Поделиться ссылкой:
Устодону кормандон, донишҷӯён ва ҳамкасбони гиромӣ!
Бо арзи сипос аз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мо имсол 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот ва оромии Ватани маҳбубамон таҷлил менамоем.
Бо эҳсоси ифтихору сарфарозӣ 33-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Коллеҷ самимона муборакбод гуфта, бароятон пеш аз ҳама тандурустии комил, саодати рӯзгор, муваффақиятҳои пайдарпай ва ба Тоҷикистони азиз пешрафту шукуфоӣ ва суботи пояндаро таманно дорам.
Қобили таъкид аст, ки Артиши миллӣ ҳамчун яке аз пояҳои асосии давлатдории муосир дар тӯли 33 сол дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи ҷомеа саҳми арзанда гузоштааст.
Ташаккул ва тақвияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави давлатдории тоҷикон ва дар фаъолияти созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи равшану ифтихормандеро боз кардааст.
Имрӯз Тоҷикистон дар сафи он давлатҳост, ки қодир аст марзу буми худро ҳифз намояд. Ҷавонони ватандӯст, родмардони шуҷоъ ва фарзандони бонангу номуси миллат сипари боэътимоди хоки аҷдодӣ мебошанд. Бо итминон метавон гуфт, ки Тоҷикистони имрӯза аз кишвари солҳои 90-уми асри гузашта комилан фарқ дорад ва ҳаргиз ба доми дасисаҳои бадхоҳону иғвогарон нахоҳад афтод. Хиради азалии миллати тоҷик ҳамеша боло хоҳад буд ва арзишҳои сулҳу осоишро пос медорад.
Боварии комил дорем, ки дар соли 2026 низ афсарону сарбозони далеру ватандӯст таҳти роҳбарии оқилонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи Ватан, дастовардҳои истиқлол ва суботи кишварро вазифаи муқаддаси худ шуморида, бо садоқат, интизоми намунавӣ ва омодагии доимӣ хизмати софдилона анҷом медиҳанд.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумоёнро ба муносибати ин рӯзи фархунда табрик гуфта, бароятон зиндагии пурфайзу баракат, иқболи баланд, хонаи обод, комёбиҳои нав ба нав, таҳсили аъло ва ба Тоҷикистони азиз сулҳу суботи ҷовидонаро орзу менамоям.
Ба афсарону ҳомиёни шуҷои Ватан бошад, иродаи қавӣ ва мардонагии боз ҳам бештар таманно дорам.
Бигзор дар сарзамини маҳбубамон сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳамдиливу ягонагӣ ва осмони софу беғубор ҳамеша побарҷо бошад!
Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!































