Кафедраи системаи иттилоотӣ-географӣ

Поделиться ссылкой:

Кафедраи «Системаи иттилоотӣ- географӣ» мувофиқи  фармони директори Коллеҷи Кўҳии ба номи  С. Юсупова аз 01.09.2018, таҳти №90 таъсис  дода шуда, яке аз ҷузъи таркибии факултаи «Кўҳкори» ба шумор рафта, мувофиқ ба ҳаҷми сарбории муайянгардида дар гурўҳҳои анъанавӣ ва кредитӣ фаъолияти худро пеш мебарад.

ҳАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ-УСТОДОНИ

КАФЕДРАИ СИСТЕМАИ ИТТИЛООТӣ – ГЕОГРАФӣ

ҳоло дар соли таҳсили 2018-2019, дар кафедра 8 – нафар устодон  кор ва  фаъолият  менамоянд, ки аз ин миқдор 7 – нафарашон  устодони доимӣ  (87,5%)  ва  1 – нафари дигар (12,5 %)  устодони  ҳамкор мебошанд.

Аз онҳо:

-доктори илм, профессор –

– номзади илм, дотсент –

– муаллими калон – 5- нафар;

– ассистент – 3- нафар мебошад.

  1. Маҷидов Х.Г. ,- ассистент мудири кафедра
  2. Юсуфов М.Ф. ,- ассистент
  3. Азизов Ш.Т.,- муаллими калон
  4. Муродов С. Р.,- муаллими калон
  5. Мирзоев Э.,- муаллими калон
  6. Абдуллоев А.,- муаллими калон
  7. Холов С.,- муаллими калон
  8. Наҷибуллоҳи Р.,- ассистент 

 

 

МАҷИДОВ ХУШВАХТ ГУРЕЗОВИЧ

МУДИРИ КАФЕДРАИ  СИСТЕМАИ ИТТИЛООТӣ – ГЕОГРАФӣ

Соли таваллуд  23 октиябри соли 1989    дар ноҳияи Балҷувон тавалуд  шудааст, соли 2009 ба Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе дохил шуда соли 2010 онро хатм кардааст ва худи ҳамон сол дар Литсейи номбурда ба ҳайси устои таълими истеҳсоли ба муҳлати як сол кор ва фаъолият кардааст.

Соли 2011 ба факултаи географияи  Донишгоҳи Давлатии Омузгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  дохил шуда соли 2015 онро бо ихтисоси  хизматрасонии иҷтимои мадани  ва туризм хатм кардааст.

Зиёда аз 3 – мақола ва дастурҳои методии ў ба табъ расидаанд.

ФАЪОЛИЯИ ТАЪЛИМИИ УСТОДОНИ КАФЕДРА

Фаъолияти  таълимии   устодони  кафедра мувофиқи нақшаҳои таълимӣ аз чунин фанҳои таълимӣ ба роҳ монда шудааст:

 

Номгўи фанҳо

Эзоҳ
1. Географияи Тоҷикистон ва асосҳои демографии он
2. Механикаи назариявӣ
3. Графикаи муҳандисӣ
4. Технологияи Системаи иттилоотӣ ҷугрофи
5. Технологияи геоитилоотӣ

Мувофиқи   нақшаи дар кафедра тасдиқ кардашуда  матнҳои лексионии устодон дар маҷлисҳои  кафедра мунтазам  таҳлилу муҳокима  гардида, оиди ба талаботҳои забони давлатӣ аҳамияти хоса дода мешавад.

Устодони кафедра раванди таълимро бо машѓулиятҳои лексионӣ, амалӣ, корҳои мустақилонаи донишҷў бо роҳбарии омўзгор (КМРО)  мегузаронанд.

ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедра асосан бо забони давлатӣ ва талаботи низомномаи кафедра  сурат  мегирад.

Ҷаласаю  машваратҳо,  конференсияҳо,  барномаҳои кории таълимӣ,  саволномаҳои тестӣ ва ғайраҳо ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда мешаванд.

КОРҳОИ ИЛМӣ – МЕТОДИИ КАФЕДРАИ СИСТЕМАИ

ИТТИЛООТӣ – ГЕОГРАФӣ

Кафедраи « Системаи иттилоотӣ – географӣ » фаъолияти илмии худро дар самти «Техники иттилоотӣ», ки  ба самти фаолияти илмии факултаи Куҳкори мувофиқ мебошад ба роҳ мондааст ва омўзгорони кафедра  дар ин самт фаолият намуда истодаанд. Аз ҷониби омўзгорони кафедра дар соли 2018 чунин мақолаҳои илми дар конфреренсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ чоп шудаанд:

  1. Маҷидов Х.Г. Дурнамои рушди устувори соҳаи туризм дар ноҳияи Балҷувон.
  2. ҳайдаров А. Муродов С.Р. Шафиев О. Геохимияи дарёи Варзоб дар Тоҷикистони марказӣ.
  3. Муродов С.Р. ҳайдаров А. Шафиев О. Самаранок истифодаи об дар соҳаҳои хоҷагии халқ.
  4. Муродов С.Р. ҳайдаров А. Шафиев О. Нерўгоҳи барқии обии Роѓун азимтарин иншооти саноатӣ, гидротехникии минтақа.

Аз ҷониби устодони кафедра чунин, дастурамалҳои  таълимӣ модулҳои фанҳои тахасуссӣ таҳия ва чоп шуданд:

т/р Номи мавод, дастур ва ё воситаи таълимӣ Ному насаби муалифон Соли нашр
1. География (модули таълимӣ) Маҷидов Х.Г.

Муродов С.Р.

Юсуфов М. Ф.

2018
2.  Механикаи назариявӣ (модули таълимӣ) Азизов Ш.Т.

Маҷидов Х.Г.

2018
3. Графикаи муҳандисӣ (модули таълимӣ) Азизов Ш.Т.

Маҷидов Х.Г.

2018
4. Таҷҳизонидани барқии автомобилҳо (Дастурамал) Азизов Ш.Т.

 

2011

 

КОРҳОИ ТАРБИЯВӣ ДАР КАФЕДРАИ СИСТЕМАИ

ИТТИЛООТӣ – ГЕОГРАФӣ

Устодони кафедра ба масъалаҳои тарбиявӣ низ аҳамияти ҷидди медиҳанд. Ин самти фаъолияти  корҳо дар асоси Консепсияи миллии тарбия  ба роҳ монда шудааст. Устодоне, ки роҳбарии  гурўҳҳои академиро бар уҳдаи худ гирифтанд, мувофиқи нақшаи тасдиқшуда дарси  тарбиявӣ  мегузаранд. Инчунин    корҳои тарбиявӣ низ мунтазам дар давоми дарсҳои таълимӣ ва берун аз он бо тариқи  суҳбатҳои гурўҳию  инфиродӣ   ба донишҷўён оиди ватандўстӣ,  инсондӯстӣ, бедор намудани шавқу ҳавас ба донишандӯзӣ  ва тарбияви гузаронида мешавад.

 

 

МУДИРИ КАФЕДРАИ

СИСТЕМАИ ИТТИЛООТӣ – ГЕОГРАФӣ                    МАҷИДОВ Х.Г.