Архив Апрель 2019

Конфронси илмӣ амалӣ

«МУАММОҳОИ КОРКАРДИ МАҳСУЛОТҳОИ САНОАТӣ ВА РАСИДАН БА ҳАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛӣ», БАХШИДА БА РЎЗИ ИЛМИ ТОҷИК

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев мулоқот карданд

 

16 апрел дар доираи сафари расмӣ дар Федератсияи Россия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот ва баррасии масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба изҳори хушнудӣ карда, таъкид доштанд, ки мо ба таҳкими ҳамкории стратегӣ бо Россия манфиатдор ҳастем.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори рушди тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол, нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ, ҳамкорӣ бо минтақаҳои Россия дар самтҳои гуногунро баррасӣ карданд.

Ҳар ду ҷониб масъалаи дастрас кардани маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Россия ва суръат бахшидан ба механизми маблағгузорӣ барои бунёди марказҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштаракро муҳокима намуданд.

Ба рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, гуманитарӣ, илму маориф, хусусан бо роҳи бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон, фароҳам овардани имконияти бештар ба ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар мактабҳои русӣ ва ҷалби омӯзгорони русзабон аз Федератсияи Россия ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.

Ҳамчунин зимни вохурӣ ҷонибҳо ҳамкорӣ дар самти таъмини амният ва ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ — техникӣ, андешидани тадбирҳои муштарак оид ба таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва сарҳадотро баррасӣ карданд.

Мулоқот бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин 16.04.2019

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Федератсияи Россия бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот намуданд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Муҳимияти шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия, ҳамгироии байнидавлатӣ дар доираи кори Комисссияи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва Ассамблеияи байнипарлумонии ИДМ таъкид карда шуд ва муносибатҳои байнипарлумонӣ асоси маҷмуи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Россия арзёбӣ гардид.

Доир ба рушду густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат,ҳамкориҳои гуногунҷанба байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Россия, ҷалби бештари сармояи Россия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои манфиатбори дуҷониба дар соҳаҳои илму техника, фарҳангу иттилоот, тайёр кардани кадрҳои баланихтисоси соҳаи маориф ва забономӯзӣ табодули афкори судманд баргузор шуд.

Дар мулоқот барои дарёфти роҳҳои нави рушди ҳакориҳои дуҷонибаи ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии Тоҷикистон ва масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.

Ҷонибҳо ҳамзамон масоили марбут ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, роҳу услуҳои нави тақвияти мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд.

Мулоқот бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, олимону муҳаққиқон, донишҷӯёну аспирантҳо, соҳибкорон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёт – зодагони Тоҷикистон 16.04.2019

Дар шаҳри Москва дар доираи сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, олимону муҳаққиқон, донишҷӯёну аспирантҳо, соҳибкорон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёт – зодагони Тоҷикистон, ки дар Россия кору зиндагӣ ва таҳсили илм мекунанд, мулоқот анҷом доданд.

Бояд хотиррасон кард, ки зимни ҳар як сафар ба Федератсияи Россия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои ҳамидаи инсондӯстӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ, зодагони Тоҷикистон вохуриҳои судманду созанда анҷом медиҳанд.

Чунин вохуриҳо қаблан дар шаҳрҳои Қазон, Москва, Челябинск ва Екатеринбурги Федератсияи Россия бо ҳамватанони муқими кишвари паҳновари Росссия доир шуда буд.

Бо гузашти айём имрӯз нуфузу эътибори тоҷикон дар Федератсияи Россия рӯ ба болоравӣ дорад. Дар зиёда аз 70 минтақаи Россия бомуваффақият фаъолият намудани ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон гувоҳи возеҳи торафт баланд шудани обрӯи онҳо мебошад.

Чунонки аз рафти сӯҳбат маълум гашт, аксари мушкилоте, ки дар мулоқотҳои пешин зикр мегардиданд, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ҳалли худро ёфтаанд.

Зимни ин сафар низ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ масъалаҳои фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикон, донишомӯзии донишҷуёни тоҷик ва вазъи муҳоҷирати меҳнатиро дар Федератсияи Россия муҳокима карданд.

Мулоқот бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев 16.04.2019

16 апрел дар доираи сафари расмӣ дар Федератсияи Россия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот ва баррасии масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба изҳори хушнудӣ карда, таъкид доштанд, ки мо ба таҳкими ҳамкории стратегӣ бо Россия манфиатдор ҳастем.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори рушди тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол, нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ, ҳамкорӣ бо минтақаҳои Россия дар самтҳои гуногунро баррасӣ карданд.

Ҳар ду ҷониб масъалаи дастрас кардани маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Россия ва суръат бахшидан ба механизми маблағгузорӣ барои бунёди марказҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштаракро муҳокима намуданд.

Ба рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, гуманитарӣ, илму маориф, хусусан бо роҳи бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон, фароҳам овардани имконияти бештар ба ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар мактабҳои русӣ ва ҷалби омӯзгорони русзабон аз Федератсияи Россия ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.

Ҳамчунин зимни вохурӣ ҷонибҳо ҳамкорӣ дар самти таъмини амният ва ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ – техникӣ, андешидани тадбирҳои муштарак оид ба таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва сарҳадотро баррасӣ карданд.

Иштирок дар Фестивали “Таомҳои миллии наврӯзӣ” дар шаҳри Хуҷанд

Дар рӯзи чоруми сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд дар Фестивали “Таомҳои миллии наврӯзӣ” иштирок намуданд.

Дар соҳили дарёи Сир, дар мавзеи тамошобобу хушбоду ҳаво беҳтарин ошпазҳои ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилоят ҷамъ омада, бештар аз 50 намуд таомҳои миллии наврӯзиро ба намоиш гузоштанд. Ба Фестивали “Таомҳои миллии наврӯзӣ” ҳамчунин ҳунармандону ошпазон аз ташкилоту идораҳои соҳаи савдо ва хӯроки умумии шаҳру ноҳияҳо ҷалб шуда, дар маҷмӯъ тавонистанд як унсури асосии иди аҷдодӣ-оростани дастархони наврӯзиро дар сатҳи олӣ намоиш диҳанд. Ҳамин тариқ, дар Фестивали “Таомҳои миллии наврӯзӣ” 50 намуди хӯроки миллӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни шавла, оши бурида, мастова, кашк, ҳалвои тар, омоч, таоми кадугӣ, угрои мошдор, мошпиёба, ширбиринҷ, боқала, оши бо дӯғ, угропалов, оши кӯча ва амсоли ин омода ва пешниҳоди мардум карда шуд. Дар се деги калони яктоннагӣ бошад, ошпазони вилоят суманак, оши палов ва ҷаварӣ пухтанд, ки хеле лазиз буд.

Барои меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал дар гӯшаҳои гуногуни майдон 24 хайма ва даҳҳо кат бо дастархони наврӯзӣ ороста шуда,  дар назди ҳар хайма гурӯҳҳои фолклории шаҳру ноҳияҳо меҳмононро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ таҳният шодбош мегуфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳар хайма бо мардум ва ошпазон суҳбатҳои идона ороста, ба таври дастаҷамъӣ ташкил кардани чунин базмҳои хурсандиро аз унсурҳои асосии Наврӯз маънидод карданд. Ба андешаи Роҳбари давлат, “Наврӯз пеш аз он ки як ҷашн ё маросим бошад, рамзи меҳру муҳаббати инсонист, василаи дур кардани кинаву адоват ва одамбадбинӣ мебошад. Ҳамин инсонгароии Наврӯз аст, ки дар дарозои таърих, новобаста ба фишору маҳдудиятҳо, ин ҷашни аҷдодӣ то замони мо расидааст. Мо бояд талош намоем, ки ҳамаи унсурҳои ин ҷашни зебои миллиро такмил дода, дар шакли комил ба наслҳои оянда мерос гузорем”, таъкид карданд Пешвои миллат.

Ташкил намудани чунин фестивалҳо дар Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни байналмилалии Наврӯз ба ҳукми анъана даромадааст. Тавре ҳунармандони вилоят мегӯянд, солҳои қабл чунин чорабиниҳо танҳо дар сатҳи маҳаллаву кӯчаҳо гузаронида мешуд. Дар замони соҳибистиқлолӣ талошҳои Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳё ва рушд додани расму оин ва ҳунарҳои миллӣ, доираи чунин анъанаҳоро дар вилояти Суғд низ фарохтар намуд ва инак, чанд сол мешавад, ки он дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва вилоят ташкил карда мешавад. Дар маҷмӯъ дар Фестивали “Таомҳои миллии наврӯзӣ” бештар аз 10 ҳазор нафар иштирок намуда, дар якҷоягӣ бо Пешвои миллат Наврӯзро ҷашн гирифтанд. Аз таомҳои ба фестивал пешниҳодшуда ҳамчунин барои се ҳазор нафар дастархони идона ороста шуд.

Тибқи одати қадима, гӯшаи дигари базмгоҳи наврӯзӣ барои кӯдакону наврасон пешбинӣ шуда буд. Дар ин ҷо бозиҳои миллии наврӯзӣ, аз қабили арғунчакбозӣ, лелакпаррониву ланкабозӣ, гӯштин ва дигар мусобиқаҳои миллӣ ташкил карда шуд, ки дар он ҳазорҳо нафар кӯдакону наврасон бо шӯру шавқи зиёди идона иштирок карданд.

Дар доираи баргузории фестивали мазкур, ҳамчунин миёни иштирокчиён дар чанд номинатсия, аз ҷумла “Беҳтарин таоми миллии наврӯзӣ”,  “Хаймаи беҳтарин”, “Ороиши дастархони беҳтарини наврӯзӣ”, “Дастони моҳир”, “Самбӯсабанди беҳтарин”, “Самбӯсахӯри беҳтарин”, “Угробури беҳтарин”, “Намоиши фолклори беҳтарин” ва амсоли ин озмун доир гардид. Ғолибони се ҷойи аввали ҳар номинатсия аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо туҳфа ва итихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.