Поделиться ссылкой:
Сардори шуъба Пачаева М.П.
Сахтори шуъбаи ташкилӣ – тарбиявӣ, кор бо оила ва робита бо ҷомеа
- Сардори шуъба
- Сармутахассис 2 – нафар
- Мутахасисси пешбар 2 – нафар
- Эдвайзери тарбия
- Мураббия
- Мурабби
Ташкилӣ – тарбиявӣ: Бунёди ҷомеаи солим ва аз нигоҳи тарбия пешрафтаро танҳо бо роҳи тарбияи бурҳон ва ба камол расонидани насли аз нигоҳи ақлу хирад обутобёфтаро тавассути тарбияи солим ба даст овардан мумкин аст.
Кор бо оила: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қонуни асосии давлат мебошад, Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимои ва фарҳангӣ «Оиларо ҳамчун рукни табиӣ ва асоси ҷамъият» эътироф намуда, давлат онро ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон,ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳӣ манъ аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари вохурию сўҳбатҳояш оид ба бунёди оилаи солиму устувор, тарбияи фарзандони солеҳ, таълиму тарбияи наслҳои имрӯзу оянда дар рӯҳияи ватандустӣ, баҳри пойдорию устувории Истиқлотияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, оилаи солиму фарзандони солеҳро асоси давлату миллати устувору солим арзёбӣ менамояд.
Бо ин хотир дар моддаи 14 КО ҶТ тағиротҳо ворид гардида, тибқи он никоҳи хешовандони наздик манъ ва аз муоинаи тиббӣ гузаштани никоҳшавндагонро ҳатмӣ ва ройгон муқарар намудааст.
Оила- иттифоқи озодона, ихтиёрона ва баробарҳуқуқии зану шавҳар, ки баъди бастани ақди никоҳ ба миён омада, ҳуқуқ, вазифаҳои никоҳӣ, хешу таборӣ, ба фарзанди қабул кардан, ба тарбия гирифтани кӯдак ва дигар муносибатҳои оилавиро ба танзим медарорад, мебошад.
Робита бо ҷомеа: Муассисаи давлатии коллеҷи кўҳии ба номи С.Юсупова бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2019 Мутобиқи қонуни мазкур боби 2. Мақомот оид ба танзими анъана ва ҷашни маросим ва ваколати онҳо, моддаи 4. (қҷТ аз 21. 07. соли 2010 №636 Мақомоти ваколатдор оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим, моддаи 5. (қҷТ аз 28. 08. соли 2017, №1461) Комиссияҳои доимии маҳаллӣ, моддаи 5/1. (қҷТ аз 28. 08 соли 2017, №1461) Комиссияи ҷамъиятӣ. Комиссияи ҷамъиятиро оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим бо фармоиши директори коллеҷи кўҳии ба номи С.Юсупова таҳти №74 тасдиқ гардидааст. Вазифаҳо ҷиҳати иҷроиши муқаррароти қонуни мазкур байни ҳайати аъзоён тақсим карда шудааст. Мутобиқи нақшаи кории тасдиқ гардида аъзоёни комиссия маълумот пешниҳод менамоянд. Бояд тасдиқ кард, ки дар соли ҷорӣ дар коллеҷ як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст. Дар давоми соли 2019 дар муассиса намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ бо кормандону омўзгорон ва донишҷўён вохўриҳо доир карда шуданд. Мақсади асосӣ аз ин вохўриҳо боз ҳам ҷонок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.