Поделиться ссылкой:
Санаи 08.12.2022 дар коллеҷ конференсияи ҷумҳуриявии илми-назариявӣ бахшида ба иди касбии «Рўзи геологҳо» таҳти унвони “Муҳимияти ҷорӣ намудани усулҳои муосири низоми ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷи захираҳои конҳои канданиҳои фоиданок ва баҳисобгирии масъалаҳои экологӣ-иқтисодии он баҳри рушди дурнамои саноати миллии кишвар” доир гардид
Дар конференсияи мазкур иштирок доштанд: Оймуҳаммадзода Илҳомҷон Султон – Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Самиҳов Шонаврӯз Раҳимович – мудири кафедраи технологияи истеҳсолоти химиявии ДМТ доктори илмҳои техникӣ, профессор; Абдуллоев Абдухалил – сардори раёсати кор бо кадрҳои дастгоҳи марказии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муродов Давлатхуҷа Ҳукуматшоевич -ходими калони илмии лабораторияи тадқиқотӣ комплексии сейсмологӣ ва геофизикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ; Ҳоҷиев Амриддин Кучакович – сармутахассиси шуъбаи геологияи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Шониёзов Тошпулод Муродович сармутахассиси шуъбаи геологияи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонон аз дигар корхонаву ташкилотҳои марбута.
Зимни сухани ифтитоҳӣ роҳбари муассиса Суфиев Алишер Ҷаъмаевич ҳозиринро ба муносибати “Иди касбии геологҳо”, ки ҳамасола дар миқёси ҷумҳурӣ санаи 09-уми декабр таҷлил мегардад, табрик ва муборакбод намуда, ба кори конференсия барору муваффақият орзу намуд. Сипас тибқи барномаи пешбинишуда конеренсия ба кори худ шуруъ намуда, баромадкунандагон бо маърузаҳои пурмуҳтаво ба чорабинӣ фазои илмӣ бахшиданд.
Зимни ироаи маърузаҳо таъкид карда шуд, ки бо мақсади дастгири намудани хизматҳои шоёни кормандони соҳаи геология бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9-уми декабрро ҳамчун рӯзи касбии геологҳо эълон намуданд, ки дар корхонаю муассисаҳои соҳаи геология он бо як шукуҳу шаҳомати хосса қайд карда мешавад. Соҳаи геология яке аз шохаҳои асосии иқтисодиёти давлат буда, аз сохторҳои идоравӣ, ташкилотҳои истеҳсолӣ ва илмии давлатию ғайридавлатӣ, ки талаботи давлат ва ҷамъиятро дар самти омӯзиши геологӣ, афзунгардонии заминаи ашёи минералӣ ва ҳифзи қаъри замин таъмин менамояд, иборат мебошад. Вобаста ба шароит ва имкониятҳо истиқлолияти давлатӣ барои соҳаи геология имкониятҳои зиёдро фароҳам овардааст, ки гузаришро ба роҳи инноватсионии рушди соҳаи геология воситаҳои ба даст овардани ахбороти геологӣ, коркарди он, тафсиру пешниҳод ва истифодабариро бо технологияҳои нав бароҳ монда истодааст, ки талаби замон ба ҳисоб рафта ояндабинии конҳо ва захираҳо аз технологияҳои инноватсиони вобстагии калон дорад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки зимни сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ё бардоштани парда аз лавҳаи корхонаҳои истеҳсолӣ, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, коркарди сангҳои ороишӣ ба истифода дода мешавад, ки инро тамоми кормандони соҳаи геология эҳсос кардаанд.
Инчунин зикр гардид, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Азнавсозии сохтории саноат бояд дар заминаи пайвастани илм ва истеҳсолот, истифодаи технологияҳои каммасрафи барқӣ, ташкили истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридот ивазкунанда равона гардида, барои амалӣ гардонидани он истифодаи ҳарчи пурраи захираҳои бойи ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шавад”.
Дар баробари рушди дигар соҳаҳо пешрафти соҳаи саноат яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат муайян гардида, солҳои 2022 — 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардид. Воқеан, рушди босуръати саноати миллӣ боис ба таъсиси ҷойҳои нави кор, ғанигардонии буҷети давлат, коҳиши маҳсулоти аз хориҷа воридшаванда, афзоиши иқтидори содиротӣ ва дар умум рақобатпазир гардидани иқтисодиёти миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мегардад.
Дар идома қайд гардид, ки бо дарназардошти афзалиятҳои соҳа моро зарур аст, ки дар омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи мазкур дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва оллии касбӣ аз ҳарвақта дида бештар кӯшиш ба харҷ дода, бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда шароити мусоиди пайвасти илм бо истеҳсолотро фароҳам сзем.
Дар охир бо мақсади қадрдонӣ ба иштирокдорони фаъоли чорабинӣ сипосномаи маъмурияти муассисаи таълимӣ таъқдим карда шуд.