Поделиться ссылкой:
Санаи 14.04.2023 бахшида ба муносибати фарорасии “Рӯзи илми тоҷик” дар коллеҷ бо иштироки олимону мутахассисон, намояндагони ВАО ва намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Заминаҳои ташаккулёбии ҳамгироии илм ва истеҳсолот дар шароити рушди фановариҳои техникӣ”, баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи конференсияи мазкур роҳбари муассиса Суфиев Алишер Ҷаъмаевич суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки рушди бахшҳои гуногуни хоҷагии мамлакат ба сармояи бузурги нерӯи зеҳнии инсонӣ алоқамандӣ дорад. Дар ин баробар соҳае, ки тараққиёти пай дар паи ҷамъиятро таъмин мекунад, пеш аз ҳама, соҳаи маориф ва илм ба ҳисоб меравад.
Дар идома қайд карда шуд, ки воқеан мавҷуд намбудани заминаҳои ташаккулёбии ҳамгироии илм ва истеҳсолот махсусан дар шароити рушди фановариҳои техникӣ ба татбиқи бо самари ҳадафҳои стратегии мамлакат, монеагиҳоро ба вуҷуд меорад. Маҳз бо дарназардошти аҳамият ва зарурати ба низом даровардани масъалаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ таъкид доштанд, ки “Тавассути роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир ва васеъ ҷорӣ намудани омӯзиши амалии донишҷӯён бо роҳи пайванди илм ва истеҳсолот ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин, иқтисоди рақамӣ тадбирҳои судманд” роҳандозӣ карда шавад.
Инчунин иброз гардид, ки дар шароити муосир дар назди МТК мавҷудият ва рушди паркҳои технологӣ ва марказҳои инноватсионӣ, на танҳо ғояҳои техникӣ тавлид мекунанд, балки ба тиҷорат дар бозорҳои дохилӣ ва ҳамчун василаи муҳими пайвандгари илм ва истеҳсолот шуда метавонанд. Дар ин баробар муносибати мутақобилаи корхонаҳои истеҳсолӣ, бо МТК метавонад ба таҳия ва ҷорӣ намуданӣ барномаҳои таълимӣ, шаклҳои машғулиятҳои ғайри аудитории таълим, ҷорӣ намудани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз рӯи масъалаҳои ҳалталабӣ истеҳсолот ва роҳандозии таълими касбй-техникй ба таври чашмдошт таъсири мусбӣ расонад.
Дар идома олимону мутахассион зимни ироаи маърузаҳои худ бобати масъалаҳои мухталифи ҳамгироии илм ва истеҳсолот фикру андешаҳои худро баён намуда, барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
Баъди ҷамъбасти пешниҳоди маърӯзаҳо иштирокдорон ба баромадкунандагон суъолҳои худро пешниҳод намуда, сипас аз ҷониби маърузачиён ба суолҳои пешниҳодгардида, пусухҳои саҳеҳ ва қонеъкунанда манзур гардид.
Дар қисмати хотимавӣ роҳбарияти муассиса, ба меҳмонон ва олимону мутахассисон бобати ташриф овардан ва пешниҳоди маърузаҳои пурмуҳтаво минатдорӣ баён намуда, таъкид намуданд, ки бо дарназардошти фазои мусоиди таҳсил дар кишвар бо сарварии Фарзона фарзанди диёр, Пешвои маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри омодасозии мутахассисони лаёқатманду соҳиб касб пайваста талош намуда, дар ташаккулёбии ҳамгироии илм ва истеҳсолот махсусан дар шароити рушди фановариҳои техникӣ саҳми арзандаи худро хоҳем гузошт.
Все реакции:
Абдулло Назаров, Аюбчони Саломудин и ещё 26
Нравится
Комментировать
Отправить