Поделиться ссылкой:
Бо иштироки аъзои Шурои омӯзгорон ва кормандону омӯзгорони коллеҷ санаи 25.12.2023 ҳисоботи директори Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова Суфиев Алишер Ҷаъмаевич “Оид ба фаъолияти коллеҷ дар соли 2023 ва вазифагузориҳо барои соли 2024” баргузор гардид.
Дар оғоз директори коллеҷ Суфиев Алишер Ҷаъмаевич ба ҳайати кормандону омӯзгорон барои хитзматҳои софдилона ва татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои муҳими давлатдорию ҷаъмиятӣ, махсусан дар самти маориф ва илм аз номи маъмурияти Коллеҷ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Сипас зимни ироаи ҳисоботи солона роҳбари муассиса зикр намуд, ки соли 2023 барои ҳайати кормандону омӯзгорон ҳамчун соли бобарору хотирмон дар саҳифаҳои таърихи фаъолияти муассиса дарҷ мегардад, зеро дар соли 2023 коллеҷ дар ҳама самтҳо ба дастоварду муваффақиятҳо ноил гардид.
Аз ҷумла гуфта шуд, ки бо мақсади амалисозии “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025” ва дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 10.05.2023 то санаи 12.05.2023 дар Коллеҷи ғайридавлатии тибии “Даво”-и шаҳри Бохтар тибқи “Тартиби гузаронидани олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ”, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 31.03.2023, №4/27 тасдиқ шудааст, олимпиада аз фанҳои табиатшиносию риёзӣ доир гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои ба дастоварда донишҷӯи коллеҷ Раҳимов Суҳробҷон бо гирифтани холи муносиб дар асоси қарори ҳакамон аз фанни физика сазовори ҷойи 2-юм дониста шуд.
Дар ин баробар таъкид гардид, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъмурияти коллеҷ бо мақсади ташкили самраноки раванди баргузории дарсҳои амалии ихтисосҳои марбут ба иқтисодиёти саноати кӯҳӣ ва ба ин васила омоданамудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ дар Коллеҷ синфхонаи таълимӣ муҷаҳҳаз бо намунаҳои ҷинсҳои куҳӣ ва аёниятҳои тахассусро ташкил ва мавриди истифода қарор дод. Синфхонаи мазкур бо таҷҳизоти тахассусӣ, аёниятҳо, сангҳои ороишӣ, маъданҳои кӯҳӣ, канданиҳои фоиданок ва дигар лавозимоти таълимӣ-истеҳсолӣ муҷаҳҳаз гардида, ҷиҳати баргузории дарсҳои амалӣ ва таҷрибаомзиҳои таълимии донишҷӯён шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки баҳри иҷрои банди дахлдори нақша чорабиниҳо вобаста ба амалисозии “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” аз ҷониби қисми таълими муассиса аз рӯи ихтисосҳои амалкунандаи коллеҷ 32 нақшаи таълимӣ дар асоси дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти талаботи “Таснифи фанҳои таълимӣ аз рӯи бахшҳо ва модулҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.07.2023, 11/34 тасдиқ шудааст, таҳия ва тасдиқ карда шуд.
Инчунин таъкид гардид, ки бо мақсади пешрафт ва таккони ҷиддӣ бахшидан ба рушди корҳои илмӣ – тадқиқотӣ дар коллеҷ соли равон нақшаи корҳои илмӣ – тадқиқотӣ барои соли 2023 аз рўи нақшаи дурнамои корҳои илмӣ – тадқиқотӣ барои 5 сол таҳия ва тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он корҳо амалӣ шуда истодаанд.
Зимнан гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари масъалаҳои пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар ба тарбияи ҷавонон диққати махсус дода, масъалаи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва дар рўҳияи ватандўстиву инсонпарварӣ, худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани онҳоро таъкид намуданд, ки дар ҳошияи таъкидҳои Пешвои миллат, ҷиҳати бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандўстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рўҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани ҷавонони коллеҷ дар соли 2023 як қатор чорабиниҳои тарбиявӣ ташкил ва баргузор карда шуд, ки аз онҳо ба таври мушаххасан ном гирифта шуд.
Дар идомаи ироаи ҳисобот директор Коллеҷ ба вазъи донишазхудкунӣ ва сифати таҳсилот таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, қайд намуданд, ки донишазхудкунӣ шакли мураттабсозии натиҷаҳои фаъолияти маърифатии зеҳни донишҷӯ ба ҳисоб рафта, бо дарназардошти рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тарақиёти донишҳои илмӣ-техникӣ зарурати асоснокии мантиқӣ ва санҷидашавандагиро талаб менамояд. Аз ин лиҳоз санҷиш ва баҳодиҳии сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён дар асоси меъёрҳои муқараршуда баҳри таъмини фаъолияти самарбахши омӯзгорону донишҷӯён мақсаднок арзёбӣ мегардад.
Тибқи тартиб баъди анҷоми ироаи ҳисоботи директор аъзои ҷаласаи Шурои омӯзгорон ва кормандону омӯзгорон ба қисмати саволу ҷавобҳо ва муҳокимаи масъалаи пешбинишудаи рӯзномаи ҷаласа пардохта дар ҷамъбаст аз ҷониби иштирокдорон ҳисоботи директори Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова Суфиев Алишер Ҷаъмаевич “”Оид ба фаъолияти коллеҷ дар соли 2023 ва вазифагузориҳо барои соли 2024” қаноатбахш арзёбӣ гардид.