Архив 28.06.2019

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси ИМА оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзодро ба ҳузур пазируфтанд

27 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзодро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Америка мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки «бо саъйю талоши муштарак мо метавонем барои таъмини субот, сулҳ ва пешрафт дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мусоидат намоем».

Залмай Халилзод бо ҷонибдорӣ аз мавқеи устувори Тоҷикистон барои ҳалли вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ба нақш ва саҳми Тоҷикистон баҳри мусоидат дар таъмини амну субот дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ баҳои баланд дода, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои талошҳои созанда ҳамчун роҳбари ташаббускор аз номи роҳбарияти маъмурияти Иёлоти Муттаҳидаи Америка арзи сипос намуд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон, талошҳои пайваста дар ҷодаи муқовимати муштарак бо хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон манораи нави назоратӣ-танзимнамоии КВД «Тоҷикаэронавигатсия»-ро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе Манораи нави назоратӣ-танзимнамоии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти муҳташами аэронавигатсионӣ бо ҳидоят ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия оидбасохтмониМанораиназоратӣ-танзимнамоӣ дар давоми 18 моҳ бунёд карда шудааст.

Манора дар таъмини бехатарии парвозҳо аҳамияти бузург дошта, яке аз муҳимтарин иншоот барои идораи парвозу нишасти киштиҳои ҳавоӣ ба шумор меравад ва мутобиқ ба меъёру талаботҳои Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ сохта шудааст. Тамоми таҷҳизоти кории манораи назоратӣ-танзимнамоӣ аз ширкатҳои бонуфузи истеҳсолии Аврупо буда, ҳайати назоратчиёну танзимгарони парвозу нишастҳои ҳавопаймову чархболҳо аз муосиртарин технологияи аэронавигатсионӣ истифода менамоянд. Баробари мавриди баҳрабардорӣқарор додани манораи танзиму назоратӣ акнун дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби ҳайати кории Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” ба нақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии истифодаи фазои ҳавоӣ, хизматрасонии маълумоти парвозӣ, машваратӣ, танзимгарӣ, огоҳсозии садамавӣ ва назорати риояи қоидаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии аэронавигатсионӣ анҷом дода мешавад.

Баландии манора 41,23 метр буда, дар қисми болоии он толори кории танзимгарон ҷойгир аст, ки дар пояи баландии 36 метр бунёд гардидааст.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар 21 зерсохтор 469 нафар кор мекунанд ва дар анҷом додани вазифаи мураккабу заҳматталаби назорату танзими парвозҳо ва ҳарими ҳавоии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши назаррас мегузоранд.

Аз шумораи умумии кормандони соҳа 94 нафар аз ҳисоби занону духтарон мебошанд, ки дар ин вазифаи пурмасъулият садоқатмандона фаъолият менамоянд.

Бояд гуфт, ки барои баланд бардоштани малакаи касбӣ ва донишу таҷрибаи кормандони соҳа соли 2018 аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” Маркази таълимии авиатсионии таъсис дода шуда, барои беҳтар намудани фаъолияти корӣ Маркази идораи ҳаракати ҳавоӣ аз ҳисоби маблағҳои худи Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» пурра таъмир карда шудааст.Ҳамчунин бо ин мақсад дар давоми солҳои 2016-2019 дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ харидорӣ карда шудааст.

Саҳни манораи назоратӣ-танзимнамоӣ пурра чароғон ва гулу сабзкорӣ гардида, намои зебою муосир дорад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи манораи назоратӣ-танзимнамоӣ бо сатҳу сифати корӣ ва усули идора, танзиму назорати масири парвозҳо дар фазои Тоҷикистон шинос шуда, аз кормандони соҳа даъват ба амал оварданд, ки дар иҷрои вазифаи касбии худ масъулиятшинос бошанд ва содиқу поквиҷдон ба нафъи Ватану миллат хизмат намоянд.

Анҷоми сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои водии Рашт

27 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар ноҳияҳои водии Рашт ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

Маросими гусели Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи сокинони ноҳияи Рашт чун расми истиқболи меҳмони олиқадр бо шукуҳу шаҳомат ва сипосгузории мардум аз Сарвари хирадманди хеш сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ аз 24 то 27 июн бо сафари корӣ дар ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Рашт қарор доштанд.

Дар ҷараёни сафари бобарору созанда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти таъйиноти гуногунро, ки аз тарафи мардуми меҳнатдӯсти ноҳияҳои водии Рашт бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар сохта шуд, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Яке аз ҳадафҳои асосии сафари корӣ мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳияҳои водии Рашт, шиносоӣ бо вазъи зиндагии онҳо ва натиҷагирӣ аз вазъи имрӯзаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ буд.

Зимни мулоқотҳои самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияҳоро бо ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, онҳоро барои вусъати корҳои созандагӣ ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳидоят карданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идонаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд

26 июн дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказӣ дар тантанаҳои идонаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва сокинони ноҳияи Раштро ба ифтихори санаи таърихӣ — Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуданд.

Сарвари давлат ба кулли шаҳрвандони кишвар хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар роҳи таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ки асоси хушбахтии сокинони мамлакат ва ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон ба ҳисоб меравад, барору комёбӣ орзу карданд.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таърихи даврони соҳибистиқлолӣ ва истиқрори сулҳу ваҳдат, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, таъкид доштанд, ки “Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ — 27 июни соли 1997 барои мо, воқеан, оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад”.

Барқарор кардани сохти конститутсионӣ, қонунияту тартибот ва амният, аз нав ба роҳ мондани фаъолияти фалаҷшудаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, обод намудани манзилҳои зисту иншооти сӯхтаву валангоршуда тадбирҳои нахустин ва бобарори ҳукумат ва мардуми тоҷик дар роҳи пойдории давлату миллат мебошад.

Имсол ҷашни ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт баргузор мегардад ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ таъкид карданд, ки мардуми шарифи Рашт аз сиёсати сулҳпарварона ва ваҳдатсози давлат бо тамоми ҳастии худ ҷонибдорӣ мекунанд.

Дар натиҷаи ғамхориву дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат ва албатта, ба василаи заҳмату талоши ватандӯстонаи сокинон имрӯз симои ноҳияи Рашт куллан дигаргун шудааст. Дар замони истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Рашт барои сохтмону таҷдиди иншооти гуногун қариб 500 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуда, дар ҳаҷми 360 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки Ҳукумати мамлакат минбаъд низ амалӣ намудани ҳамаи чораҳои заруриро барои пешрафт ва ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи Ватани азизамон, аз ҷумла водии Рашт тавассути амалисозии стратегияву барномаҳои давлативу соҳавӣ ва минтақавӣ идома медиҳад.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки муттаҳидиву сарҷамъӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва пешрафти давлати миллии мо бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор боқӣ мемонад ва мардуми моро дар роҳи татбиқи нақшаву ҳадафҳои бузургу тақдирсози Ҳукумати мамлакат ғайрату нерӯ ва рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.

Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабинии идонаро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи рангини консертӣ, ки тараннумгари ваҳдати сартосарӣ буд, идома дод.

Устодони санъат, ҳунармандону ҳаваскорони ноҳияҳои водии Рашт дастагули суруду мусиқиро тақдими иштирокчиёни тадбири фарҳангии идона карданд, ки хеле пуршукуҳ ва хотирмон буд.