ПАРЧАМ ҶИЛОИ НОМУСИ МИЛЛАТ!

Поделиться ссылкой:

Дар доираи иҷрои нақаша-чорабиниҳои коллеҷ вобаста ба сазовор ҷашн гирифтани “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23.11.2022 дар муассиса чорабинии маърифатию фарҳангӣ таҳти унвони “Парчам ҷилои номуси миллат” бо иштироки меҳмонону омузгорон ва хонандагону донишҷӯён доир гар дид.
Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ бо нишони арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ суруди миллӣ садо дод. Сипас сухани ифтитоҳӣ ба дирекори коллеҷ Суфиев Алишер Ҷаъмаевич дода шуда роҳбари муассиса ҳозиринро ба муносибати ин ҷаҳни фархудаи миллӣ самимона табрик ва буборакбод намуда дар ин баробар вобаста ба ин санаи таърихӣ фикру андешаҳои худро манзури ҳозирин гардонид. Зимни суханронии роҳбари муассиса зикр гардид, ки арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ қарзи шаҳрвандии мо буда, бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ моро зарур аст, ки дар пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пеҳвои миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъйю талошҳои пайвастаро роҳандозӣ намоем.
Инчунин зимни баромадҳо таъкид карда шуд, ки бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд.
Дар идома аз ҷониби маърузачиён вобаста ба таърихи пайдоиш, тартиби истифодабарӣ ва мъёрҳои муқараргардидаи санадҳои қонунгузорӣ фикру мулоҳизаронӣ сурат гирифт.
Махсусан гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рузи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.
Боиси хушҳолист, ки бо қабули Қонуни мазкур ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи иди Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад.
Ба хотири мақому манзаллати Парчам дар рукни давлатдорӣ Сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид. Натиҷа ҳамин буд, ки 30-юми августи соли 2011-ум дар маркази ш. Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165м., ки яке аз баландтарин парчам дар ҷахон аст, парафшон гардид. Баландии худи Парчам 30м ва дарозии он 60м мебошад.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ бошад, хонандагону донишҷӯён бо қироати шеъру суруд дар васфи Ватан, Парчам, ва дигар муқаддасоти миллӣ ба чорабинӣ шукуҳӣ дигар бахшиданд.