Поделиться ссылкой:
МАЪЛУМОТНОМА
Раҳмонов Музафар Сафаралиевич 14 майи соли 1969 дар деҳаи Кӯҳандиёр-и колхози ба номи Ленин, ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, дар оилаи коргар таваллуд шудааст.
Соли 1986 мактаби миёнаи №17-и ноҳияи Фархорро хатм намуда, баъдан бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардид. Хизмати ҳарбиро солҳои 1987–1989 дар вилояти Свердловски Федератсияи Русия адо кардааст.
Пас аз анҷоми хизмати ҳарбӣ соли 1989 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ба факултети механика ва математика дохил шуда, то соли 1993 таҳсил намудааст. Бо сабаби вазъи оилавӣ таҳсилро ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб тариқи гузариш идома дода, соли 1994 онро хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1994 ҳамчун омӯзгор дар мактаби №53-и ноҳияи Фархор оғоз намуда, то нимаи аввали соли 1995 дар ин муассиса кор кардааст. Нимаи дуюми соли 1995 ба шаҳри Душанбе омада, дар заводи арматурбарории шаҳри Душанбе ба номи С. Орҷоникидзе ба фаъолият шурӯъ намудааст. Дар ин корхона 12 сол фаъолият намуда, аз вазифаи муҳандиси таъминот то ба роҳбари корхона расидааст.
Пас аз хусусигардонии корхона, охири соли 2006 ба корхонаи “Торгмаш”-и шаҳри Душанбе даъват гардида, ду сол дар вазифаи ҷонишини директор ва сармуҳандис фаъолият намудааст. Баъдан як сол роҳбари корхонаи сохтмонии “ССК” буд.
Аз соли 2009 фаъолияти меҳнатиашро дар Иттифоқи Тоҷикматлубот идома дода, дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла мутахассиси шуъбаи истеҳсолот, директори ҶДММ “Ҳамбастагӣ”, директори генералии ҶДММ “Илмию-истеҳсолӣ”, директори ҶДММ “Идораи таъмиру сохтмонӣ” фаъолият кардааст.
Солҳои 2014–2020 директори ҶДММ “Тоҷ-Арт-Маркет” (корхонаи сохтмонӣ) буд.
Моҳи марти соли 2020 тариқи озмун ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул гардида, то моҳи декабри соли 2025 дар ин ниҳод фаъолият намудааст.
Аз моҳи декабри соли 2025 то имрӯз дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон” дар вазифаи муовини директор оид ба корҳои таълимӣ фаъолият дорад.
Соли 2019 ба шуъбаи ғоибонаи идораи давлатӣ ва ҳуқуқи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2022 онро бомуваффақият хатм намудааст.
Почтаи электронӣ: mrahmonov0909@gmail.com
Телефони мобилӣ: +992870331331































