Архив Ноябрь 2024

МАҲФИЛИ ҲОЗИРҶАВОБОН МИЁНИ ДАСТАҲОИ ХИРАД ВА ДОНИШВАРИ ФАКУЛТЕТҲОИ КОЛЛЕҶ АЗ ФАННИ АСОСҲОИ ҲУҚУҚ

   Ба ифтихори 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” миёни дастаҳои “Хирад” ва “Донишвар”-и факултетҳои Коллеҷ санаи 05.11.2024 дар толори конференсионии муассиса аз фанни асосҳои ҳуқуқ маҳфили ҳозирҷавобон ташкил ва баргузор карда шуд. Дар маҳфили мазкур аъзои дастаи “Хирад”-и факултети иқтисодиёти саноати кӯҳӣ ва “Донишвар”-и факултети геология фаъолона ширкат варзида қобилият ва маҳорати ҳозирҷавобии худро аз рӯи саволҳои пешниҳодгардида бо асоснокунии донишҳои ҳуқуқӣ нишон доданд.
      Дар рафти баргузории маҳфил ба суолҳои пешкашгардида ҳарду даста кӯшиш менамуданд, ки дар асосноккунии ҷавобҳо аз ҳамдигар бартарӣ нишон диҳанд.
     Боиси қайд аст, ки баргузории маҳфили ҳозирҷавобон тибқи тартиб дар Колле доим амалкунанда буда, дар ҷамъбасти ҳар даври академӣ аъзои ҳакамон натиҷаи холҳои умумии бадастовардаи дастаҳоро натиҷагирӣ намуда, аз рӯи холҳои даставӣ беҳтаринҳо муайян ва қадрдонӣ хоҳанд шуд.

КОНСТИТУТСИЯ–КАФИЛИ ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДОН БА ТАҲСИЛ

  Таъмини ҳуқуқ ба таҳсил яке аз омилҳои муҳими пешравии ҷамъият аст. Афзалияти ин ҳуқуқ дар он аст, ки надоштани таҳсилот имкониятҳои истифода бурдани дигар ҳуқуқҳои инсонро маҳдуд месозад.
Дар зери мафҳуми таҳсилот-раванди мутассили таълиму тарбия, ки ба инкишофи маънавӣ, зеҳнӣ, фарҳангӣ, ҷисмонӣ ва салоҳияти касбии шахс равона карда шудааст, фаҳмида мешавад. Ин равандро муқаррароти аз ҷониби шаҳрванд ба даст овардани сатҳҳои таълимии аз ҷониби давлат муқарраршуда, ки бо ҳуҷҷати дахлдор тасдиқ карда мешаванд, муайян мекунанд. Аз ин рў, яке аз ҳуқуқҳои конститутсионӣ,иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии шахс ҳуқуқ ба тахсил мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии – ҳуқуқӣ» аз 26 марти соли 2009, Конститутсия дар низоми санадҳои меърии ҳуқуқӣ дар мадди аввал қарор дорад, ки ин маънои ссарчашмаи асосӣ ва эътибори олии ҳуқуқии онро дар байни дигар қонунҳо инъикос мекунад. Тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ тибқи меъёрҳои Конститутсия танзим мегардад, аз ҷумла кафолати ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсилот.
      Бинобар ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилот дар асоси муқаррароти моддаи 41 – уми Констититсия чунин инъикос ёфтааст: «Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асоси ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлати кафолат медиҳад.
      Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлати метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умуми, ибтидоии касби, миёнаи касби ва олии касби гирад.
Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад.»
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф дар заминаи усулҳое қарор мегирад, ки онҳо моҳият, мақсад, мазмун ва таъиноти низоми маорифро дар мамлакат муайян менамоянд. Аз ҷумла, ҳатмӣ будани маълумоти асосӣ, дастраси умум будани маълумоти миёнаи умумӣ. ибтидо¬ии касбӣ, мувофиқи қобилият дар асоси озмун гирифтани меъёрҳои минбаъдаи таҳсил, мохияти башардустонаи мазмуни таҳсилот, бартарии арзишҳои миллию умумибашарӣ, рушди озодонаи шахс, эҳтироми қонун, ҳуқуқ ва озодии инсон, муҳаббат ба Ватан, оила ва муҳити зист, ҷанбаи илмӣ, дунявӣ ва башардустонаи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, ягонагии фазоӣ маърифатию фарҳангӣ, ҳимоя ва рушди фарҳангӣ миллӣ, анъанаҳои миллӣ дар заминаи маориф, ҷанбаи демократӣ ва давлатию ҷамъиятӣ доштани идораи соҳаи ма¬ориф, сохибихтиёрии муассисаҳои таълимӣ. Ҳамчунин новобаста бу¬дани муассисаҳои таълимии давлатӣ аз нишондодҳои идеологӣ ва қарорҳои ҳизбҳо, иттиҳодияҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои динӣ, бепул будани маълумоти миёнаи ҳамагон ва нахустии маълумоти касбии ҳамаи зинаҳо дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ё маҳаллӣ дар ҳадди меъёри дахлдори маълумот, мутобиқати маълумот бо сатҳи ҷаҳонӣ аз ин қабил усулҳо мебошанд.
Ҳуқуқ ба таҳсил яке аз ҳуқуқҳои муҳими иҷтимоии инсон буда, барои рушди ҳам шахсият ва ҳам ҷомеа замина муҳайё месозад. Дар замони ҳозира дар кишварҳои демократӣ ҳуқуқ ба таҳсил бо маънои томаш маҷмўи пурраи ҳуқуқи зеринро дар худ таҷассум мекунад: ҳуқуқи ройгон гирифтани таҳсилот дар муассисаҳои таълимии давлатӣ, дастраси умум будани таҳсилот, озодии таълим, ҳуқуқ ба таъсиси муассисаҳои таълимии шахсӣ.
    Шаҳрвандони Ҷумҳурии Точикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакони дорои имконияти маҳдуд, маъюбон ва шаҳрвандоне, ки муддати тӯлонӣ бо сабаби беморӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ рафта наметавонанд ба таҳсилот, интихоби муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсил (рўзона, шабона, ғоибона, оилавӣ, фосилавӣ ва (экстернат) ҳуқуқ доранд.
  Шахс инчунин метавонад ба таври ройгон дар муассисаҳои таълимии давлатӣ, дар доираи меъёрҳои давлатии таҳсилот дар асоси озмун таҳсилоти миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ гирад, агар шаҳрванд таҳсилоти меъёри мазкурро бори аввал гирад.
Хатмкардагони муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ, барои идомаи таҳсил дар зинаҳои болоии таълим ҳуқуқи баробар доранд.
     Ҳамзамон давлат шахсони дорои қобилияти фавқулоддаро махсусан дастгирӣ намуда, ба онҳо ҷиҳати гирифтани таҳсилот кўмак мерасонад, аз ҷумла барояшон идрорҳои махсуси давлатӣ муқаррар менамояд, ҳангоми зарурат онҳоро барои таҳсил ба ҳориҷа мефиристад.
Давлат таъминоти кўдакону наврасони ятиму бепарасторро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои бучетӣ кафолат медиҳад.
      Бо мақсади татбиқи ҳуқуқ, барои таҳсил ба шаҳрвандоне, ки ба кўмаки иҷтимоӣ ниёз доранд, дар давраи таҳсили онҳо давлат пурра ё қисман маблағ ҷудо мекунад. Давлат ба шаҳрвандоне, ки инкишофёбии ҷисмонии онҳо нуқсон дорад, барои таҳсил шароит муҳайё месозад.
     Ҳуқуқи шахс ба таҳсил, инчунин дар Қонуни ҶТ «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии гаълимӣ» аз соли 2009 танзим ёфтааст. Дар он сиёсати давлат дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муасси¬саи олии таълимӣ муқаррар ва ба танзим дароварда, барои таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар як шахс ҷиҳатидарёфти таҳсилоти олии касбӣ шароит фароҳам овардааст.
   Ҳамин тариқ, амалишавии ҳуқуқҳои зикргардидаи шаҳрвандон ба таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гўвоҳи дар амал татбиқ шудани меъёрҳои Конститутсия, сарчашмаи асосӣ, бахтномаи миллат ва дар баробари ин ғамхории бевоситаи роҳбарияти давлату ҳукумати Тоҷикистонро ба ҳуқуқҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандон ифода менамояд.
Муродова Муноҷот Баҳромовна – ассистенти забонҳои Колеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова дар наздди ДКМТ