Архив Апрель 2019

Оғози кишти пахта дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд

Дар идомаи боздиди кориашон аз ноҳияи Спитамен, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои кишоварзии ҶДММ “Спитамен-текстайл”-и  Ҷамоати  деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен ба кишти чигит оғоз бахшиданд.

Хоҷагидорӣ қисми муҳими Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Спитамен-текстайл” ба ҳисоб меравад, ки ба коркарди ниҳоии пахта машғул аст. “Спитамен-текстайл” низ соли 2009 бо иштироки Пешвои миллат ифтитоҳ гардида, то имрӯз фаъолияти босамар дорад. Тибқи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъулони Ҷамъият фаъолияти худро ба таври комплексӣ ба роҳ мондаанд, яъне қисми бештари пахтаи дар хоҷагиашон истеҳсолшударо худашон коркард мекунанд ва ба бозорҳои хориҷи мамлакат мебароранд.

Дар маҳалли оғози кишти пахта аҳли заҳмати хоҷагӣ ба истиқболи Пешвои миллат дасторхони идонаи наврӯзӣ оростанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ ва оғози корҳои саҳроӣ таҳният гуфта, бо дуои неки пирон ба кишти чигит оғоз бахшиданд.

Бояд зикр намуд, ки хоҷагидорӣ дар ин Ҷамъият асосан ба тухмипарварӣ нигаронида шудааст. Ҳамин тариқ, аз 3 ҳазору 140 гектар замини обии дар ихтиёрдоштаашон ҳар сол бо маслиҳат ва машварати олимон дар майдони бештар аз 2100 гектар чигити тухмӣ кишт мекунанд ва ҳамасола онҳо аз ҳар як гектар аз 25 то 45 сентнер ҳосил ба даст меоранд.

Корхонаҳои коркарди пахта ва истеҳсоли ришта дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Спитамен-текстайл” имкон доранд, ки дар як сол то 4 ҳазор тонна пахтаро коркарди саноатӣ намоянд. Маҳсулоти тайёр тибқи шартномаи дуҷониба асосан ба Туркия фиристода мешавад. Вобаста ба дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони Ҷамъият тасмим доранд, ки дар оянда истеҳсоли маҳсулоти тайёри пахтагиро дар ҳамин ҷо ба роҳ монанд, зеро барои анҷом додани ин амал онҳо ҳамаи шароиту имконоти молию техникӣ ва табииро доранд.

Бахши хоҷагидорӣ дар ҶДММ “Спитамен-текстайл” дар ноҳияи Спитамен яке аз калонтарин ҷамъиятҳои кишоварзӣ ба шумор меравад ва тақрибан 2500 нафар сокини маҳаллиро бо ҷойи кору маош таъмин мекунад. Ин шумора метавонад дар мавсими кишту кор ва ҷамъоварии ҳосил боз то 600 нафар афзояд. Кор дар бахшҳои ин хоҷагӣ тавре тақсимбандӣ шудааст, ки ин коллективи қариб сеҳазорнафара тақрибан дар 12 моҳи сол ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд. Масъулони бахши кишоварзии ноҳия ҳам мегӯянд, ки ин Ҷамъият дар низоми иқтисодии ноҳия ҷойгоҳи махсус дорад ва манбаи муҳими таъмини мардум бо ҷойи кор ва маош мебошад.

Тибқи дастур ва ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъулони Ҷамъияти мазкур корҳои ободониву созандагиро низ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Куруш дуруст ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, аз ҳисоби даромадҳои худ дар маркази ҷамоат як майдони болопӯшидаи футболи хурд, майдончаи муосири бозии кӯдакон ва чанд иншооти дигари фарҳангию фароғатӣ бунёд кардаанд. Аз он ки сесолаи оянда дар Тоҷикистон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст, масъулони Ҷамъият тасмим доранд, ки дар оянда низ корҳои ободонию созандагиро дар ҳудуди ҷамоати деҳот вусъат диҳанд.

Ифтитоҳи бинои нави китобхона, осорхонаи таърихӣ ва мактаби мусиқӣ дар ноҳияи Спитамен

Дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Китобхона, осорхонаи “Курушкада”-и таърихӣ ва мактаби мусиқии бачагонаи рақами 2-ро, ки бо тарҳи хеле зебои муосир бунёд  гардидааст, бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.

Бинои тозабунёди китобхона, осорхонаи таърихӣ ва мактаби мусиқии бачагона аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Тавре иттилоъ дода шуд, сохтмони иншооти мазкур моҳи июни соли 2017 оғоз гардида, моҳи марти соли 2019 бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ ва ҷалби бинокорони маҳаллӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити бинои мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулинро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуданд.

Иншооти китобхона, осорхонаи таърихӣ ва мактаби мусиқии бачагона дар ноҳияи Спитамен дар масоҳати 1,2 га дар маркази ноҳия қомат афрохта, масоҳати умумии сохтмон 540 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бинои замонавӣ дорои утоқҳои корӣ ва хизматрасонӣ буда, дар таҳхонаи он хазинаи китоб мавҷуд мебошад.

Дар ошёнаи якуми он китобхонаи электронӣ – шуъбаҳои феҳрист,  хизматрасонӣ, толори васеъи хониш бо мизу курсиҳои истеҳсоли ватанӣ барои 100 ҷойи нишаст муҷаҳҳаз гардонида шуда ва дар дохили он адабиёт оид ба дастовардҳои Истиқлолият, осору адабиёти шоирону нависандагони муосиру классики тоҷик, гӯшаи китобҳо оид ба Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 гирд оварда шудаанд.

Дар ошёнаи дуюм Осорхонаи таърихӣ таъсис дода шуда, ҳамчунин  чор утоқи корӣ бо шароити васеъ барои кормандон муҳайё гардидааст. Осорхона “Курушкада”, ки дар байни мардум бо номи Куруши Кабир маълум аст, номгузорӣ гардида, мавзеи қадимтарин ва дар айни замон ноҳияи зебоманзари Спитаменро ифода менамояд.

Осорхонаи мазкур муассисаи таърихӣ-кишваршиносӣ, илмӣ-маърифатӣ буда, муҳофизати ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва боигариҳои халқро дар бар мегирад.

Инчунин осорхона дорои шуъбаҳои ҷамоати ибтидоӣ, асрҳои миёна, илмӣ- маърифатӣ, ҳунарҳои халқӣ ва замони муосир мебошад. Айни замон дар осорхона 1 000 адад ашёи гуногун мавҷуд мебошанд, ки ин дар эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат нақши калидӣ дорад.

Дар ошёнаи сеюми иншооти тозабунёд – Мактаби мусиқии бачагона ҷойгир буда, он дорои 11 синфхона, ба монанди танбӯр, назарияи мусиқӣ, рубоб, ғиҷҷак, фортепиано, доира, чанг, утоқҳои корӣ, толори барҳавои намоиши консертӣ мебошад.

Дар мактаби мазкур 10 нафар омӯзгори баландихтисос ба кор ва маоши доимӣ барои фаъолият ҷалб гардидаанд. Айни замон дар мактаби мусиқӣ зиёда аз 100 нафар наврасони хуштолеъи даврони соҳибистиқлолии Ватан бо 10 номгӯй асбоби мусиқии миллӣ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.

Сокинони ноҳияи Спитамени вилояти Суғд бо шукргузорӣ ифтитоҳи чунин иншооти фарҳангӣ-илмӣ ва маърифатиро ғамхории навбатии давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар самти боло бурдани сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ ва илмомӯзии насли ояндасозу пешбарандаи давлату миллат баён намуданд.

Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар иншооти мазкур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, зимни баромади хеш ба аҳли фарҳанг, омӯзгорон ва масъулин дар кору фаъолияташон барору комёбиҳо орзу карданд. Даъват ба амал оварданд, ки бо фароҳам овардани чунин шароити васеъи корӣ ва муосир дар тарбияи насли ояндасози кишвар масъулияти бештар зоҳир намуда, барои ояндаи дурахшони Ватан ҷавонони боистеъдоду мутахассисони сатҳи ҷаҳониро тарбия намоянд.

Ба китобхонаи мазкур, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 400 адад адабиёти тозанашри адибони тоҷик туҳфа карда шуд. Инчунин ба мактаби мусиқии бачагонаи рақами 2-и ноҳияи Спитамен 40 адад асбобҳои мусиқии гуногуни миллӣ тақдим гардид.

Ба истифода додани майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Спитамен

Чун дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар маркази ноҳияи Спитамени вилояти Суғд низ майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бунёд гардид.

Дар расми ифтитоҳи рамзҳои давлатӣ дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

Нахуст дар ин мавзеъ бо садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатӣ барафрохта шуд.

Барои парафшонии Парчами давлатӣ ва қомат афрохтани Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи Спитамен 0,32 гектар замин ҷудо гардидааст. Майдони Пачам ва Нишони давлатӣ дар назди бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардидааст ва ба ҳусни ин мавзеъ зебогии боз ҳам бештар зам менамояд. Баландии пояи Парчами давлатӣ дар ин гӯшаи диёр 50 метрро ташкил дода, дарозии матои он ба 14 ва паҳноияш ба 7 метр баробар аст. Нишони давлатӣ дар баландии 25 метр қомат афрохтааст ва ин ду муқаддасоти миллӣ басо диққатҷалбкунанда ба назар мерасанд. Дар мобайни Парчам ва Нишони давлатӣ 6 фаввора бунёд гардидаанд, ки ҳар кадоми он бо усули муосир оро ёфтааст.

Масоҳати беш аз 3000 метри мураббаъ дар ин ҷо сангфарш ва сафолакпӯш гардидааст. Санг ва сафолакҳои дар майдони мазкур насбшуда маҳаллӣ мебошанд ва барои гашту гузори сокинон дар ин мавзеъ шароит басо мусоид аст. Бо тарҳи муосир бунёд гардидани майдони рамзҳои давлатӣ дар маркази ноҳияи Спитамен маҳорати баланди сохтмончиёнро бозгӯ мекунад. Дарахтони ороишии дар ин гӯшаи диёр шинонидашуда беш аз 50 бехро ташкил медиҳад. Майдони гулу сабзазор қариб ба 0,20 гектар баробар аст. Гулҳои ороишии тагетс, виола, салвия, лола ва ғайра дар ин ҷо бо тарҳи бисёр ҷолиб шинонида шудаанд. Дар атрофи Парчам ва Нишони давлатӣ 21 адад чароғҳои равшанидиҳандаи гуногунҳаҷм насб гардидаанд.

Дар баробари бунёди майдони Парчам ва Нишони давлатӣ ҳамчунин бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз таъмир бароварда шуда, намои берунаи он бо истифода аз нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст.

Дар шафати майдони мазкур барои ҷойгир намудани 30 адад мошин таваққуфгоҳ ташкил гардидааст.

Пешвои миллат ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, масъулонро ба саҳми бештар гузоштан дар корҳои созандагиву ободонӣ ҳидоят намуданд.