Шӯрои методӣ

Поделиться ссылкой:

РАИСИ ШУРОИ ИЛМӣ-МЕТОДӣ 

Шодиев Фирдавс Тошмаматович

Маълумот: Олӣ, Хатмкардаи  Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ дар назди Кумитаи андози ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ихтисос- андоз ва андозбандӣ. (2003с.). Собиқаи кории илмӣ-омӯзгорӣ – 16 сол.

 Email:          Firdavs_81@mail.ru  Телефон  +992935330855

КОТИБИ ШУРОИ ИЛМӣ-МЕТОДӣ

Мастибекова Бегим Сафаровна

Маълумот: Олӣ, Хатмкардаи  Донишкадаи педагогии ш. Астрахани Федератсияи  Руссия,

Ихтисос- омўзгори забон ва адабиёти рус (1991с.).

Собиқаи кории илмӣ-омӯзгорӣ – 28 сол Телефон  +992935988864

Фаъолияти Шӯрои илмӣ-методии Муассисаи давлатии коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳӣ металлургии Тоҷикистон

Шӯрои илмӣ-методии коллеҷ яке аз ҷузъҳои асосии фаъолияти муассисаи таълимӣ буда, фаъолияти он дар асоси низомнома ва дигар амру фармон, қарору супоришҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмин намудани сифати баланди корҳои таълимӣ-тарбиявӣ ба роҳ монда шудааст.

Ба ҳайати шурои илмӣ-методӣ роҳбарони сохторҳои шуъбаи таълим, шуъбаи илм ва иноватсия, деканони факултаҳо, мудирони кафедраҳо, шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ, кор бо оила ва алоқа бо ҷомеа ва мудири китобхона шомил гардидаанд.

Дар ҷаласаҳои Шурои илмӣ-методӣ масъалаҳо оид ба тақсимот ва тасдиқи сарбории омӯзгорони коллеҷ, баррасӣ ва тасдиқи барномаҳои таълимӣ, силлабусҳо ва барномаҳои кории фаннии кафедраҳо, фаъолияти кафедраҳои коллеҷ нисбати омода намудани фишурдаҳои лексияхои фаннӣ, фаъолияти кафедраҳо дар омода намудани маводҳои таълимию методӣ, ҳолати тестҳои санҷишӣ барои қабули рейтингҳо, таъминоти методии корҳои курсӣ дар кафедраҳо, таҳлили дарсҳои кафедраҳои тахассусӣ, таҷрибаомўзиҳо ва мутобиқати мундариҷа ва мазмуни ҳисоботҳои таҷрибаомузиҳо, иҷроши ҷадвалҳои ба дарсиҳамдароии омӯзгорон ва ташкил намудани дарсҳои намунавии омўзгорони ҷавон, таҳлили  тестҳои имтиҳонӣ ва тайёрии кафедраҳо барои гузаронидани сессияҳои зимистона ва тобистона, татбиқи конуни забон дар тайёр кардани маводҳои таълимӣ, омодагӣ ба ташкили имтиҳонҳои давлатии тахассусӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани сатҳи сифати таълим дар муассиса таҳлил ва муҳокима карда мешаванд.  Дар чаласаҳои Шўро ҷиҳати масъалаҳои муҳокимакардашуда  қарорҳои мушаххас қабул гардида, нусхаи он ба аъзоёни Шӯро барои иҷрои саривақтӣ расонида мешавад. ҷиҳати иҷроиши қарорҳои қабулгардида  котиби Шӯро назорат бурда, натиҷаи онҳо дар ҷаласаи оянда  муҳокима карда мешавад.

Яке аз самтҳои фаъолияти Шӯрои методӣ ин тарбия ва омӯзонидани усулҳои беҳтарини таълим ба омўзгорони ҷавон мебошад, ки аз тарафи аъзоёни Шӯрои методии муассиса ба ин ҷиҳати масъала аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Омўзгорони ҷавон пайваста ба дарсҳои устодони вобастгардида, ки таҷриба ва собиқаи кории зиёд доранд, иштирок намуда, аз эшон роҳу усулҳои дарсдиҳиро меомӯзанд. Онҳо мувофиқи ҷадвали дурнамои муассиса аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ мегузаранд.

Тарғиби усулҳои хубу самарабахш низ як самти фаъолияти Шӯрои методӣ буда, аз тарафи раиси Шӯро ва аъзоёни он дар ин ҷода корҳои тарғиботӣ пайваста бурда мешавад. Мавриди зикр аст, ки дар соли таҳсили 2018-19  қисми зиёди омӯзгорон аз курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ вобаста ба усулҳои салоҳиятноки таълим гузоштанд ва имрӯз то ҳадди имкон аз ин усул дар дарсҳояшон истифода менамоянд.

Дар фаъолияти Шӯрои илмӣ-методӣ, дар қатори дигар паҳлӯҳои кори таълиму тарбия, омода намудани китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, дастурҳои методӣ низ яке аз самтҳои асосии кори Шӯро ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, дар ҷаласаҳои Шӯрои методӣ ин масъала мунтазам баррасӣ мегардад ва ба чоп тавсия карда мешаванд.

Ҳайати аъзоёни Шӯрои илмӣ-методии муассиса дар оянда нақша доранд, ки баҳри боз ҳам сайқал додани маҳорати педагогии омӯзгорон ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии донишҷўёни коллеҷ чораҳо андешида, дар пешбурди кори таълиму тарбияи насли наврас ва тайёр намудани кадрҳои шоистаи давру замон саҳми арзандаи хешро гузоранд.