сол дошта, дар мактабҳои миёнаи ноҳияи Шуѓнон фаъолият намудааст.

Аз сентябри соли 2013 аввал мудири кафедраи «Забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ»  фаъолият намуда, баъдан ба ҳайси ҷонишини декан оид ба таълим дар факултети кӯҳкории  муассисаи давлатии таълимии коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон кору фаъолият карда истодааст.

Дастовардҳои илмӣ: дорандаи 7 мақолаи илмӣ

Оиладор: соҳиби се фарзанд

Миллат: тоҷик

Суроѓа: ш.Душанбе, н.Сино, к.А.Ѓуломов 11/8, х.28

Телефон:+992 93-400-93-54

 

РУСТАМОВ РАМАЗОН ҒАФФОРОВИЧ

1 январи соли 1995 дар деҳаи дараи Мухтор, н. Ховалинг ба дунё омадааст. Солҳои 2001-2013 мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №15-и деҳаи дараи Мухторо бо баҳои хубу аъло ва ахлоқи намунавӣ хатм кардааст.

 

Пас аз хатми мактаби миёна соли 2013 ба Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон қабул шуда соли 2017 донишкадаи мазкурро бо ихтисоси «Менеҷмент» бо муваффақият хатм намудааст.

Айни замон магистранти Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон, дар ихтисоси «Менеҷменти инвеститсионӣ»мебошад.

Аз сентябри соли 2018 ба ҳайси ҷонишини декан оид ба тарбия дар факултети Кӯҳкории муассисаи давлатии таълимии коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон кору фаъолият карда истодааст.

Дастовардҳои илмӣ: дорандаи 7 мақолаи илмӣ

Муҷаррад:

Миллат: тоҷик

Суроѓа:ш.Душанбе, н.Сино, к.Н.Карабоев 14/2, ҳ.18

Телефон: +992 98 507 38 40