Шуъбаи хоҷагидорӣ

Поделиться ссылкой:

Сардори шуъбаи корҳои

маъмурӣхоҷагидорӣ

ҷАББОРОВ АБДУМУҳАММАД

АБДУқАҳҳОРОВИЧ –

Маълумот: Олӣ, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат,

Ихтисос: Молия ва қарз,

Ихтисоси якум: Геологияи иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок (Коллеҷи кўҳии ба номи С. Юсупова)

Собиқаи корӣ – 11  сол

@ mail.ru achabborov

Телефон  +992937000296

03 – декабри соли 1990 дар ноҳияи Айни вилояти Суѓд таваллуд шудааст. Соли 1997 мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 9- и ба номи А. Нуъмонов қадам ниҳода соли 2008 хатм кардааст. Худи ҳамон сол ба Муассисаи давлатии коллеҷи кўҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кўҳӣ – металлургии Тоҷикистон аз руи ихтисоси Геологияи иктишофи канданиҳои конҳои фоиданок дар дохил шуда, соли 2013 бо дипломи аъло хатм намудааст, соли 2016 ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат аз руи ихтисоси Молия ва қарз дохил шуда, таҳсил карда истодааст, ҳамзамон соли 2009 дар Муассисаи давлатии коллеҷи кўҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кўҳӣ –металлургии Тоҷикистон дар вазифаи мураббии хобгоҳ ва соли 2010 дар вазифаи сармураббии хобгоҳ, соли 2011 дар вазифаи мудири хобгоҳ ва соли 2016 то ин ҷониб дар вазифаи сардори шуъбаи корҳои маъмурӣ-хоҷагидорӣ кору фаъолият карда истодааст.

Бо ифтихорномаҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонони шаҳри Душанбе ва даҳ маротиба дар Муассисаи давлатии коллеҷи кўҳии ба номи С. Юсупова сарфароз гардонида шудааст.

ҷАЛАСАИ НАЗДИ САРДОРИ ШУЪБАИ МАЪМУРӣ-ХОҷАГИДОРӣ

Муовини сардори шуъбаи корҳои маъмурӣ – хоҷагидорӣ

(мудири анбор)

МИРЗОЕВ ЭМОМАЛИ ИБОДУЛЛОЕВИЧ

Маълумот: миёнаи касбӣ, Муассисаи давлатии коллеҷи кўҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кўҳӣ– металлургии Тоҷикистон Ихтисос:Коркарди нафт ва газ

Собиқаи корӣ – 3  сол

@ mail. ru emirzoev

Телефон  +992883333633

Мудири бинои хобгоҳ

 

Сангонов Ранҷи ҳасанович

Маълумот: Олӣ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, соли 1984

Ихтисос:Муррабӣ ва муаллими тарбияи ҷисмонӣ

Собиқаи корӣ – 32 сол

Email:

Телефон  +992931110203

Мудири мавзеи таълимии таҷрибаомўзии «Геолог» дар н. Варзоб

Файзуллоев Бобоназар Нарзуллоевич

Маълумот: олӣ, Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода

Ихтисос: Мусиқачӣ

Собиқаи корӣ – 20  сол

Email:

Телефон  +992935853144

 

Сардори ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ

Судиқов Аҳкомуддин Киромудинович

Маълумот:олӣ, Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон

Ихтисос: Иқтисодчӣ»

Собиқаи корӣ – 12 сол

Email:

Телефон  +992918874310

 

Мутахасис оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ

подполковник Мастибекова Бегим Сафаровна

Маълумот: Олӣ, Донишкадаи педагогии ш. Астрахани Федератсияи  Руссия,

Ихтисос- омўзгори забон ва адабиёти рус (1991с.).

Собиқаи корӣ – 28 сол

Email:

Телефон  +992935988864

Оид ба фаъолияти қисми маъмурию хоҷагидории Муассисаи давлатии коллеҷи кўҳии ба номи С. Юсупова

дар назди Донишкадаи кўҳӣ – металлургии Тоҷикистон

 

Фаъолияти қисми маъмурию хоҷагӣ дар Муассисаи давлатии коллеҷи кўҳии ба номи С. Юсупова бо мақсади таъминоти шароити муътадил барои иҷрои меҳнат, таълим, тадқиқотҳои илмӣ ва дигар амалиётҳои коллеҷ, дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома ва Оинномаи Муассисаи давлатии коллеҷи кўҳии ба номи С. Юсупова ба роҳ монда шудааст.

қисми маъмурию хоҷагӣ воҳиди коллеҷи кўҳии ба номи С. Юсупова буда, мутобиқи вазифаҳои ба зиммаи коллеҷи кўҳии ба номи С. Юсупова вогузор гардида фаъолият менамояд.

Фаъолияти      корҳои маъмурию хоҷагие, ки дар Муассисаи давлатии коллеҷи кўҳии ба номи С. Юсупова ба роҳ монда мешаванд, бо назардошти афзалиятнокии самтҳои онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ иҷрои корҳо аз рўи шартномаҳои хоҷагӣ, хайрияҳо ва дигар манбаъҳо маблаѓгузорӣ карда мешавад.

 

Сохтор ва фаъолияти қисми маъмурию хоҷагии Муассисаи давлатии коллеҷи кўҳии ба номи С. Юсупова

 

Мувофиқи ҷадвали басти вазифаҳои кории коллеҷи кўҳӣ, ки аз ҷониби Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дар сохтори қисмӣ маъмурию  хоҷагии коллеҷ  48 – нафар кормандон дар шуъба ва ҷузъҳои муқараргардида кор ва фаъолият менамоянд.

Фаъолияти қисми маъмурию хоҷагиро муовини директор оид ба корҳои маъмурӣ – хоҷагидорӣ  роҳбарӣ менамояд ва ў аз тарафи директори коллеҷ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Сардори шуъба оид ба қисми маъмурию хоҷагӣ бевосита ба директори коллеҷ итоат намуда, зери роҳбарии у фаъолият менамояд.

Муовини директори коллеҷ оид ба қисми маъмурию  хоҷагӣ аз рўйи вазифаҳои ба зиммаи қисми маъмурию хоҷагӣ гузошташуда масъул мебошад.

Муовини директори коллеҷ оид ба қисми маъмурию хоҷагӣ тамоми фаъолияти кории онро роҳбарӣ намуда, аз номи қисми маъмурию хоҷагӣ баромад менамояд.

Муовини директори коллеҷ оид ба қисми маъмурию хоҷагӣ вобаста ба фаъолияти кории худ дар назди директори коллеҷ ва Шўрои олимон ҳисоботдиҳанда мебошад.

ҷузъҳои зерин,  сохтори  қисми маъмурию  хоҷагиро ташкил мекунанд, ки бо пешниҳоди муовини директор оид ба қисми маъмурию хоҷагӣ аз тарафи директори коллеҷ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд;

 

– Сардори Шуъбаи корҳои маъмурӣ-хоҷагидорӣ;

– Муовини сардори шуъба (мудири анбор);

– Сардори ҳифзи меҳнат

– Мудири бинои таълимӣ

– Мудири хобгоҳ

– Ронандаҳо

– Мудири мавзеи таҷрибаомузӣ “н.Варзоб”

– Мутахассиси техникаи санитарӣ (сантехник);

– Муҳандис сохтмончӣ

– Сохтмончӣ

– Мудири мавзеи таълимӣ таҷрибаомузи дар «н. Варзоб»

– Устои кўҳи мавзеи таълимӣ таҷрибаомузӣ н.Варзоб

– Бунгоҳи тиббӣ

– Мутахассис оид ба мудофиаи шаҳрвандӣ

– Фаррош

– Боѓбон;

– ҳавлируб;

– Барқчи (электрик).

–  Сардори шуъбаи бехатарии дохилӣ.

– Муҳофизон

– Дуредгар

– Сардори шуъбаи технологияи итилоотии комуникатсия

– Сармутахассис

– Мутахасис

– Оператор оид ба компютер

– ва дигар кормандони шуъбаи корҳои маъмурӣ – хоҷагидорӣ.

 

Вазифаҳои асосӣ

ва самтҳои фаъолияти қисми маъмурию хоҷагии коллеҷ

 

Андешидани чораҳои амалӣ вобаста ба ҳолати тайёрии биноҳои таълимӣ ва ташкил намудани шароити мусоиди корӣ ва тадрисӣ барои донишҷўёну кормандони коллеҷ;

Назорати вазъи санитарию гигиении биноҳои таълимӣ ва тадбирҳои фароҳам овардани шароити мусоид барои таълим;

Таъмир ва тармими биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои коллеҷ;

Таъмиру таҷҳизонидани синфхонаҳои лингофонӣ, тадриҷан таъмин намудани озмоишгоҳҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, кабинетҳои методӣ бо ашёю лавозимоти таълимию техникӣ ва илмӣ-методӣ;

Назорат намудани ҳолати биноҳо ва нуқтаҳои хўроки умумӣ дар коллеҷ;

Андешидани чораҳо оид ба рафти иҷрои қарорҳои Шурои олимон ва баланд намудани ҳисси масъулияти иҷрокунандагон вобаста ба самти қисми маъмурию хоҷагӣ;

Тақвият бахшидан ба дастрасии маводи электронии иттилоотию таълимӣ, илмию методӣ, ташкил ва ба истифода додани синфхонаҳои компютерӣ, синфхонаҳои лингофонӣ, марказҳои интернетӣ, китобхонаҳои электронӣ дар коллеҷ;

Муҳайё намудани шароити мусоиди қироатӣ дар толорҳои дарстайёркунии китобхонаи илмӣ, кабинетҳои методии кафедраҳои коллеҷ, таъмин намудани китобхонаи илмӣ бо компютерҳо ва васл намудани онҳо ба шабакаи «ИНТЕРНЕТ».

Гузаронидани ҳашари умумӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи корҳои маъмурӣ – хоҷагидорӣ, шинонидани гулҳои мавсимӣ