Шуъбаи таълим

Поделиться ссылкой:

 

САРДОРИ ШУЪБАИ ТАЪЛИМ

БАНДИШОЕВ ШЕРВОНШО ҳУКУМАТШОЕВИЧ

АЪЛОЧИИ МАОРИФИ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маълумоташ олӣ, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи механикаю математика, ихтисоси математикаи амалӣ, унвонҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи С. Улуѓзода

 

Фаъолияти шуъбаи таълим

Мо бояд барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ҳамеша кӯшишу талош намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

 

 

 

 

Шуъбаи таълим дар сохтори Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо мақсади ба танзим даровардани раванди таълим таъсис ёфта, дар асоси  қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори ҳукумати ҷумхурии Тоҷикистон аз 01.03.2018, №94), Оинномаи таълимгоҳ ва Низомномаи коллеҷ фаъолият мекунад.

Банақшагирии раванди таълим дар шуъба тибқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуда, баррасии масъалаҳои ташкили раванди таълим дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон, ҷаласаҳои назди директор, Шӯрои методӣ, ҷаласаҳои назди ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ ва худи шуъбаи таълим мавриди муҳокима қарор дода мешаванд. Раванди таълим аз рӯи нақшаҳои таълимии коллеҷ, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд ба роҳ монда шуда, ҳамзамон ба стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ мувофиқат мекунанд.

Бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари кори таълим дар шуъба ба масъалахои иҷроиши нақшаҳои таълимии корӣ, роҳ ва усулҳои фаъоли таълим, истифодаи технологияи муосир дар машѓулият, баргузории семинарҳои омӯзишӣ барои омӯзгорони ҷавон ва навкор, ташкил ва гузаронидани дарсҳои намунавӣ аз тарафи омӯзгорони соҳибтаҷриба ва ѓ. ба нақша гирифта шуда, барои иҷрои саривақтии он аз тарафи кормандони шуъба назорати ҷиддӣ бурда мешавад.

ҳамзамон, барои баланд бардоштани малака ва маҳорати касбии омӯзгорон ҳар сол омӯзгорони коллеҷ тибқи ҷадвали тасдиқгардида, аз курси такмили ихтисос дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

Бояд гуфт, ки раванди дарсҳо дар коллеҷ пурра ба шакли низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади татбиқи пурраи низоми кредитӣ дар коллеҷ аз тарафи кормандони шуъба ба тамоми омӯзгорон семинари омӯзишӣ оиди шакл ва гузаштани раванди дарсҳо, омодасозии барномаҳои кории таълимӣ (силлабусҳо), шакли баҳогузорӣ ва ѓайра гузаронида шуд.

ҷАЛАСА ДАР НАЗДИ САРДОРИ  ШУЪБАИ ТАЪЛИМ

Дар коллеҷ тибқи нақшаи таълимии аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида таҷрибаомӯзӣ ба се зина тақсимбандӣ карда шудааст. Зинаи якум таҷрибаомӯзии таълимӣ мебошад, ки барои донишҷӯёни курсҳои якум дар худи коллеҷ гузаронида мешавад. Мавзеи таълимӣ воқеъ дар ноҳияи Варзоб километри 34 деҳаи Гӯлимайда ҷойгир мебошад.

Зинаи дуюм ва сеюм таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ дар як қатор корхонаҳо, аз ҷумла, Саридораи геологияи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии нафту газ, Идораи давлатии лоиҳакашии заминсозӣ «Тоҷикзаминсоз», ҷамъияти саҳомии кшодаи «ҷамаст», ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидромонтаж», Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Фазо», Кумитаи давлатии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаи давлатии Казонии муштараки тиллои тоҷик ва дигар корхонаҳои давлатию ҷамъиятҳо донишҷуёнро барои гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ сафарбар менамояд.

Инчунин, шуъбаи таълим барои ноил шудани омӯзгорон ба муваффақиятҳо дар ташкил ва гузаронидани ҷараёни таълим низ чораҷӯӣ менамояд. Ин аст, ки ҳар сол омӯзгорони коллеҷ аз аттестатсияи тахассусӣ гузаронида шуда, дорои дараҷаи тахассусӣ мегарданд. ҳамзамон, барои фаъолияти пурсамар дар кори таълим як қатор омӯзгорони коллеҷ бо пешниҳоди шуъбаи таълим ва дастгирии маъмурияти коллеҷ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва худи муассиса  сарфароз гардонида мешаванд.