Поделиться ссылкой:
Факултети геология ҳамчун яке аз воҳидҳои сохтории Муассисаи давлатии коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова аз давраи таъсисёбии коллеҷ, яъне аз соли 2008 амал менамояд. Дар факултети геология дар соли таҳсили 2018-2019 ҳамагӣ 179 нафар донишҷу дар шуъбаи рӯзона ба таҳсил фарогирифташуда аст, ки аз он 25-нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, инчунин аз инҳо 90 нафар ба тариқи буҷавӣ ва 89 нафар ба тариқи шартномавӣ, таҳсил карда истодаанд. Айни замон дар сохтори факулта чор кафедра:
- Кафедраи «Геологияи нафту газ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок» аз руи ихтисосҳои 2-48 01 35 «Коркарди нафт ва газ», 2-51 01 01 «Геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок»;
- Кафедраи «Геоэкология» аз рӯи ихтисосҳои 2-57 01 01 «ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ» ва 2-57 01 01 01 «Экологияи саноатӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ» донишҷуён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
- Кафедраи Забонҳо.
- Кафедраи тарбияи ҷисмони ва мудофияи шаҳрвандӣ.
Раванди иҷроиши нақшаҳои таълимӣ дар шакли таълими рӯзона дар факултет бевосита дар асоси фаъолияти кафедраҳои факултет, инчунин кафедраҳои мустақил ва ҳамзамон кафедраҳои факултети кӯҳкорӣ амалӣ карда мешавад.
Факултет дар соли хониши 2018-2019 фаъолияти худро дар доираи муқаррароти қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба маориф», Низомномаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба роҳ мондааст.
Факултети геология дар ошёнаи дуюми бинои таълимии Муассисаи давлатии коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова қарордошта дорои 7 авдиторияҳои фанни мебошад, ҳамаи авдиторияҳо бо проектор ва пардаҳо пурра муҷаҳазонида шуда аст.