Кафедраи иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот

Поделиться ссылкой:

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «МЕНЕҷМЕНТИ СОҳАВӣ»

Кафедраи «Менеҷменти соҳавӣ» мувофиқи  фармони директори Муассисаи давлатии коллеҷи кўҳии ба номи С.Юсупова аз 28.08.2010, таъсис  дода шуда, мувофиқ ба ҳаҷми сарбории муайянгардида дар гурўҳҳои анъанавӣ ва кредитӣ фаъолияти худро пеш мебарад.

Кафедраи «Менеҷменти соҳавӣ» яке аз ҷузъи таркибии факултаи «Иқтисодиёти саноати кўҳӣ» ба шумор рафта, дар тайёр намудани мутахассисони миёнаи касбии равияи менеҷмент саҳми муайянеро ишғол карда истодааст. Фаъолияти кафедра дар самти таълимӣ, таълими-методӣ, илмию тадқиқотӣ ва тарбиявӣ то имрўз бо нақша ва мақсадҳои дар доираи талаботи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ мутобиқ буда мунтазам анҷом ёфта истодаанд.

Кафедраи «Менеҷменти соҳавӣ» кафедраи тахассусӣ буда, дар он  як ихтисос 2 – 260202 «Менеҷменти соҳавӣ»  амал мекунад.

Дар тайёр кардани мутахассисон аз рўи ихтисоси худ дар корхонаҳои саноатӣ, корхонаҳои зерсохтори Вазорати саноат ва технологияҳои нав, соҳаҳои саноати кўҳию маъдан, корхонаҳо, ташкилотҳо ва ғайра фаъолият карда метавонанд.

Кафедраи «Менеҷменти соҳавӣ» дар заминаи кафедраи Иқтисодиёт ва менеҷмент ташкил карда шуда, аз рўзи таъсисёбияш мудирии онро Темуров Р., ҷоналлоев М.,Темуров Р. ва н.и.и.,дотсент Акрамов Ш. ба ўҳда дорад.

 

ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ-УСТОДОНИ КАФЕДРАИ «ИқТИСОДИЁТ ВА ТАШКИЛИ ИСТЕҳСОЛОТ»

ҳоло дар кафедра аз сентябри 2018 сол дар маҷмўъ теъдоди умумии устодон 10 нафарро ташкил медиҳанд. Аз онҳо:

– доктори илм,профессор – 1 нафар;

– номзади илм, дотсент – 2 нафар;

– муаллими калон – 1 нафар;

– ассистент – 6 нафарро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла устодони доимии – 10 нафар : н.и.и, дотсент Акрамов Ш., н.и.и.,дотсент Маҳмадалӣ Б.Н.,д.и.и.,профессор ҳабибов С.ҳ., муаллими калон Шодиев Ф.Т., ассистент Салимов А.,ассистент Аюбҷони С., ассистент Шафиева М., ассистент Рустамов Р., ассистент Назаров А., Раҳимова М.

Акрамов Ш.А. (тав. 01.01.1950, ноҳияи Шаҳритус), Иқтисодчӣ – Хатмкардаи  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шохтемур аз рўи ихтисоси «агроном – иқтисодчӣ» (соли 1975)                                                                                                                                               Фаъолияти меҳнатиаш дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон: фаъолияти меҳнатияшро ба сифати ассистенти кафедраи маркетинг оғоз намуда дар вазифаҳои муаллими калони кафедра, дотсенти кафедра, мудири кафедра, муовини ректори ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур ва муовини Президенти академияи илмҳои кишоварзӣ, директори институти иқтисодиёти хоҷагии қишлоқ кор ва фаъолияти намудааст.   Муаллифи зиёда аз 300 мақола ва васоиту дастурҳои методии ў ба табъ мебошад. Аз санаи 20 – уми феврали соли 2018 то ба имрўз ҳамчун мудири кафедраи Менеҷменти соҳавии Муассисаи давлатии коллеҷи кўҳии ба номи С.Юсупова фаъолият намуда истодааст.

Мирзоев Эҳсон Раҷабович (тав. 31.10.1988, ноҳияи Айнӣ), Муҳандис – технолог, аспиранти Институти физика ва техникаи ба номи академик С.Умаров АИ ҷТ. Хатмкардаи  Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ аз рўи ихтисоси «Муҳандис- технолог» (соли 2011)                                                                                                                                               Фаъолияти меҳнатиаш дар Муассисаи давлатии Коллеҷи кўҳии ба номи С.Юсупова: мудири кафедраи Топография ва корҳои маркшейдерӣ (2013-2014), декани факултети кўҳкории коллеҷи кўҳии ба номи С.Юсупова  (2014-2015), Сармутахассиси бахши котиботи Вазорати энегетика ва захираҳои оби ҷумҳурии Тоҷикистон (2016-2018), мудири кафедраи «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот»-и  Муассисаи давлатии Коллеҷи кўҳии ба номи С.Юсупова (аз 2018 то инҷониб). Зиёда аз 20 мақола ва васоиту дастурҳои методии ў ба табъ расидаанд. Аз ҷумла, «Рисолаи (монография) «Разработка действующего макета ветроэнергетического установки в горных регионах Республики Таджикистан» (2019), Васоити таълимӣ «Маҷмуи масъалаҳои иқтисодӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо» (2018).

 

Темуров Раҳматулло (тав. 1971, н.М.С.ҳамадонӣ), иқтисодчӣ, Хатмкадаи ДМТ.

Зиёда аз 31 мақола, китобҳои дарсӣ ва васоиту дастурҳои методии ў ба табъ расидаанд. қайд кардан ба маврид аст, ки Темуров Р.М. мутахассиси пуртаҷрибаи соҳаи иқтисодиёт буда, фаъолияти меҳнатӣ ва кордонии онро ба назар гирифта роҳбарои Муассисаи давлатии коллеҷи кўҳии ба номи С.Юсупова  Ўро солҳои солҳои зиёд ҳамчун мудири кафедраи Менеҷмент ва иқтисодиёт, декани факултаи Геология ва инчунин аз моҳи апрели соли 2018 то инҷониб мудири Шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъин намуданд.

Шукуров Сўҳроб Музаффаршоевич. (Соли таваллуд 27.06.1982) иқтисодчӣ-менеҷер. Зодаи  шаҳраки Лоиқ шералӣ ноҳияи Панҷакент. Аз оилаи хизматчӣ.  Хатмкардаи  факултаи иқтисодии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи ҷТ – ихтисос менеҷмент (2004). Фаъолияти мехнатиаш дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ сар шудааст: ассистенти кафедраи «Молия» Донишкадаи андоз в аҳуқуқ, ш. Душанбе (2004), ассистенти кафедраи «Идораи давлати ва маҳалӣ» Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон,  ш. Душанбе (2009),  муаллими калони кафедраи  «Молия ва андоз» Донишкада ииқтисодии Тоҷикистон,  ш. Душанбе (2010), Аз 09.2012- то ҳол муаллими калони кафедраи  «Андоз ва андозбандӣ» Динишкадаи молия ва иқтисодии Тоҷикистон.

Шукуров С.М., дар корҳои илмию тадқиқотӣ фаъолона ширкат варзида, аз тарафи ў беш аз 30 мақолаву корҳои илмӣ ва зиёда аз 37 корҳои таълимию методӣ, аз ҷумла дар соҳаи фаъолияти андозӣ, зиёда аз 12 дастурҳои таълимию методӣ ва барномаҳои таълимӣ, ба чоп баромаданд. Ў дар конфронсҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, байналхалқӣ ва семинарҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ иштирок ва баромад намудааст.

Аз ҷумла, Васоити таълимӣ «Андоз ва андозбандӣ дар амалия»  Душанбе. Ирфон 2013с. 55с.,Васоити таълимӣ «Маъмурикунонии андоз» Душанбе. Ирфон 2013с. 151с., Васоити таълимӣ «Кодекси андоз ва истифодаи амалии он» Душанбе. Ирфон 2014с. 100с., Васоити таълимӣ «Молияи корхонаҳо»,  Маркази табъу нашри ДМИТ Душанбе. Ирфон 2013с. 235с. Васоити таълимӣ Маъмурикунонии андоз (2014), Васоити таълимӣ «Андоз ва андозбандӣ» (2015).

Шодиев Фирдавс Тошмаматович (тав.22.05.1981) иқтисодчӣ-бозраси андоз. Зодаи деҳаи Хиштхонаи  ноҳияи Ашт. Аз оилаи коргар.  Хатмкардаи  факултаи иқтисодии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи ҷТ – ихтисос андоз ва андозбандӣ. (2003).

Фаъолияти мехнатиаш дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ сар шудааст: ассистенти кафедраи «Молия» Донишкадаи андоз в аҳуқуқ, ш. Душанбе (2003), муаллими калони кафедраи «Идораи давлати ва маҳалӣ» Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон,  ш. Душанбе (2009),  муаллими калони кафедраи  «Молия ва андоз» Донишкада ииқтисодии Тоҷикистон,  ш. Душанбе (2010), Аз 09.2012- то ҳол муаллими калони кафедраи  «Андоз ва андозбандӣ» Динишкадаи молия ва иқтисодии Тоҷикистон.

Шодиев Ф.Т., дар корҳои илмию тадқиқотӣ фаъолона ширкат варзида, аз тарафи ў беш аз 34 мақолаву корҳои илмӣ ва зиёда аз 35 корҳои таълимию методӣ, аз ҷумла дар соҳаи фаъолияти андозӣ, зиёда аз 4 дастурҳои таълимию методӣ ва барномаҳои таълимӣ, ба чоп баромаданд. Ў дар конфронсҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, байналхалқӣ ва семинарҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ иштирок ва баромад намудааст.

Аз ҷумла, Васоити таълимӣ «Молияи корхонаҳо»,  Маркази табъу нашри ДМИТ Душанбе. Ирфон 2013с. 235с, Васоити таълимӣ «Буҷети давлатӣ» Маркази табъу нашри ДМИТ Душанбе. Ирфон 2013с. 150с., Васоити таълимӣ «Кодекси андоз ва истифодаи амалии он» Душанбе. Ирфон 2014с. 100с., Дастури методӣ «Нақшаи намунавӣ ва супоришҳо оиди иҷрои корҳои санҷишӣ аз фанни «Менеҷменти молиявӣ». Маркази табъу нашри ДИТ Душанбе 2007с, Васоити таълимӣ «Андоз ва андозбандӣ» (2015).

 

ФАНҳОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРАИ «ИқТИСОДИЁТ ВА ТАШКИЛИ ИСТЕҳСОЛОТ»

Кафедра имрўз асосан   дар  самти  тайёр кардани мутахассисони касбӣ  «ТЕХНИК – ИқТИСОДЧӣ»  кор ва фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Дар кафедраи иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот аз 24 номгўйи фанни таълимӣ мувофиқи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи  касбии ҷТ аз тарафи устодон машѓулиятҳои лексионӣ ва амалӣ гузаронида мешавад. ҳамаи фанҳои бо барномаҳои таълимӣ пурра таъмин карда шудааст, ва дар Шўрои илмӣ- методии ДМИТ тасдиқ шудааст:

КОРҳОИ ИЛМӣ – ТАТқИқОТИИ КАФЕДРАИ «ИқТИСОДИЁТ ВА ТАШКИЛИ ИСТЕҳСОЛОТ»

Мавзўи асосии кафедра бо номи «Пешбурди иқтисоди соҳаи иқтисодии саноатии кишвар» ба ҳисоб меравад.  Дар ҷаласаи Шўрои олимони факултети Иқтисодиёти саноати кўҳӣ тасдик карда шудааст ва роҳбарии онро  мудири кафедра Мирзоев Э.Р ба уҳда дорад.

Аз рўи нақшаи тасдиқшуда, тадқиқ намудани муаммоҳои методологии муқоисашавандагии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар шароити ҷаҳонишавии иқтисод. Диққати махсус ба ҳамгироии ҷТ дар самти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ дода шуда, ошкор намудани имкониятҳо дар ба даст даровардани ҳамкориҳои минбаъда таҳлил карда баромада мешаванд. Аз рўи натиҷаҳои ба даст дароварда шуда тезис-баромад, мақолаҳои илмӣ, корҳои илмӣ, дастурҳои таълимӣ-медотӣ дар давоми сол назар аст, ки кормандони кафедра иҷро менамоянд.

Аз рўи нақшаи  тасдиқшудаи корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра мудири кафедра чунин корҳоро дар зарфи 8 моҳи сипаридшуда иҷро кардааст:

  1. Иштирок дар конфронсҳо, семинарҳо ва мизҳои мудаввари коллеҷиву ҷумҳуриявӣ .
  2. Ташкил ва тартиб додани васоити таълимӣ барои донишҷуён аз фаннҳои тадрисшавандаи кафедра.
  3. Роҳбари ба кори илмии донишҷўён.
  4. Навиштани мақолаҳои илмиву оммавӣ ва баромад дар кори семинару конфронсҳо.
  5. Гузаштан аз курси такмили ихтисос дар ҷумҳурӣ
  6. ҳамкори намудан бо ташкилотҳои хориҷӣ ва ҷумҳуриявӣ
  7. ҳамкории тарафайн бо кафедраҳои тахассусии донишгоҳу донишкадаҳо.
  8. Ташкил намудани вохўрии донишҷўёни ихтисоси андоз ва андозбандӣ бо кормандони варзидаи соҳаи андоз.

 

КОРҳОИ ТАЪЛИМӣ ВА МЕТОДИИ КАФЕДРАИ «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот»

Шароити имрўза ҷустуҷуи шаклҳои нави фаъоли ташкили раванди таълимро талаб менамояд. Дар ҳама маврид лексия маъмулан қисми зиёди вақти аудиторияро банд менамояд. Дарсҳои амалӣ, хусусан аз фанҳои тахассусӣ дар шакли ҳалли мисолу масъала, иҷрои тестҳо гузаронида мешавад.

Сифатан гузаронидани дарсҳои лексионӣ ва амалӣ, баланд бардоштани савияи дониши донишҷўён, дар навбати аввал вобаста аст аз таҳияи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ доир ба ихтисоси 2 – 270131 – иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот, нақшаи таълимии ихтисоси мазкур, барномаҳои таълимӣ ва корӣ, силлабусҳо, инчунин таҳияи китобҳои дарсӣ, васоит ва дастурҳои таълимию методӣ.

Бояд қайд кард, ки мувофиқи нақшаҳои нави таълимӣ муаллимони кафедра зиёда аз 24 номгўи барномаҳои таълимию корӣ ва силлабусҳоро аз рўи фанҳои тахассусӣ таҳия намуда, дар Шўрои илмию методии Коллеҷ тасдиқ ва бо забони давлатӣ тайёр карда шуда, пешкаши донишҷўён гардонида шуданд.

Кафедраи «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот» инчунин кушиш ба харҷ додаистодааст, ки бо ташкилотҳои байналхалқии хориҷӣ ҳамкориро анҷом диҳад.

 

 

 

Мудири кафедраи

Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот                               Мирзоев Э.Р.