Поделиться ссылкой:
Санаи 22-феврал дар МД коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди ДКМТ чорабинии маърифатию фарҳангӣ ба ифтихори таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Нахуст директори коллеҷ ҳозиринро ва дар шахсияти онҳо тамоми афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба ифтихори таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборак бод гуфтанд.
Зимни суханронии роҳбари муассиса таъкин гардид, ки ҳарчанд, Артиши миллии мо дар вазъи бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, вале имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти 30-сол тадриҷан устувору қавӣ гардида, бо мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ва техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад. Бо дарназардошти устувории заминаи моддӣ-техникӣ ва иқтидорҳои зеҳнӣ Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳояшон чунин таъкид намудаанд, ки: “Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати амният ва осудагии кишвар мебошад”
Тавре дар идома гуфта шуд, дар Конститутсияи ҶТ оварда шудааст, «Ҳифзи Ватан, ҳимояти манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад». Бо дарназардошти гуфтаҳои боло зикр гардид, ки имрӯзҳо барои иҷрои рисолати шаҳрвандӣ ва ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвари азизу маҳбубамон родмардони Ватан, фарзандони ба ору нанги диёр сарбаландона хизмати ватан-модарро адо намуда истодаанд.
Инчунин мудири кафедраи ҷомеашиносии коллеҷ зимни ироаи маърузаи худ қайд намуд, ки мустаҳкам намудани руҳияи низомии сарбозону афсарон, ҳифзи ормонҳои абадзиндаи ватандустӣ, эҳтиром ба муқаддасоти Ватан, ифтихори миллӣ, шохаи асосӣ ва муҳими корҳои тарбиявӣ дар артиш маҳсуб меёбад. Маҳз тарбияи ҳарбӣ‐ватандӯстӣ шароитеро фароҳам меорад, ки ҳар як ҷавон хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро барояш мактаби мардонагӣ ва ифтихор мешуморад.
Баъд аз пешниҳоди маърузаҳо бо сарпарастии шуъбаи ташкилӣ, тарбиявӣ, алоқа бо ҷомеа ва кор бо ҷавонон аз ҷониби донишҷӯёни муассиса барномаи фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин карда шуд, ки аз шеъру суруд дар васфи ватан ва саҳнаҳои тарбиявӣ иборат буд.
Дар ҷамъбаст аз ҷониби роҳбарияти муассиса ба як қатор кормандону омӯзгорон, ки дар таълиму тарбияи ватандустии насли наврасу ҷавон саҳмгузоранд, сипосномаҳо тақдим карда шуд.