Бахши идоракунии сифати таҳсилот

Поделиться ссылкой:

Ҷўмаев Эҳсониддин Исломович

Аз 01 сентябри соли 2019 дар вазифаи сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот  дар Муассисаи давлатии коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд: 01 августи соли 1970

Ҷойи таваллуд: ноҳияи Панҷакент

Миллат: тоҷик

Маълумот: олӣ

Соли 1991  Донишгоҳи давлатии Хўҷандро бо ихтисоси омўзгори фанни физика ва математика хатм кардааст.

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не

Бо кадом мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не:  Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазъи оилавӣ: оиладор

Суроға: ноҳияи Рўдакӣ маҳаллаи гулпарвар

                                           Вазифаҳои асосии бахш

Бахши идоракунии сифати таҳсилот дар  муассисаи  давлатии Коллеҷи кўҳии ба номи Сорҷон Юсупова  бо  дар назардошти ба инобат гирифтани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар  бораи маориф (аз 22.07.13,№ 1004 дар таҳрири нав)” ва махсусан моддаҳои боби 3-и қонуни мазкур , имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва инчунин, фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2014, №401 “ Оид ба татбиқи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” дар таҳрири нав таҳия шудааст, фаъолият  менамояд .

Идоракунии сифати таҳсилот сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маорифро амалӣ карда, низоми ягонаи миллии баҳогузорӣ ба сифати таҳсилотро муайян ва самаранокии онро таъмин менамояд.

Идоракунии сифати таҳсилот бо усулҳои баҳогузории дохилӣ ва берунӣ дар асосӣ натиҷаҳои мониторинг ва қабули қарорҳои идоракунӣ дар муассисаҳои таълимӣ амалӣ мегардад.

 БИСТ дар Коллеҷи кўҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

– бо мақсади санҷиш ва баҳодиҳии сифати таҳсилот дар муассиса тибқи нақшаи корӣ чорабиниҳо мегузаронад;

– коллеҷ бо дастурҳои худ ҷиҳати амалӣ намудани тартиби назорат ва баҳодиҳӣ шароити мусоидро фароҳам меоварад;

– оид ба вазъи санҷиш ва таҳлили сифати таҳсилот дар кафедраҳо, факултаҳо ва шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ гурўҳи корӣ ташкил мекунад;

– гузориш ва маълумотномаҳоро ба роҳбарияти муассиса, Шўрои олимон ва Шўрои методии коллеҷ таҳияву пешниҳод менамояд;

– доир ба вазъи иҷрои нақшаҳои таълимӣ ва сарбориву нақшаҳои инфиродии омўзгорони кафедраҳо санҷиш мегузаронад;

– дар кори аттестатсияи донишҷўёни хатмкунанда ва муайян намудани сатҳи дониши назариявию амалии онҳо иштирок намуда, эрод мегирад, тавсияҳо медиҳад ва таклифҳо пешниҳод менамояд;

– дар бобати сатҳи тахассусии омўзгорон ва мувофиқати онҳо ба вазифаашон ба унвони роҳбарияти коллеҷ якҷоя бо шуъбаи таълим маълумотнома ирсол менамояд;

– вобаста ба натиҷаи мониторингу санҷишҳои гузаронидашуда, дар бобати ҳавасмандгардонии устодон ва фаъолияти онҳо хулосаҳои худро ба унвонии директори коллеҷ (дар мувофиқа бо шуъбаи таълим) ва кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони коллеҷ манзур менамояд;

– ҷараёни таҷрибаи омўзгорӣ ва фаъолияти услубшиносонро зери назорат мегирад;

– доир ба иҷрои нақшаҳои корҳои таълимию методӣ, тарбиявӣ ва илмӣ-тадқиқотии кафедраҳо, шуъбаҳо ва факултаҳо санҷиш мегузаронад;

– вобаста ба сифати кори устодон, малакаю маҳорати касбии онҳо аз нигоҳи донишҷўён анкета(пурсишнома) мегузаронад;

 

 

Дар бахши идоракунии сифати таҳсилоти коллеҷ кормандони зерин кору фаъолият мекунанд

 

  1. Сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот-ҷумаев Эҳсониддин Исломович.
  2. Сармутахассиси бахш – Муминова Фарангис Набиевна
  3. Мутахассиси пешбар – Тағоев Атто