АРТИШИ МИЛЛӢ – ЭЪТИМОД БА АМНИЯТ ВА МУҲОФИЗИ ШАРАФИ МИЛЛАТ

Поделиться ссылкой:

   Санаи 22.02.2024 бо иштироки роҳбарият, меҳмонон, кормандону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯён дар Коллеҷ чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
   Зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур директори Коллеҷ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ табрик ва муборакбод гуфа, зикр намуданд, ки дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши идона ҳамаи мову шумо зери таасуроти дастуру ҳидоятҳои ҳикматбори Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат садо дода шуд, қарор дорем. Ҳамзамон таъкид намуданд, ки роҳнамоиҳои Роҳбари давлат дар замони пуртаззод, бархурди тамаддунҳо ва таҳдиди хатарҳои гуногун, ки ба озодию истиқлолияти кишварҳо таъсиргузор аст, барои мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ҳамчун дастурамали зиндагии осоишта ва кулвори маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва муҳимтар аз ҳама роҳнамои зинадагии халқ арзёбӣ мегардад.
      Дар робита ба ҳолати кунунии авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти кишвар зимни ироаи Паём чунин таъкид доштанд, ки: “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”.
    Дар идома таъкид карда шуд, ки ҳарчанд, ки Артиши миллии мо дар вазъи бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд.
     Инчунин, қайд карда шуд, ки имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти 31 сол тадриҷан устувору қавӣ гардида, бо мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ва техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад. Дар идома қайд гардид, ки бо дарназардошти устувории заминаи моддӣ-техникӣ ва иқтидорҳои зеҳнӣ, Пешвои муаззами миллат чунин таъкид намудаанд: “Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати амният ва осудагии кишвар мебошад”
     Дар ин баробар устодону меҳмонон низ вобаста ба аҳамияти таърихии ҷашни мазкур ва нақши Артиши миллӣ дар ҳифзу якпорчагии кишвар маърузаҳои пурмуҳтаво қироат намуда, иброз доштанд, ки ҳеҷ як давлату халқият бе Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад ва ин қувва таъминкунандаи амнияти кишвар буда, оромию осудагии мардум ва суботи ҳар як давлат аст. Ҳамзамон ба иштирокчиён алалхусус ба ҷавонон таъкид гардид, ки бояд ҳар як ҷавони ватандор чун афсарону сарбозони шуҷои кишвар ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар ҳифзи сарзамини аҷдодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардум саҳмгузор бошад.
Дар идома чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ, ки ба тарбияи ватандӯстӣ равона шуда буд, ба ҳозирин пешниҳод карда шуд.
      Дар фарҷоми чорабинии имрӯза роҳбарияти муассиса барои фаъолияти пурсамар ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ бо ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардида, ҳамзамон омӯзгорону кормандони фаъоли муассиса бо сипосномаи раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.