Архив 12.06.2019

Дар Душанбе дар доираи лотереяи бурдноки молӣ то имрӯз зиёда аз 100 ҳазор китоб ба фурӯш рафт

Ба хотири таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талқин намудани китобхонӣ миёни хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва намояндагони касбу кори гуногун дар шаҳри Душанбе лотереяи бурдноки молӣ таҳти унвони «Китоб – манбаи дониш» ҷараён дорад.

Тавре директори Муассисаи нашриявии «Адиб» Давлат Сафар зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, аз қадимулайём тараққиёти ҷомеа ба китоб вобастагии ногусастанӣ дорад. Аз ҳамин ҷост, ки китобро манбаи илму дониш ва сарчашмаи диёри ақл меҳисобанд. Тавассути китоб одамон аз асрори илму дониш, адабиёту фарҳанг ва иқтисодиёту сиёсат воқиф гардида, ҷаҳонбинии худро  васеъ мегардонанд.

Миллати сарбаланди тоҷик ба китобдорию китобхонӣ аз қадимулайём арҷ мегузошт ва қаламу дафтару девонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт мекард. Тоҷикон онро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омӯзгори беминнат, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» медонистанд. Воқеан, таърихи китобдории  ҷумҳурии мо аз таърихи китобхонаҳои кишварҳои дигар қадимтар аст, ки имрӯз аз назари китобдорӣ авҷу камол ёфтааст.

«Иқдоми мазкурро ба хотири ташвиқу тарғиб ва оммавигардонии мутолиаи китоб роҳандозӣ намудем. Тибқи он  ҳар нафаре, ки китоб харидорӣ менамояд, соҳиби лоторея мегардад. Дар лоторея бурдҳои пулию молӣ (маблағ то 10 ҳазор сомонӣ, телефонҳои мобилӣ, нотбукҳо ва ғайра) ҷой дода шудаанд. Инчунин шахсон ва идораҳое, ки бештар аз ҳама китоб харидорӣ мекунанд, ба мукофоти алоҳидаи пулӣ сарфароз хоҳанд шуд»,- иттилоъ дод  Давлат Сафар.

Ба зикри номбурда, аз рӯзи аввали баргузории намоиш-фурӯш то ҳоли ҳозир зиёда аз 100 ҳазор китоб ба фурӯш рафтааст, ки ин аз он далолат медиҳад, ки мардуми тоҷик ҳавасмандии худро нисбат ба китобу китобдорӣ тақвият медиҳанд.

«Пеш аз ҳама ин иқдом  ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла,  бо ташаббуси   Сарвари давлат баргузор гардидани  озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва соли 2019 дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани  Соли китоб  роҳандозӣ мегардад»,- таъкид намуд мавсуф.

Номбурда зикр  намуд, ки китобҳои пешниҳодгардида ҳамагӣ аз ҷиҳати маъно пурмазмун буда, сифати баланду нархи дастрасро доро мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки ташаббускорони ин иқдом  Муассисаи нашриявии «Адиб» ба шумор рафта, намоиши мазкур дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанг ва Вазорати молия ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе гузаронида мешавад.

Фурӯши китобҳо бо лотореяҳои бурднок ҳар рӯзи шанбе то 22 июни соли равон аз соати 9:00 то 13:00 дар боғи устод Рӯдакӣ сурат мегирад. Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ, яъне 22 июн иқдом ҷамъбаст гардида, нафарони ғолиб соҳиби туҳфаҳои арзанда мешаванд.

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…»! Дар Хуҷанд Шоҳҷоизаи озмуни мазкур насиби хонандаи синфи 10-ум Фирӯза Шарипова гардид

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» байни муҳассилини макотиби миёнаи умумии шаҳр  баргузор ва ғолибон муайян гардиданд.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон Шоҳҷоиза насиби хонандаи синфи 10-уми  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №10 Фирӯза Шарипова гардид. Барандаи Шоҳҷоиза бо маблағи пулӣ аз ҷониби  шуъбаи маорифи шаҳр  сарфароз гардид.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  17 нафар ғолибон, соҳибони шоҳҷоизаҳои макотиби шаҳри Хуҷанд  дар озмуни ниҳоии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» байни муҳассилини макотиби миёнаи умумии шаҳр дониши хешро дар назди доварон санҷиданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар маҷмӯъ аз макотиби шаҳри Хуҷанд беш аз 600 нафар хонандагон  фаъолона иштирок намуданд.

«Ҳадафи аслии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ мебошад», -афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандон роҳандозӣ гардидааст, дар шаҳру навоҳии  мамлакат  бо маром ҷараён дорад.

«Китоб-уш-шифо» ва «Феҳристи дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба чоп расиданд

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон асарҳои пурарзиши «Китоб-уш-шифо»-и Абӯалӣ ибни Сино («Ҷумлаи чаҳорум андар баёни илоҳиёт») ва «Феҳристи дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» интишор гардиданд. Ҳар ду китобро Муассисаи нашриявии «Дониш» бо дизайну ороиши ҷолиб ба нашр расондааст.

Тавре аз Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, фанни сездаҳум андар илоҳиёти «Китоб-уш-шифо»-и оламшумули Шайхурраис Ибни Синоро беш аз 40 сол пештар донишманди тоҷик Сайиднуриддин Шаҳобуддинов аз арабӣ ба тоҷикӣ гардонида, бо пешгуфтору тавзеҳот омодаи чоп намудааст. Муҳаррири масъули китоб академик Мӯсо Диноршоев буда, он аз 554 саҳифа иборат аст.

Мазмуну муҳтавои беназир ва феҳристи мукаммали ба он афзудаи мутарҷиму таҳиягар китобро барои хонандагон ҷолибу хонданбоб гардонидааст.

Ҷилди 7-уми «Феҳристи дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забони русӣ идомаи шаш ҷилди қаблии он аст, ки аз ҷониби олимони варзидаи соҳа таҳти роҳбарии академик Абдуғанӣ Мирзоев дар миёнаи солҳои 1960-1988 ба дасти чоп расида буд. Ҷилди мазкур аз тарафи донишмандони тоҷик, аз ҷумла А.Алимардонов, Г. Лузянина, М. Мамедова, Л. Шварк, Қ. Элчибеков, Л. Додихудоева, М. Шарифов, С.Ализода, Б. Навбаҳорова, И. Мирзоев бо ширкату сарварии узви вобастаи АИ ҶТ Ҷ.Назриев барои чоп омода шуда, он аз 308 саҳифа иборат аст. Китоби мазкур мақому нуфузи байналмилалии феҳристнигории тоҷикро боло бурда, барои дастандаркорони соҳа дастури хуб аст.

Мавриди зикр аст, ки ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни миллӣ — 30-юмин солгарди истиклолияти давлатӣ аз ҷониби донишмандони тоҷик ҳамчунин мероси гаронбаҳои Аҳмади Дониш, Саййидои Насафӣ ва Шамсиддин Шоҳин ба нашр расидаанд.