Архив Июнь 2019

Ҷилди дигари китоби “Нури Ваҳдат” аз чоп баромад

 Бино ба иттилои хабаргузории “Ховар” нашриёти “Истеъдод” дар остонаи ҷашни Ваҳдат ҷилди дигари китоби “Нури Ваҳдат”-ро интишор дод. Гуфта мешавад, ки ба шумор ин сивуякумин ҷилд аз ин силсила аст.  Мураттибони китоб Рамазонӣ Давлатов, Умриддин Юсуфӣ ва муҳаррири масъули он  Мирозошоҳрух Асрорӣ мебошанд.

 Дар хабари “Ховар” мехонем: То ҷое мусаллам  аст, рисолати асосии  адабиёти миллӣ, ки ҷузви таркибии ҳаёти иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мебошад, ҳамсафи замона  будану  инъикоси дастовардҳо  ва пешрафтҳои  даврони  соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ доир ба бунёди иншооти бузурги аср Неругоҳи Барқи Обии Роғун  5 январи соли 2009 гуфта буданд,  «дар чунин  шароит зарур аст,   ки  адибону олимон  ва умуман аҳли зиё, пирони рӯзгордидаву  ҷавонони ғаюр, мардони оқилу  дурандеш ва занону модарони боҳиммати Ватан, аҳзоби сиёсиву  иттиҳодияҳои ҷамиятӣ ва ходимони дин дар масъалаи  даъвати мардум  ба ин кори  фаъол бошанд ва бо саҳми шахсии худ  ба дигарон ибрат нишон диҳанд».  Дар ин росто дар китоби «Нури Ваҳдат» шеърҳои  шоирони шинохтаи тоҷик,  назири  Муъмин Қаноат- «Панҷаи нур», Бозор Собир- «Роғун», «Меҳрнома», «Кафшер»,   Гулназар -«Таронаи Роғун», «Муборакбодӣ», «Файзи Истиқлол»,  Аскар Ҳаким — «Истиқлолияти кишвари тоҷик», Камол Насрулло — «Чист Роғун?», «Роғун башорат аст»,   Ҳақназар Ғоиб — «Созем Роғунро зи меҳр»,  Салимшо Ҳалимшо — «Ахтари Роғун», Саидалӣ Маъмур — «Роғун»,  Муҳаммад Ғоиб -«Ифтихор», «Нури Роғун», «Васфи Роғун», «Мавҷи нур» гирд оварда шудааст.  Дар маҷмӯъ дар ин китоб шеърҳои ба васфи Роғун бахшидаи беш аз ҳаштод  шоири тоҷик ҷой дода шудааст.

 Мусаллам аст, ки  воқеан  бунёди Неругоҳи Роғун дар Тоҷикистон ба корзори мардонагӣ  табдил гардида, он орзуи деринаи миллати тоҷикро  дар роҳи  тавлиду интишори нур ба воқеияти пурифтихори таърихӣ  табдил хоҳад дод.

Технологияи иттилоотӣ

Хонандагони азиз! Соли ҷорӣ шумо тавассути китоби таълимии «Техналогияи иттилоотӣ» дониши худро дар самти татбиқи барномаҳои компютерӣ мукамалтар гардонида, бо баъзе техналогияҳои дигари табдилдиҳии иттилоот шиносоӣ пайдо хоҳед кард.

 Дар раванди омўзиши китоби дарсӣ, супоришҳои таълимӣ ва гузаронидани машғулиятҳои амалӣ дар синфхонаи комптерӣ унсурҳои фарҳанги иттилоотии шумо ҳангоми кор бо барномаҳои татбиқӣ, истифодаи техналогияҳои танзими барномаҳо ва қисмҳои комптер, технологияҳои корбурди  ҷузвдонҳои сиситемавии мизи кори системаи амалиётӣ, иҷрои амалҳои одитарин бо иттилооти графикӣ ва ададӣ, боло бурда мешавад.

 Имсол низ мо шуморо тақозо менамоем, ки берун аз машғулиятҳои дарсӣ муддатҳои дурудароз дар назди экрани манитори компютер нанишинед, аз истифодаи телефонии ҳамроҳ, махсусан ба гўш наздик бурда, суҳбат кардан худдорӣ намоед. Амалҳои мазкур метавонанд ҳам ба чашмон ва ҳам ба мағзи сари шумо хатари ҷиддӣ эҷод намоянд. Барои истифодаи ин воситаҳо беҳтар мешуд, агар шумо аз волидон бародарону хоҳарони бузург ва омўзгорони худ иҷозат мепурсидед ва дастурҳои онҳоро иҷро мекардед.

Ин иқтибосе буд аз сароғози китоби “Технологияи иттилоотӣ”, ки соли 2008  чоп шудааст. Муаллифи сатрҳои боло муаллифи китоби мазкур Ф. Комилиён аст.

Ҳадафи иншои китоби мазкур, ки барои хоннадагони синфҳои шаш пешбинӣ шудааст, аз он иборат аст, ки хонандагон бо техналогияҳои коркарди иттилооти графикӣ ва ададӣ дар  муҳити системаи амалиётӣ шинос шаванд ва дар ҳалли масъалаҳои гуногуни ҳаётӣ истифода баранд.

Китобро шумо метавонед аз толори хониши Шуъбаи кӯдакон ва наврасон пайдо ва мутолиа намоед.

Гулшан ул-мулук

 Гулшану-л-мулук асари таърихии Муҳаммадяъқуби Бухороӣ, ки дар он воқеаҳои  таърихӣ аз замони пайғамбар Муҳаммад (с) то солҳои аввали ҳукмронии амир Насруллоҳ (1826-60) ба қалам омадааст.

 Муаллиф  ба навиштани асараш солҳои 1824-28 шурўъ намуда, тақрибан дар солҳои 1830-31 онро ба охир расонидааст.  Гарчи дар «Гулшану-л-мулук» оид ба воқеаҳои асрҳои мухталиф маълумот оварда шудааст, вале ба шарҳи давраи ҳукмронии сулолаҳои Аштархониён ва Манғития бештар диққат дода шудааст.

 Ҳамчунин «Гулшану-л-мулук» дар бораи омўзиши таърихи Шаҳрисабз, муносибати ҳокимони он бо амирони Бухоро ва таҳқиқи таърихи асрҳои 17-18 Осиёи Миёна (то соли 1830) манбаи муҳим мебошад. Дастхатҳои «Гулшану-л-мулук» дар китобхонаҳои  Маскав, Тошканд ва Душанбе  маҳфузанд.

 Бозчоп аз «Энсиклопедияи миллии тоҷик». – Душанбе, 2015. – С. 575.

Гулшанӣ Муҳаммад Содиқхоҷаи Бухороӣ

Гулшанӣ Муҳаммад Содиқхоҷаи Бухороӣ (тақрибан соли 1861) дар Бухоро, дар хонадони муфтии мударрис  Муҳаммад Мир Сайид тба дунё омадааст. Шоир, муаррих ва ҷуғрофиёдони тоҷик.

 Дар асараш «Таърихи Ҳумоюн» (таълифаш 1910) аҷдоди худро марбут ба Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гуфтааст. Дар Бухоро таҳсилро дар мадраса хатм намуд. Чун шоири нуқтасанҷ, шахси донишманди аз илму фарҳанг бохабар (махсусан аз таърих) шуҳрат ёфта буд. Аз ин ҷост, ки амир  Абдулаҳад (ҳукумронӣ 1885-1910  ўро ба ҳайси надим ба хидмат даъват кард.

 Дар манбаъҳои адабиву таърихии асри 19 – ибтидои асри 20 фазилатҳои донишмандии Гулшанӣ иштирокаш дар маҳфилҳои адабӣ бо ширкати Аҳмади Дониш, Садри Зиё, Назруллоҳи Лутфӣ, Яҳёхоҷа, Мирзо Азимӣ Сомӣ, Абдуллоҳхоҷаи Таҳсин ва дигарон, инчунин маҳорати ў дар русидонӣ таъкид гардидааст.

 Намунаҳои  ашъораш дар «Тазкори ашъор»-и  Садри Зиё, «Тазкирату-ш-шуаро»-и Муҳтарам, «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ ва ғайра дар асари таърихӣ-ҷуғрофиёии ў «Таърихи Ҳумоюн» сабт гардидаанд.

 Ашъори Гулшанӣ аз ҷиҳати тарзи баён содаву равонанд. Вай пайрави сабки шоирони гузаштаи форс-тоҷик, махсусан Саъдию Ҳофиз буд. Абёти зерин намунае аз ашъори ўянд:

       Ба оташ афканад лаъли лабат лаъли Бадахшонро,

       Қади сарви ту биншонад зи по сарви хиромонро.

       Маро савдои зулфайни ту охир кард савдоӣ,

       Парешонхотирам, то дидам он зулфи парешонро.

       Маҳи афлок ҳар шаб аз рухи моҳи ту мегардад,

       Ба таб афканда хуршеди рухат хуршеди тобонро.

       Шавад мушки  Хито ночиз пеши зулфи мушкинат,

       Кунад хомўш шамъи оразат шамъи шабистонро.

       На танҳо Гулшанӣ аз ҳаҷрат, эй гул, доғ дар гулшан,

       Ба ранги лола аз ишқи ту дидам лоларўёнро.

Гулшанӣ соли 1910 дар Бухоро аз дунё гузашт.

Бозчоп аз «Энсиклопедияи миллии тоҷик». – Душанбе, 2015. – С. 575.

Муаллиф: Ғ. Ғоибов., Ҷ. Назриев

Дар бораи Гулшанӣ дар Китобхонаи миллӣ боз метавонед ин матолибро ҳам суроғ кунед:

Айнӣ,С. Куллиёт. – Ҷ.7. – Д, 1969.

Алимардонов, А. Гулшанӣ // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик.Ҷ.1. – Д, 1988.

Таърихи Ҳумоюн / Ба чоп тайёркунанда, мураттиб ва муллифи сарсухан Ҷ. Назриев. – Душанбе, 2006. – 168.

Ғоибов, Ғ. Таърихи Хатлон аз оғоз то имрўз. – Д, 2006.

 Намунаи адабиёти тоҷик. – Д, 2010.

Назрӣ, Ҷ. Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшании Бухороӣ ва «Таърихи  Ҳумоюн»- и ў: Роҷеъ ба рўзгору осори Гулшанӣ ва муаррифии асари «Таърихи  Ҳумоюн» // Мероси ниёгон. – 2015. – №7. – С. 164-174.

Таҳияи Меҳрангез Ғуломова,

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам…

Арзиштарин дастоварде, ки дар тӯли 28 соли истиқлолияти давлатӣ ба даст омад, ин Ваҳдати миллӣ мебошад. Ваҳдати миллӣ имрӯз баробари истиқлолияти давалатӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистони азиз, қиммадтарин иди миллӣ ба ҳисоб меравад. Қиммати ин идро тамоми сокинони ҷумҳурӣ хуб эҳсос менамоянд, аз даврони ҷангу хунрезӣ то ин ҷониб ба қадри ин неъмати баланд ба хубӣ мерасанд. Ҳама сола таърихи 27-уми июн дар саросари кишвари маҳбубамон рӯзи «Ваҳдати миллӣ» таҷлил гирифта мешавад. Соли равон халқи тоҷик 22-умин солгарди Ваҳдати миллиро бо шукуҳмандии хоса пешвоз гирифта истодааст.

 Дар ҳақиқат, баракати ваҳдат буд, ки ҳазорон нафар паноҳандагон ба ватан бар гаштанд, ҳазорон кӯдакон бепарасторон ба ғамхорӣ фаро гирифта шуда, сарпаноҳ ёфтанд, ҳазорон нафар соҳиби хонаву дар ва оилаи обод гаштанд. Кӯшишҳои Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи расидан ба сулҳу ваҳдат манзури оламиён гардид.

 Ирӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки Тоҷикистон мактаби таҷрибаи сулҳофарӣ гаштааст. Имрӯз ҳам давлат, ҳам ҷомеа ва ҳам ҳар як фард дар робита бо қобилият, бо имконият ва истеъдодаш вазифадор аст, ки дар нашр, ташвиқу тарғиби арзишҳои маънавию моддӣ ва афзун намудани онҳо саҳм бигузорад. Ба ин маънӣ, ифтихор, ба андешаи мо, ду поя дошта бошад: яке он, ки худи мо баҳри ояндагон боқӣ мегузорем. Ифтихори миллӣ бо каллаи холӣ амалӣ намешавад. Онро (калларо) бояд бо ғановати маънавӣ ғанӣ гардонд ва ҳар як дарси мактабро ба дарси ифтихори миллӣ табдил дод.

                         Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам

                        Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам

                        Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

                        Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.

Умедворем, ки Тоҷикистон минбаъд низ дар фазои сулҳу ваҳдат ба дастовардҳои бузург ноил гашта, миёни кишварҳои пешрафта мақоми сазоворро ишғол мекунад. Зеро ваҳдат кафили суботу пешрафти ҷомеа аст.

Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи миллии Мински Ҷумҳурии Беларус

27 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи миллии Минск Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Беларус гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки то имрӯз бо талошҳои пайвастаи давлату ҳукумати кишвар, сиёсати дурбинонаи хориҷии дарҳои бози Пешвои миллат, иродаи қавии сарони давлатҳо ва муколамаи сатҳи олии Тоҷикистону Беларус, муносибатҳои дӯстию ҳамкории ду давлат сатҳу сифати нав касб кардааст.

Дар назар аст, ки зимни ин сафари расмӣ мулоқоту музокироти сатҳи олӣ оид ба баррасии маҷмуъи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва дарёфти роҳҳои таъмиқи робитаҳои Тоҷикистону Беларус, баргузор гардад.