Поделиться ссылкой:
Шуъбаи илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ :
Сардори шуъбаи илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ :
Шарифова Лайлӣ Абдуллоевна . Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маълумоташ олӣ, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултаи флалогия, Унвонҷӯи Пажуишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
Илм ва инноватсия омили пешрафти ҷомеа мебошад. Миллати сарбаланди тоҷик дар замони муосир сазовори Сарвари ҳалиме гардидааст, ки ӯ бо ҳилму илми хеш ба рушди илму таълим ва маънавиёти мардуми хеш ҳамеша таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба илм ва моҳияти он чунин таъкид намуданд:
«Илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд».
Фаъолияти шуъба:
Шуъбаи илм инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ дар асоси сохтори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Шуъба фаъолияти худро дар сохтори муассисаи давлатии коллеҷи куҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳӣ- металлургии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф », «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ » , «Низомнома », «Оинномаи коллеҷ» ба роҳ мондааст.
Шуъба дар муассиса тибқи талаботҳои меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ амал намуда таъмини шароити мусоид ҷиҳати ташкил ва сафарбар намудани хоҳишмандонро ба зимаи худ дорад. Инчунин ҷорӣ намудани шароитҳо ба таълими фосилавии байни коллеҷҳои хориҷ аз кишвар ва ҳамзамон омузиш ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии хориҷи кишвар дар коллеҷро ба уҳда гирифтааст.