Поделиться ссылкой:
Имрӯз (17.03.2023) аҳли кормандону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯёни Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова Наврӯзи байналмилалиро бо оростани дастархонҳои идона, намоиши анъанаҳои миллӣ ва баргузории чорабинии фарҳангию фароғатӣ ҷашн гирифтанд.
Қаблан директори муассиса Суфиев Алишер Ҷаъмаевич зимни сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро ба муносибати фарорасии баҳори гулафшон ва Наврӯзи байналмилалӣ самимона муборакбод намуданд.
Инчунин, таъкид гардид, ки воқеан, Наврӯз инъикоскунандаи анъанаҳои миллӣ, эҳёи табиат ва мероси ниёгонамон буда, бо омаданаш ба кас накҳату тароват ва илҳоми тоза зам менамояд. Ҳамин аст, ки ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо мақоми расмиро соҳиб гардид, балки бо заҳмату талошҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалиро касб кард ва ҳамчун омили ҳамгироӣ дар замони ҷаҳонишавӣ қабул гардид, ки имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад.
Сипас директори коллеҷ ҳамроҳ бо намояндагони сохторҳои гуногуни коллеҷ аз хони оростаи сохторҳои муассиса боздид намуда, ба омодагии кормандону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон ва ба оростани хонҳои наврӯзии онҳо баҳои баланд доданд.
Дар идома бо барномаи фарҳангию фароғатии омоданамудаи донишҷӯёну хонандагони муассиса ва ҳунарманди шинохтаи ҷумҳурӣ Ҷанатулло Абдуллоев чорабини рангину хотирмон гардид.