Архив Сентябрь 2019

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд

27 сентябр дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар нуҳ моҳи соли 2019 мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъалаҳои дохилиҳизбӣ, аз ҷумла даъвати Анҷумани навбатии ҳизб ва корҳои омодагӣ ба он ҳал шуданд.

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ намуда, рӯзномаи маҷлис “Дар бораи ҷараёни корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаҳои сиёсии интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ  ва баргузор намудани конференсияҳои ҳисоботӣ — интихоботии ташкилотҳои ҳизбӣ”-ро ба муҳокима гузоштанд.

Масъалаи дуюм ва асосии ҷаласа даъвати Анҷумани XIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд.

Зимни суханронӣ Раиси ҳизб таъкид намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлоли кишвар буда, аз умқи ҷону зеҳни мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад.

Зикр гардид, ки ба кор даромадани ду агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки чархаи дувуми он дар рӯзи таҷлили 28-умин солгарди ҷашни истиқлол мавриди истифода қарор дода шуд, барои рушди иқтисодиёти Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон марҳилаи сифатан нав ва рӯйдоди тозаи таърихӣ мебошад. Хусусан кормандони зиёди ин иншооти бузурги аср узви фаъоли ҳизб мебошанд ва дар остонаи ҷашни истиқлол 40 нафари онҳо бо сипосномаҳои ҳизб ва дигар мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Пешвои миллат дар Паёми соли гузашта ба Маҷлиси Олии мамлакат дар ин хусус таъкид карда буданд, ки “Роғун” омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад”.

Бинобар ин, вазифаи ҳизбиён аз он иборат аст, ки ғояҳои асосии давлатдорӣ ва давлатсозии навини тоҷиконро дар байни мардум тарғибу ташвиқ карда, на танҳо рисолати инсонӣ, балки мақсаду мароми ҳизбиро бо масъулияти баланд иҷро намоянд.

Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки масъалаи дигаре, ки имрӯзҳо барои ҳизб афзалият дорад, ин соли оянда баргузор гардидани интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мебошад. Вазифаи ҲХДТ ҳамчун ниҳоди сиёсӣ он аст, ки барои дар доираи қонун, ошкору шаффоф ва тибқи меъёрҳои демократӣ баргузор шудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ омода бошад.

Мавқеи ҲХДТ дар ҷомеа муайян аст, вале талош бояд кард, ки ба василаи таъмин кардани ниёзҳо ва талаботи мардум, хусусан фаровонии маҳсулоти ғизоӣ, ба эътидол овардани нарху наво, фароҳам овардани барқу гармӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳалли масъалаҳои умдаи ҷомеа ва расидан ба зиндагии шоиста ба маъракаи интихобот омодагӣ бинем.

Масъалаи дигаре, ки Раиси ҳизб ба он таваҷҷуҳи махсус доданд, пешбарии номзадҳои арзанда ба маъракаҳои интихоботи оянда мебошад. Албатта, дар сафи ҲХДТ чунин шахсон зиёданд ва мо бояд беҳтаринҳоро барои панҷ соли оянда интихоб намоем ва бо ин роҳ раванди таҳияи қонунҳоеро, ки ба пешрафти кишвари азизамон – Тоҷикистон мусоидат менамоянд, амалӣ созем.

Ташкилотҳои ҳизбӣ низ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати дар сатҳи матлуб, шаффоф, озод ва демократӣ баргузор шудани интихобот  омодагӣ бинанд. Аз ҷониби Раиси ҳизб таъкид гардид, ки Анҷумани навбатӣ моҳи декабр баргузор карда шавад.

Баъд аз суханронии пурмуҳтавои Раиси ҳизб аъзои Кумитаи иҷроияи марказӣ ва ҷонибдорони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла Раҳмонзода Абдулло — раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Сатториён Матлуба — раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Ҷонибек Қозибек — раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ, Дадабоева Гулхумор — директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор, Маҳмадов Раҳматҷон — раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт ва Ҳамидиён Илҳомҷон — муовини якуми раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” сухан гуфтанд.

Дар ҷамъбасти кори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳамаи мо бояд як нуктаро ҳамеша дар хотир дошта бошем: узви Ҳизби Халқии Демократӣ будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мебошад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ҶДММ «Қолинҳои Душанбе» дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд

17 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Зебунисо 5-и ноҳияи Шоҳмансур барои бунёди корхонаи азими қолинбофӣ – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Қолинҳои Душанбе” санги асос гузоштанд.

Аснои муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки иқтидори корхона дар як сол истеҳсоли 1,5 миллион метри мураббаъ қолин мебошад. Барои истеҳсоли қолинҳо дастгоҳҳои қолинбофӣ аз ширкати машҳури “Вандевил”-и Шоҳигарии Белгия ворид карда хоҳанд шуд.

Дар корхонаи “Қолинҳои Душанбе” таҷҳизоте истифода мегарданд, ки назираш дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нест ва маҳсулоти тавлидотӣ таъйиноти содиротӣ дошта, бо сифати олӣ истеҳсол хоҳад шуд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Қолинҳои Душанбе” аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, баъди ба истифода додани он 1000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Барои  бунёди корхонаи мазкур 120 миллион сомонӣ сарф хоҳад шуд. Интизор меравад, ки ин корхонаи саноатӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар иншоот бештар аз 100 нафар мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Ҳангоми шиносоӣ бо иқтидор ва тарҳу шакли корхонаи бунёдшавандаи истеҳсоли қолинҳо дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона дастур доданд, ки пеш аз ҳама, ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, сифати он ва тақвияти имконияти содиротӣ  диққати махсус дода шавад. Зеро ин яке аз омилҳое мебошад, ки тавассути он метавон дар бозори дохил ва хориҷи мамлакат нуфузи корхонаро баланд бардошт. Дар ҳоле, ки талабот ба маҳсулоти хушсифати истеҳсоли ватанӣ на танҳо дар дохил, балки дар хориҷи мамлакат низ хеле зиёд аст, ба даст овардани эътимоди харидор ба сифати маҳсулот яке аз талаботи асосӣ дар роҳи муваффақ шудани корхона ба ҳисоб меравад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иқдоми соҳибкоронро шоёни дастгирӣ арзёбӣ карда, бунёди корхонаи истеҳсоли қолинҳоро дар пойтахти мамлакат ба мақсадҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати амалисозии муваффақонаи ҳадафи муҳими стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъмини ҳарчи бештари сокинон бо ҷойи кори доимӣ созгор арзёбӣ карда, ба масъулон дастур доданд, ки дар ҷараёни сохтмон ба сифати корҳо аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»

 

9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи муваққатии майдони сохтмон Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” Хайрулло Сафарзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Ба кор даровардани агрегати дуюми ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар сархати хабарҳои воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ қарор дорад.

Маросими тантанавии ба кор даровардани агрегати дуюми неругоҳи барқи обии “Роғун” мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон пахш гардид.

Ин чорабинии муҳимро беш аз 140 нафар рӯзноманигори дохил ва хориҷи кишвар, агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ аз Амрико, Италия, Олмон, Россия, Япония, Британияи Кабир, Хитой, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо васеъ инъикос намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо ҷараёни корҳо дар нақби сохтмонии СТ-4, нақби нақлиётии Т-9, нақб ва шахтаи ҳаворасон, шахтаи нақби турбинаи агрегати рақами 1, майдончаи сохтмони рақами 5А ва баромадгоҳи нақби сохтмонии СТ-3 шинос шуданд.

Дар мавзеи бунёди нерӯгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сифати корҳоро дар нақби сохтмонии СТ-4 назорат карданд.

Нақби сохтмонии СТ-4 дар маҷмӯъ, бо дарназардошти баромадгоҳаш 1798 метр дарозӣ дорад ва иқтидори обгузаронии он 3500 метри мукааб дар як сонияро ташкил мекунад.

Нақби обпартои сохтмонии СТ-4 барои партофтани об дар давраи серобӣ дар ҷараёни сохтмони нерӯгоҳ аз сатҳи 1090 метр то 1210 метр хизмат мерасонад.

Ду нақби обпартои болоӣ, ки аз сатҳи 1190 метр сохта мешаванд, ба шохаҳои СТ-4 мепайванданд ва қобилияти обгузаронии ҳар кадом аз онҳо 1750 метри мукаабро дар як сония ташкил мекунад.

Қисми охири нақб, ки аз ду шоха иборат мебошад, дар вақти  истифодабарии нерӯгоҳ низ хизмат хоҳад кард.

Иттилоъ дода шуд, ки даромадгоҳи нақб дар сатҳи 1190 метр қарор дошта, пурра сохта шудааст. Қутри он 15 метрро ташкил медиҳад.

Сипас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарбанди нерӯгоҳ боздид ба амал оварданд.

Сарбанди Роғун то сатҳи 1065 метр аз сатҳи баҳр бардошта шудааст ва дар он 6 миллион метри мукааб масолеҳи сохтмон рехтаву қабат ба қабат хобонида шудааст.

Ҳоло сатҳи оби обанбор ба 1058 метр расонида шудааст ва он имкон фароҳам меорад, ки ду агрегати навбати аввали нерӯгоҳ фаъолият намоянд.

Дар обанбори “Роғун” то имрӯз ҳамагӣ тақрибан  200 миллион метри мукааб об ҷамъ шудааст.

Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути нақби нақлиётии Т-9 ҳаракат карданд.

Нақби нақлиётии Т-9 иншоотест, ки қисмати поёноби нерӯгоҳро ба шонаи сарбанд ва майдончаи нақбҳои амудии идоракунии дарвозаҳои нақбҳои обрасони турбинӣ (лӯлагӣ) мепайвандад.

Нақби нақлиётии Т-9 дар давраи истифодабарии нерӯгоҳ низ амал мекунад. Он то майдончаи лӯлаҳои обрасон тӯл кашида, дар оянда ба ҳамаи дарвозаҳои лӯлаҳои обрасон аз ҳамин ҷо хизматгузорӣ хоҳад шуд.

Қисми дигари нақб аз шонаи сарбанд мегузарад ва имкон медиҳад, ки роҳи рафту омад то ба нерӯгоҳи Шӯроб таъмин карда шавад. Дарозии нақби нақлиётии Т-9, 530 метрро ташкил мекунад.

Нақб дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.

Имрӯз, ҳамчунин, Президенти мамлакат бо иҷрои корҳо дар нақби ҳаворасон шинос шуданд.

Нақби ҳаворасон то меҳвари нақби амудии ҳаворасон 487,5 метр дарозӣ дошта, паҳноияш ба 8 метр ва баландиаш ба 8,4 метр мерасад. Он дар оянда барои таъмин намудани ҳавои тоза ба бинои трансформаторҳо, толори мошинҳо ва ба берун кашидани чангу ғубор аз иншооти мазкур хизмат мекунад.

Нақб ба се қисм тақсим шуда, як қисми он барои кашидани чангу ғубор, қисми дигар барои таъмини ҳавои тоза ва қисми сеюм барои дастрасӣ то нақби амудӣ ва баръакс то баромадгоҳи он пешбинӣ шудааст.

Нақби ҳаворасон бо нақби амудии ҳаворасон пайваст мешавад ва айни ҳол бо қутри 12,1 метр нақбканӣ шуда истодааст.

Мавзеи дигаре, ки Сарвари давлат бо ҷараёни кор дар он шинос шуданд, иншооти нақби турбинаи агрегати рақами 1 мебошад.

Нақби амудии обқабулкунаки агрегати №1 аз сатҳи 1172 метр оғоз ёфта, то сатҳи 956 метр ба поён меравад ва баландиаш дар маҷмуъ 216 метрро ташкил медиҳад. Қутри корҳои нақбканӣ бо 8,7 метр оғоз ёфта, қутри ниҳоияш 7 метрро ташкил медиҳад ва пурра оҳанпӯш мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои нақбкании фурнели он бо қутри 2,5 метр ба анҷом расидааст.

Дар майдончаи назоратии рақами 5а Пешвои миллат аз иншооти бунёдгардида ва сохташаванда, аз қабили КРУЭ 500кВ ва 220 кВ, мавзеи  сарбанди нерӯгоҳ ва дигар иншоот боздид карданд.

Иншооти охирин, ки зимни ин сафар Пешвои миллат бо ҷараёни корҳо дар он шинос шуданд, нақби сохтмонии СТ-3 мебошад.

Нақби сохтмонии қабати 3-юм (СТ-3) тибқи лоиҳа бо мақсади гузаронидани об аз сатҳи 1035 метр то 1145 метр бунёд гардидааст.

Дарозии умумии нақб 1858 метрро ташкил медиҳад. Тавоноии обгузаронии нақби мазкур 3500 метри мукааб дар як сония мебошад. Нақби сохтмонии СТ-3 дорои якчанд нақбҳои ёрирасон аст.

Баромадгоҳи нақби сохтмонии СТ-3 дар сатҳи 946-973 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, баландиаш 26 метр ва дарозии даромадгоҳаш 100 метр аст.

Қобили зикр аст, ки нақби обпартои сеюм яке аз иншооти муҳим дар самти таъмин намудани бехатарии фаъолияти нерӯгоҳ ҳангоми серобии эҳтимолӣ бо насби дарвозаҳои сегментии таъмирӣ, садамавӣ ва асосӣ мебошад, ки ба маблағи 2,8 миллиард сомонӣ бунёд гардидааст.

Дар қатори дигар нақбҳо ин нахустин нақбе мебошад, ки дар доираи бунёди нерӯгоҳ дар даврони истиқлол сохта шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо рафти корҳо дар қитъаҳои алоҳидаи сохтмон ба сифати кори коргарон баҳои баланд дода, онҳоро ба иҷрои саривақтию босамари тадбирҳои созандагӣ дар нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ҳидоят карданд.

Баъди шиносоӣ бо ҷараёни корҳои анҷомёфта дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори агрегатҳо дар вазъияти тантанавӣ агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро ба кор дароварданд.

Ҳамин тавр, 9 сентябри соли 2019 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд.

Дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳ коргарони нерӯгоҳ, фаъолону зиёиёни кишвар, ҷавонон ва собиқадорони меҳнат иштирок карданд.

Баъди ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳ нерӯи барқи аз он тавлидшаванда низ  ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки 29 октябри соли 2016 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” оғоз гардида буд. Ҳамон рӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси чанбараки булдозер нишаста, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди ин нерӯгоҳи азим оғоз бахшиданд.

16 ноябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро ба кор дароварда, ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти кишвар такони ҷиддӣ хоҳад дод, оғоз бахшида буданд.

Ҳамон рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” иншооти муҳими нерӯгоҳ — хатти баландшиддати интиқоли барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун” ва дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро бо 19 дастгоҳи элегазии 500 кВ ва 4 дастгоҳи элегазии 220 кВ ба истифода доданд.

Баъди ба истифода додани агрегати якуми кохи нур вақти зиёде нагузаштааст ва аллакай, то имрӯз дар нерӯгоҳ 570 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол гардида, ба низоми энергетикии кишвар интиқол дода шудааст.

Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” пуриқтидортарин иншооти силсилаи нерӯгоҳҳои рӯди Вахш, аз 6 агрегат иборат аст, ки тавоноии ҳар кадоми онҳо 600 мегаваттро ташкил медиҳад. НБО-и “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” якуним баробар зиёд мебошад.

Ҳар як ташрифи Сарвари давлат ба майдони сохтмони нерӯгоҳ рӯҳияи коргарони ин кохи нурофаринро болида мекард ва баръало мушоҳида мегардид, ки онҳо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба устувору босифат анҷом додани ҳамаи корҳо сармашқ қарор додаанд.

Дар сохтмони нерӯгоҳ бо ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 25 ҳазор нафар сохтмончиёну муҳандисон ва дигар кормандони техникӣ саҳми арзанда гузоштанд. Корнамоии сохтмончиён барои ба кор даровардани агрегатҳои дигари нерӯгоҳ идома дорад.

Рушди соҳаи энергетика ба тараққиёти муназзами иқтисодии Тоҷикистон, хусусан, дар самти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар нақши калидӣ мебозад.

Баъди пурра ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд.

Ҳукумати мамлакат таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар қарор дода, барои расидан ба он тамоми захираву имкониятҳоро   сафарбар намудааст.

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон инфрасохтори энергетикии кишвар куллан тағйир ёфта, бо татбиқи як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ имконият фароҳам гардид, ки дар кишвар низоми ягонаи энергетикӣ таъсис дода, бо барқ таъмин намудани соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ пурра аз истеҳсолкунандагони дохилӣ ба роҳ монда шавад.

Бо мақсади рушди соҳаи энергетика ҳоло бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16 миллиард сомонӣ идома дошта, дар доираи онҳо то ба имрӯз 7,6 миллиард сомонӣ аз худ гардидааст.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади татбиқи нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва амалӣ кардани мақсадҳои неку дурбинонаи Роҳбари давлат дар самти таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд карда шудаанд.

Оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ба кор андохтани агрегати якуми он, ба истифода додани хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 кВ-и “Душанбе — Роғун”, ба кор андохтани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ ва 220-киловолтаи нерӯгоҳи барқи обии“Роғун”, мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳҳои барқи обии “Сангтӯда — 1”, “Сангтӯда — 2”, “Помир — 1”, нерӯгоҳи барқи обии “Тоҷикистон” дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб, Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”, зеристгоҳҳои барқии 500-киловолтаи “Душанбе”ва“Суғд”, хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи “Ҷануб-Шимол”, дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500 —  киловолта дар нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, зеристгоҳҳои барқии 220-киловолтаи “Лолазор”, “Хатлон”, “Айнӣ”, “Шаҳристон”, “Шаҳринав”, “Геран-2”, хатҳои интиқоли барқи 220 киловолтаи “Лолазор-Хатлон”, “Тоҷикистон-Афғонистон”, “Хуҷанд-Айнӣ”, “Қайроққум-Суғд”, “Айнӣ-Рӯдакӣ”, оғози татбиқи лоиҳаи САSA-1000, оғози татбиқи лоиҳаҳои “Барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, “Қайроққум” ва ба истифода додани зеристгоҳи барқии “Темурмалик” дар шаҳри Хуҷанд аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошанд, ки таҳти роҳнамоии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” танҳо барои таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии “Норак”, “Сарбанд” ва “Қайроққум” беш аз 1 миллиарду 100 миллион доллари амрикоӣ ҷалб кардааст, ки ин ба 11 миллиард сомонӣ баробар мебошад.

Бо бунёд гардидани нерӯгоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”, Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”, агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва силсилаи нерӯгоҳҳои хурд зиёда аз 1900 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд.

Ҳамчунин, тавассути сохтмони хатҳои интиқоли барқи “Ҷануб-Шимол”, “Роғун-Душанбе”, “Лолазор-Хатлон”, “Геран-Румӣ”, “Тоҷикистон-Афғонистон”, “Хуҷанд-Айнӣ”, “Айнӣ-Рӯдакӣ”, “Қайроққум-Ашт”, “Қайроққум-Суғд” ба дарозии зиёда аз 1100 километр, 4 зеристгоҳи барқии 500 — киловолта, 10 зеристгоҳи барқии 220 — киловолта ва дигар иншооти барқӣ фаъолияти устувори низоми ягонаи энергетикӣ таъмин карда шуд.

Ҳамаи ин тадбирҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодии мамлакат, ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини зиндагии шоистаи халқи тоҷик равона гардидаанд, ки пайомадҳои он дар рушд кишвари азизамон неку бобарор дониста мешавад.

Баъди ба кор андохтани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ дар назди васлгарону ронандагон, нақбканону кафшергарон, пармагарону барқчиён, дуредгарону муҳандисон ва роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ суханронӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли шаҳрвандони кишвар ва ҳамватананони бурунмарзиро бо ин рӯйдоди муҳими таърихӣ табрику таҳният гуфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки бо заҳмати содиқонаи мардуми сарбаланди тоҷик ва корномаи баҳодуронаи фарзандони бонангу номуси халқи тоҷик дар ояндаи наздиктарин ҳамаи ниятҳои нек ва нақшаҳои созандаамон амалӣ мегарданд.

Таъкид гардид, ки ин иншооти ҳаётан муҳим мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии сифату бехатарӣ ва бо истифода аз технологияҳои навтарин бунёд шуда истодааст ва дар ояндаи наздик на танҳо хонадони сокинони Тоҷикистонро нурафшон мекунад, балки ба кишварҳои минтақа низ хизмат хоҳад кард.

Сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёҳои Тоҷикистон ба таъмин намудани тавозун байни талабот ба қувваи барқ ва захираҳои об мусоидат карда, барои идоракунии устувори захираҳои об ва коҳиш додани норасоии нерӯи барқ дар минтақа кумак мерасонад.

Яке аз хусусиятҳои даврони муосир — тамоюли глобалии ташаккул ва пешбурди “иқтисоди сабз” ва дар ин замина, рӯ овардан ба манбаъҳои таҷдидшаванда ва аз лиҳози экологӣ тозаи истеҳсоли нерӯи барқ мебошад.

Тақрибан шаст фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд ва кишвари мо аз рӯи ҳаҷми истеҳсоли  “нерӯи сабз” аз манбаъҳои барқароршаванда дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол мекунад.

Сарвари давлат таъкид доштанд: “Мо тасмим дорем, ки ин захираи асосиамонро, ки яке аз заминаҳои бунёдии ташаккули “иқтисоди сабз” мебошад, ба манфиати кишвар ва минтақа истифода барем.

Тоҷикистон, инчунин, дар ҳалли масъалаҳои паст намудани хавфи офатҳои табиӣ, тағирёбии иқлим, дастрасӣ ба оби нӯшокии босифат ва беҳдошт, муҳити зист, инфрасохтору сармоя, мудирияти захираҳои об, аҳаммият ва нақши он дар иқтисоди устувор пешсаф мебошад.

Ин ташаббусҳо имкон фароҳам меоранд, ки мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи истеҳсоли нерӯи барқ чанд зина боло равад.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар истеҳсоли нури агрегати дуюмро ба тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол самимона табрик гуфтанд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Дар таърихи ҳар халқу миллат воқеаҳои бузургу муҳимме рух медиҳанд, ки сарнавишти минбаъда ва роҳи рушди онҳоро барои солиёни зиёд муайян менамоянд.

Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард.

Аз ин лиҳоз, ин санаи сарнавиштсоз барои мо муқаддастарин ҷашн мебошад.

Ба ифтихори 28-умин солгарди ин рӯйдоди таърихӣ сокинони сарбаланди Тоҷикистони азиз ва ҳамватанони бурунмарзиро самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди соҳибватан иқболи нек, рӯзгори пурфайзу баракат, саодат ва комёбиву хушбахтӣ орзу менамоям.

Истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд.

Соҳибистиқлолӣ ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон рӯҳи нав бахшида, сатҳи худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги кишварро ба зинаи нав бардошт.

Тайи даврони соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди мо бо таҷрибаву собиқаи давлату давлатдорӣ марҳалаи тақдирсози расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ, ки ҳадафашон бо тақдири наслҳои имрӯзаву оянда пайванди мустақим дорад, қадамҳои устувор гузошт.

Ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллиамон ҳамаи заминаҳои заруриро фароҳам овардем.

Ва дар як давраи начандон тӯлонии таърих даҳҳо лоиҳаи ҳаётан муҳимми саноативу энергетикӣ ва иҷтимоиро татбиқ карда, ҳазорҳо километр роҳҳои замонавӣ ва нақбу пулҳо бунёд намудем, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба манфиати мардуми шарифи Тоҷикистон хизмат карда истодаанд.

Бо вуҷуди мушкилоти зиёди солҳои гузашта, аз ҷумла буҳронҳои шадиди молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ мо муваффақ шудем, ки иқтисодиёти кишварро ба маҷрои рушди устувор равона созем.

Натиҷаи ҳамин аст, ки тайи 15 соли охир суръати афзоиши солонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳисоби миёна на камтар аз 7 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин раванд, мо беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар сархати фаъолияти ҳаррӯзаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем ва тавре ки ҳамватанони азизамон эҳсос мекунанд, ин сиёсатро бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо устуворона идома дода истодаем.

Қабули рамзҳои давлатдорӣ, аз қабили Парчам, Суруд ва Нишон, ба муомилот баровардани пули миллӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди забон, фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллиамон ба мо маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ муяссар гардид.

Ҳамчунин, тавассути райъпурсии умумихалқӣ қабул шудани санади сарнавиштсоз – Конститутсия, ки барои бунёди давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон замина гузошт, самараи даврони истиқлолу озодии давлати тоҷикон мебошад.

Дар зарфи 28 сол мо ба ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ диққати аввалиндараҷа дода, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ ба камол расонидем ва имрӯз дилпурона изҳор медорем, ки дар қалби онҳо муҳаббати Тоҷикистони азиз нақши устувор пайдо кардааст.

Ҳоло мо метавонем бо ифтихору сарфарозӣ эълон кунем, ки  дастовардҳои истиқлоли давлатӣ беназиранд.

Истиқлолу озодӣ, истиқрори сулҳу суботи сартосарӣ ва ваҳдати миллӣ роҳи моро ба сӯи амалӣ гардонидани дигаргуниҳои бунёдии ҷамъиятиву сиёсӣ боз намуд.

Истиқлоли миллӣ, ҳамчунин, ба ҳайси омили муттаҳидсозандаи халқи Тоҷикистон имкони таърихие пеш овард, ки мо дар кишварамон бо такя ба арзишҳои аз ҷониби умум пазируфташуда таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро гузорем.

Интихоби дурусти роҳи минбаъдаи пешрафт имконият фароҳам сохт, ки Тоҷикистон равобити худро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври муназзаму бомаром рушд дода, дар байни давлатҳои мутамаддини олам мавқеи сазовори худро пайдо намояд.

То имрӯз давлати мо бо зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатиро роҳандозӣ намуда, бо онҳо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро тақвият мебахшад ва пайгирона густариш медиҳад.

Тоҷикистони соҳибихтиёри мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва даҳҳо созмони байналмилаливу минтақавӣ дар ҳалли мушкилоту масоили мубрами замон саҳми назарраси худро мегузорад.

Дар муддати начандон тӯлонӣ чор ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, ки гувоҳи обрӯи баланди байналмилалии кишвари азизамон ва эътирофи нақши он дар пешбурди масъалаҳои мубрами марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дарёфти роҳҳои муассири муқовимат ба хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ самти дигари талошҳои пайгиронаи давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Ҳамдиёрони арҷманд!

Ба хотири таъмин намудани пешрафти босуботи иқтисодии мамлакат илова ба се ҳадафи стратегӣ мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудем.

Маҳз ҳамин ҳадаф Тоҷикистони моро аз кишвари аграриву саноатӣ ба кишвари саноативу аграрӣ табдил дода, барои рушди бемайлони он роҳи васеъ мекушояд.

Фардо агрегати дуюми иншооти азими аср — нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба кор андохта мешавад, яъне мо ба сӯи таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ боз як қадами устувор мегузорем.

Ба кор оғоз кардани агрегати дуюми нерӯгоҳи “Роғун” дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон дар соли ҷорӣ, яъне 28-умин солгарди истиқлоли Ватани маҳбубамон мебошад.

Эътимоди комил дорам, ки халқи бошарафу сарбаланди тоҷик бо азму иродаи қавӣ ва заҳмати бунёдкорона ҳамаи ҳадафу нақшаҳои пешбинигардидаро амалӣ карда, Тоҷикистони азизамонро дар ояндаи наздик ба як кишвари нерӯманду пешрафта табдил медиҳад.

Албатта, мо ҳанӯз бе мушкилоту камбудӣ нестем. Дар назди мо ҳоло вазифаҳои зиёде қарор доранд.

Бовар дорам, ки мо тамоми мушкилоти мавҷуда ва вазифаҳои созандагиро бо сарҷамъиву муттаҳидии халқамон ва бо заҳмати аҳлонаи сокинони сарбаландамон бартараф ва ҳаллу фасл мекунем.

Бо итминон изҳор медорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории навини худ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ беш аз пеш саъю талош карда, ба сӯйи дастовардҳои бештар қадамҳои устувор мегузоранд ва нуфузу эътибори мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор мегардонанд.

Бо чунин нияту орзуҳои нек бори дигар хурду бузурги кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори 28-солагии истиқлол самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди Тоҷикистони азиз тандурустӣ, ободии хонадон ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиши пойдор ва пешрафту тараққиёти рӯзафзун орзу менамоям.

Ҷашни истиқлолу озодии Ватан муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Ба унвони Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номаҳои шодбошӣ ворид гардиданд

Ба муносибати фарорасии ҷашни умумимиллӣ – бистуҳаштумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид гардиданд.

Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Табрикоти самимонатарини ин ҷонибро ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи истиқлол қабул фармоед.

Давлати Шумо дар шоҳроҳи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бомуваффақият қадам зада, дар умури минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим ва созанда дорад.

Бо изҳори қаноатмандӣ сатҳи баланди муносибатҳои Россия ва Тоҷикистонро зикр менамоям. Миёни давлатҳои мо муколамаи пурмӯҳтавои сиёсӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманд дар арсаҳои мухталиф ба роҳ монда шудааст. Ҳамоҳангии кӯшишҳои ҷонибҳо дар чорчӯбаи ИДМ, СААД, СҲШ, ҳамчунин СММ ва САҲА самараи хуб медиҳанд.

Итминон дорам, ки бо талошҳои муштарак мо шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии байни Россия ва Тоҷикистонро минбаъд низ таҳким хоҳем бахшид.   Ин амр, бешубҳа, ҷавобгӯи манфиатҳои халқҳои мо ва раванди таъмини суботу амният дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Сидқан ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавому комёбиҳо ва ба ҳамватанони Шумо саодату хайрият орзумандам».

***

Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин дар номаи шодбошии худ ба унвони Сарвари давлати мо чунин менигорад:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Иҷозат фармоед аз номи Ҳукумат ва мардуми Чин, ҳамчунин шахсан аз номи худам  табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти ин ҷонибро ба Шумо ва ба мардуми дӯсти тоҷик ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намоям.

Моҳи апрели соли равон Шумо дар Чин дар Дуввумин форуми сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар чорчӯбаи “Як камарбанд ва як роҳ” ширкат варзидед. Моҳи июни соли равон ин ҷониб ба Тоҷикистон сафари давлатӣ анҷом дода, дар мулоқоти сатҳи олии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё иштирок доштам. Мову Шумо музокироти самарабахшеро доир намуда, ба мувофиқаҳои васеъмиқёс расидем ва нақшаи нави густариши минбаъдаи муносиботи дуҷониба ва ҳамкориро дар соҳаҳои мухталиф таҳия намудем. Ман ба рушди муносибатҳои миёни Чин ва Тоҷикистон аҳаммияти хосса медиҳам ва ният дорам дар якҷоягӣ бо Шумо ҷиҳати бемайлон  бардоштани сатҳи муносибатҳои шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Чин ва Тоҷикистон ба зинаҳои боз ҳам баландтар бар нафъи кишварҳо ва мардумони мо саъю талошҳои муштарак ба харҷ диҳам.

Ба Тоҷикистони дӯст шукуфоиву тавоноӣ ва ба мардуми он саодату некӯаҳволӣ орзумандам».

***

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар барқияаш гуфтааст:

«Муҳтарам Президент Раҳмон,

Мояи хушнудии ман аст, ки аз номи мардуми Амрико мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни 28-умин солгарди Рӯзи Истиқлол табрик намоям.

Тӯли 28 соли охир Иёлоти Муттаҳида бо сарфарозӣ дастгирии соҳибистиқлолӣ ва рушди Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд. Мо аз кӯшишҳои Тоҷикистон ҷиҳати тақкими амнияти байналмилалӣ ва ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ истиқбол менамоем.

Иёлоти Муттаҳида пуштибонии худро аз фаъолияти Тоҷикистон дар самти расидан ба ояндаи дурахшон идома хоҳад дод».

***

Нурсултон Назарбоев, Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон зимни табрикоти худ овардааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Аз самими қалб Шуморо ба муносибати ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи истиқлол табрику муборакбод менамоям.

Дар Қазоқистон саҳми Шуморо дар муттаҳид гардонидани ҷомеаи Тоҷикистон, ҳамчунин таъмини пешрафти босуръати кишвар дар шоҳроҳи тараққиёту шукуфоии сиёсиву иқтисодӣ баланд арзёбӣ менамоянд.

Дар як давраи аз нигоҳи таърих кӯтоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил гардида, мақоми нақшофари фаъолу бонуфузро на танҳо дар минтақа, балки дар миқёси ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиб гашт.

Итминони комил дорам, ки муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории миёни кишварҳои мо дар оянда низ таҳким ёфта, ба нафъи мардумонамон босуръат рушд хоҳанд кард.

Умед дорам, ки тамосҳои дӯстонаи шахсии мо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз фурсат мехостам ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатии бардавому дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳо ва ба мардуми бародари тоҷик сулҳу шукуфоӣ орзу намоям».

***

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар табрикоти худ гуфтааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Табрикоти самимии ин ҷонибро ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Тоҷикистон тайи солҳои рушди соҳибистиқлолии худ таҳти роҳбарии Шумо роҳи таҳаввулоти муҳимро тай карда, дар кори бунёди давлатдорӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва обрӯву эътибораш дар арсаи байналмилалӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардид.

Дар Қазоқистон аз дастовардҳои Тоҷикистон ҳамеша изҳори хушнудӣ менамоянд ва ба таҳкими минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва эътимодбахш байни давлатҳои мо аҳамияти хосса медиҳанд.

Итминон дорам, ки муколамаи сиёсии кушодаву равшан ва зиче, ки миёни мо ба вуқӯъ пайвастааст, дар оянда низ чун заминаи боэътимоди рушди рӯзафзуни шарикии стратегии Қазоқистон ва Тоҷикистон хизмат хоҳад кард.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои навин ва ба мардуми бародари Тоҷикистон хушрӯзиву шукуфоӣ орзумандам».

***

Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Шавкат   Мирзиёев чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Аз номи мардуми Ӯзбекистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва мардуми бародари Тоҷикистонро бо ҷашни миллии мамлакат — Рӯзи истиқлол сидқан табрику муборакбод менамоям!

Дар ин рӯзи хотирмон мехостам комёбиҳои арзишмандеро, ки таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи бунёди давлатдорӣ ва ҷамъиятӣ, амалӣ гардонидани ислоҳоти созандаи иқтисодии фарогири тамоми соҳаҳо, роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии прагматикӣ ва таҳкими обрӯву эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ ба даст оварда шудаанд, махсусан таъкид намоям.

Татбиқи самарабахши барномаву ташаббусҳои муҳими иҷтимоӣ, ки мавриди дастгирии мардуми гуногунмиллати Тоҷикистон қарор дошта, аз ҷониби тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мегарданд ва баланд бардоштани сатҳу сифати ҳаётро дар ҷумҳурӣ таъмин менамоянд, шоёни баҳои баланд мебошад.

Ҳамаи ин дастовардҳо, бешубҳа, ба туфайли иродаи қавии сиёсӣ, маҳорату таҷрибаи бузурги ходими давлатии Шумо имконпазир гардидаанд.

Мояи хушнудист, ки робитаҳои анъанавии дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории байни Ӯзбекистону Тоҷикистони ба ҳам бародар, ки решаҳояшон аз қаъри таърих маншаъ мегиранд, имрӯз низ босуръат рушд карда, дар асоси усули шарикии стратегӣ бомаром таҳким меёбанд.

Бо талошҳои муштарак мо тавонистем, ки дар таърихи муносиботи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон фасли нав оғоз намоем ва онро ба сатҳи сифатан нав бардошта, бо мазмуну мундариҷаи мушаххаси амалӣ ғанӣ гардонем.

Мехостам садоқати қавии моро ба таъмиқи минбаъдаи муколамаи созанда ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба аз рӯи тамоми рӯзномаи ҳамдастии ҷонибҳо ба нафъи кишварҳо ва мардумонамон, ҳамчунин бар манфиатҳои сулҳу рушди устувори ҳамаи минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид намоям.

Аз самими қалб ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи азиз, саломатии бардавом, хушрӯзии оилавӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзумандам».

***

 Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон – Сооронбай Жээнбеков  чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Аз номи мардуми Қирғизистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми мардуми тоҷикро бо Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям.

Муваффақиятҳои назаррасе, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Шумо то имрӯз дар рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ба даст омадаанд, хусусан таъсирбахш мебошанд.

Боварии амиқ дорам, ки муносибатҳои воқеан дӯстонаву ҳусни ҳамҷаворӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон бо дастгирии шахсии Шумо минбаъд ҳам дар ростои манфиатҳои мардумони ду давлат  тақвият хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, сиҳатии бардавому некрӯзӣ, дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон  комёбиҳо ва ба мардуми бародари тоҷик сулҳу шукуфоӣ таманно менамоям».

***

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон, чунин омадааст:

«Ҷаноби Президент,

Ба муносибати Рӯзи миллии Тоҷикистон мехостам аз номи худ ва аз номи мардуми Франсия табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти саодатмандиву шукуфоиро ба мардуми тоҷик иброз намоям.

Умед дорам, ки бо мусоидати Шумо муносибатҳои наҷиби сиёсии байни кишварҳои мо  минбаъд низ таъмиқ хоҳанд ёфт.

Аз ин нигоҳ машваратҳои сеюми дуҷонибаи сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ, ки 29 январи соли 2019 доир гардиданд,  муваффақомез буданд. Ташрифи котиби давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ Жан –Батист Лемуан ба Тоҷикистон 18 апрели соли равон барои мо имкон фароҳам овард, ки самтҳои ҳамкориямонро тавсеаи бештар бахшем. Изҳори умед менамоям, ки мо  чунин ҷараёни  хубро дастгирӣ хоҳем кард.

Умед бар он мебандам, ки ҷараёни дар муносиботи мо оғозгардида мубодилаи  мушаххаси моро оид ба мавзӯоти мавриди манфиатҳои умумӣ   тақвияти бештар хоҳад бахшид.

Ҷаноби Президент, аз Шумо қабули изҳори эҳтироми фоиқаи ин ҷонибро хоҳишмандам».

***

Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд дар номааш гуфтааст:

«Бародари муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Худованд ҳифзатон кунад

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу,

Мояи хушнудист, ки Шуморо ба муносибати фарорасии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз номи миллат ва ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва шахсан аз номи худам самимона табрику муборакбод намоям.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатию саодатмандии бардавом, ба Ҳукумат ва мардуми ба мо бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафту шукуфоии бештар орзумандам».

***

Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия – Франк-Валтер Штайнмайер дар матни табрикотии худ гуфтааст:

«Ҷаноби Президент,

Ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо табрикоти худро ирсол менамоям.

Германия аввалин  кишвари узви Иттиҳоди Аврупо буд, ки сафорати худро соли 1993 дар Душанбе ифтитоҳ намуд.

Аз он вақт инҷониб муносибатҳои байни Тоҷикистону Германия мунтазам инкишоф ёфта истодаанд. Германия минбаъд низ барои давлати Шумо дар ҷодаи таҳкими демократия ва давлати ҳуқуқбунёд, инчунин таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ҳамчун шарики боэътимод боқӣ хоҳад монд.

Шахсан ба Шумо ва мардуми тоҷик тамоми хушиҳо, сулҳ ва шукуфоӣ таманно дорам».

***

Дар табрикномаи Императори Япония Наруҳито чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хушнудии зиёд табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ирсол дошта, ба мардуми давлати Шумо хушбахтӣ ва шукуфоӣ орзумандам».

***

Илҳом Алиев – Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон дар номаи табрикотӣ чунин навиштааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Аз номи худ ва аз номи мардуми Озарбойҷон Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуматонро бо иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи истиқлол аз самими қалб табрик менамоям.

Имрӯз Тоҷикистони дӯст соҳибистиқлолии худро таҳким бахшида, ба иқтисодаш рушд дода, некӯаҳволии мардумашро боз ҳам беҳтар гардонида,  дилпурона ба сӯи пеш қадамҳои устувор гузошта истодааст.    Давлати Шумо ҳамзамон дар истиқрори сулҳу суботи ҷаҳону минтақа, амният ва муколамаи байналмилалӣ саҳми шоён гузошта истодааст.

Бовар дорам, ки он иқдомоте, ки аз ҷониби мо ҷиҳати тавсеаи миқёси ҳамкориямон ва таҳкими равобити дуҷонибаи кишварҳоямон, ки бар асоси эҳтироми якдигар ва эътимод сурат мегиранд, ҳамеша бар нафъи мардумонамон хидмат хоҳанд кард.

Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар чунини рӯзи хотирмон ба Шумо саломатии бардавому дар корҳоятон муваффақият ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

***

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон – доктор Ориф Алвӣ чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли майл шуморо ба муносибати ҷашни Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик ва таҳният менамоям.

Байни Покистон ва Тоҷикистон равобити самимӣ ва дӯстона вуҷуд доранд, ки решаҳои амиқи динӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ доранд. Майли дуҷонибаи мо ҷиҳати таъмин намудани сулҳ ва шукуфоӣ дар минтақа ҷоннок намудани талошҳоро барои ҳамкории минбаъда талаб мекунанд. Итминони комил дорам, ки дар якҷоягӣ мо метавонем муносибатхои дуҷонибаи мавҷударо байни Покистон ва Тоҷикистон минбаъд мустаҳкам намуда, ба куллаҳои баланд равона созем.

Ин фурсатро ғанимат дониста, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил, пирӯзиҳо ва ба мардуми бародари Тоҷикистон — сулҳу пешрафт ва шукуфоӣ орзумандам.

Ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди изҳори ғояти эҳтиром ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ғанимат медорам».

***

Аълоҳазрат Ал-Султон Абдуллоҳ Риоятуддин Ал-Мустафо Биллоҳ Шоҳ Ибни Ал-Марҳум Султон Ҳоҷи Аҳмад Шоҳ Ал-Мустаъин Билоҳ, Шоҳи Малайзия табрикоти худро бо мазмуни зайл ирсол намудааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Мояи хушнудист, ки табрикоти самимии худро ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни фараҳбахш -28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бирасонам.

Мо мехоҳем итминони худро ба пешрафту рушди муваффақонаи минбаъдаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии оқилона ва дурандешонаи Шумо изҳор намоем.

Мо аз даргоҳи Худованди бузург барои Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комилу некрӯзӣ ва барои тамоми мардуми Тоҷикистон шукуфоии бардавому сулҳу саодатмандӣ масъалат дорем».

Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин аз Шоҳи Шветсия – Карл Густаф, Президенти Федеролии Ҷумҳурии Австрия – Александр Ван дер Беллен, Президенти Ҷумҳурии Португалия – Марсело Ребело ди Суза, Президенти Ҷумҳурии Сингапур – хонум Ҳалима Якоб, Раиси Шӯрои Давлатӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Куба — Мигел Диас-Канел Бермудес, Валиаҳд–Муовини Раиси Шӯрои вазирон–вазири мудофиаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ – шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Президенти Давлати Фаластин – Маҳмуд Аббос ва дигарон расиданд.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Президенти мамлакат ба муносибати ҷашни фархундаи 28-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Мануэл Загерро ба ҳузур пазируфтанд

6 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Мануэл Загерро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии пайвастаи Конфедератсияи Швейтсария, ки тавассути фаъолияти самарабахши Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, амалӣ мегардад, изҳори сипос карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои таъмини об ва беҳдошт, тағйирёбии иқлим, маориф, тандурустӣ ва шуғли аҳолӣ, волоияти қонун, инчунин рушди бахшҳои воқеии иқтисод ва хусусиро муҳокима намуданд.

Ҳавасмандии ҳар ду ҷониб оид ба густариши робитаҳо дар татбиқи лоиҳаҳои соҳавӣ, тавсеаи тиҷорат, сармоягузорӣ, такмили низоми бонкии кишвар, ифтитоҳи корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, аз ҷумла дар бахшҳои мухталифи саноат, таъкид гардид.

Аз ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳодҳои молиявии Бреттон-Вудс, Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, изҳори қаноатмандӣ гардида, ҷоннок намудани фаъолияти кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ зарур шумурда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо ҳамкории зичу пурсамари ҳукуматҳоро оид ба муборизаи муштарак бар зидди падидаҳои харобиовари терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, муҳокима карданд.