Архив Сентябрь 2019

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» мукофотҳои давлатӣ супориданд

6 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба 42 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни иншооти муҳим мукофотҳои давлатӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба муносибати рӯйдоди муҳими таърихӣ — ба кор андохтани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ самимона табрик гуфтанд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Неругоҳи барқи обии “Роғун” иншооти муҳиму стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад, аз ин рӯ роҳбарияти олии ҷумҳурӣ ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои бунёди неругоҳҳои хурду бузург дар қаламрави кишварамон ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар намуд.

Таъкид гардид, ки бунёди пурраи ин кохи нур роҳи асосии ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил шудани Тоҷикистон буда, омили муҳимтарини таконбахши иқтисодиёти миллӣ, афзоиш ёфтани иқтидори содиротии мамлакат ва муҳимтар аз ҳама, сабаби  таъмин намудани сатҳи шоистаи зиндагии сокинони мамлакат мегардад.

Имрӯз дар маросими навбатии супоридани мукофотҳои давлатӣ аз корманди одӣ сар карда, то экскваторчӣ, васлгару ронанда, нақбкану кафшергар, пармагару барқчӣ, дуредгару муҳандис ва роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ иштирок доштанд, ки дар қитъаҳои гуногуни ҷабҳаи нангу номус бо садоқат ба давлату миллат заҳмат мекашанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии сохтмончиёни Неругоҳи барқии обии “Роғун”” бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои баланди истеҳсолӣ, фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар бунёди Неругоҳи барқии обии “Роғун” коргарон бо Ордени “Шараф дараҷаи II”, Медали “Хизмати шоиста” ва “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадр карда шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни супоридани мукофотҳои давлатӣ хизмати арзандаи ҳар як нафар коргари Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи барқи обии “Роғун”, аз ҷумла сардорони раёсатҳои ширкат, васлгарон, ронандагони техникаҳои гуногун, нақбканон, муҳандисон, кафшергарони газию барқӣ, таъмиргарони муҳаррик, челонгарон, пармагарон, сементатор, андовачӣ, устоҳои қитъаҳои сохтмонӣ, кормандони озмоишгоҳҳо, барқчиён, дуредгарон, назоратчиҳои қитъаҳои сохтмонӣ, истеҳсолотчиён, инчунин пудратчиён — кормандони даҳҳо адад ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдудро, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ фаъолона иштирок кардаанд, махсус зикр намуданд.

Дар маросими мукофотсупорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ шуданд, ба ифтихори рӯйдоди муҳим табрик гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ ва барори кор орзу карданд.

Пешвои миллат бори дигар ба ҳамаи коргарон барои хизмати шоиста ва ватандӯстонаву созанда дар назди халқу Ватан миннатдорӣ баён намуда, бо итминон иброз доштанд, ки онҳо минбаъд низ барои ободии кишварамон, пойдории сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти иқтисоди миллиамон ва амалӣ гардидани ҳамаи ҳадафҳои неки давлату ҳукумат бо азму талоши дучанд заҳмат мекашанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона»-ро дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Асосгузори сулху вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона, дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, аз 6 ошёна ва таҳхона иборат буда, он бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва 200 кат барои муолиҷаи кудакон муҷаҳҳаз карда шудааст.

Дар ошёнаи якуми беморхона шӯъбаи наҷот, шӯъбаи бемориҳои қатрагӣ, дар ошёнаи дуюм шӯъбаи бемориҳои сироятии муолиҷавӣ, ошёнаи сеюм ва чорум шӯъбаи бемориҳои сироятӣ, ошёнаи панҷум Шӯъбаи бемориҳои паразитӣ, инчунин утоқҳои корӣ маъмурияти беморхона ва маҷлисгоҳ барои 70 ҷойи нишаст, ошёнаи шашум бошад кафедраҳо, аудиторияҳо ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир мебошанд.

Ҳамчунин беморхона дорои, тавақуфгоҳ, бунгоҳи барқӣ бо 2 трансфарматор, иншооти безараргардонӣ, анбори нигоҳдории сабзавот ва ошхона мебошад. Дар маркази муосири тиббӣ 260 нафар мутахассисони варзидаи тиббии дараҷаи олӣ ва миёна ба кор ҷалб шудаанд.

Бинои то имрӯз амалкунандаи беморхона соли 1939 бунёд гардидааст ва дар замони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳамчун госпитали эвакуатсионӣ фаъолият кардааст.

Муассисаи тиббии мазкур аз соли 1963 то ба имрӯз, яъне дар зарфи 56 сол ҳамчун беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии кӯдакон фаъолият мекунад.

Ҳарчанд бинои беморхона тайи солҳои соҳибистиқлолӣ чандин маротиба таъмиру азнавсозӣ шудааст, вале бо сабаби солҳои тӯлонӣ фаъолият карданаш хеле фарсудаву куҳна гардидааст.

Бо мақсади ба талаботи замон мутобиқ намудани шароити фаъолияти табибон, ба роҳ мондани усулҳои муосири табобат ва таъминоти муассиса бо таҷҳизоти муосири тиббӣ зарурати бунёди бинои нави беморхона ба миён омад, зеро табобати бемориҳои сироятӣ, хусусан, дар байни кӯдакон шароиту таҷҳизот ва таваҷҷуҳи махсусро талаб мекунад.

Зимни шиносоӣ бо шароити кору хизматрасонӣ дар беморхона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ, баҳои баланд дода, ифтитоҳи чунин иншоотро ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми шоиста ва намунаи ибрат арзёбӣ карданд.

Маврид ба ёдоварист, ки сохтмони марказҳои муосири ташхисию табобатӣ, дар саросари мамлакат дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солимии ҷомеа, анҷом дода, мешаванд.

Дар рӯзҳои омодагӣ ба таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кардани муассисаи нави тиббии имрӯза туҳфаи идонаи Ҳукумати кишвар ба кормандони соҳаи тандурустии пойтахт мебошад.

Вақтҳои охир мушоҳида мекунанд, бо ташаббусу иқдомоти созандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва заҳмати ватандӯстонаи мутахассисону сохтмончиёни тоҷик қариб ҳар рӯз иншооти таъиноти мухталиф, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳу пулҳои муосир, майдонҳои варзишу боғу гулгаштҳои замонавӣ ва марказҳои хизматрасонӣ ба истифода дода мешаванд.

Ифтитоҳи беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакон дар шаҳри Душанбе низ яке аз дастовардҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истиқболи ҷашни бузурги истиқлолияту озодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,зимни шоносоӣ дар иншооти мазкур, бо мутахассисони соҳаи тандурустӣ, суҳбати озоду самимӣ доир намуданд.

Президенти мамлакат, табибонро барои иҷрои садоқатмандонаи вазифаҳои хизматӣ, хизматрасонии сатҳи баландӣ тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирӣ ва муолиҷаи саривақтии бемориҳои кӯдакон, ҳидоят намуда, дастуру супоришҳои мушахас доданд.

Сохтмони беморхонаи мазкур сентябри соли 2018 оғоз гардида, моҳи августи соли 2019 аз ҷониби бинокорони ватанӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-ро дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Пешвои миллат бо шароити муассиса шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон аз наздик суҳбат намуданд ва онҳоро ба Рӯзи дониш таҳният гуфтанд.

Бинои иловагии муассисаи таълимӣ аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе  сохта шуда, синфхонаҳо бо дастгоҳ ва таҷҳизоту аёнияти дарсӣ таъмин гардидаанд.

Бинои навбунёд дорои 36 синфхона буда, аз кабинетҳои химия, математика, физика, биология ва дигар утоқҳои дарсӣ иборат мебошад. Дар маҷмӯъ 11 синфхонаи мактаб ҳамчун синфхонаҳои фаннӣ муҷаҳҳаз гардида, дар онҳо асбобу аёниятҳои зарурӣ насб шудааст, ки ба ин васила толибилмон метавонанд мавзӯъҳои дарсиро ҳамаҷониба аз худ намоянд. Ҷиҳати гузаронидани дарсҳои таълими меҳнат ва омӯзонидани касбу ҳунарҳои гуногун, дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи таълимии  духтаронаву писарона ташкил карда шудаанд, ки дар ин ҷо машғулиятҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ ва омодасозии ҳар гуна таомҳо гузаронида мешаванд. Синфхонаи компютерии муассисаи таълимӣ бо насли нави технологияи телекоммуникатсионӣ таъмин буда, бо хати баландсуръати интернет пайваст мебошад. Бинои иловагии муассисаи таълимӣ ҳамчунин дорои китобхонаи электронӣ буда, бунгоҳи тиббӣ, синфхонаҳои лингафонӣ, осорхонаи мактабӣ низ дар дохили он бунёд гардидааст.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар бинои иловагӣ ҳамчунин маҷлисгоҳ бо 110 ҷойи нишаст ва ошхона бо 250 ҷой бунёд ёфтааст ва  онҳо мувофиқ ба талабот муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Тавре аснои шиносоӣ маълум гардид, дар бинои иловагии  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 ҳамзамон барои гузаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва доир намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ толори барҳаво бо 210 ҷои нишаст бунёд ёфтааст, ки бо дастгоҳҳои варзишӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад. Тамоми синфхонаҳо, роҳравҳо, толорҳо ва ошхонаи таълимгоҳ бо дастгоҳҳои гармидиҳӣ таъмин буда, он ба шабакаи  мутамарказонидашудаи гармидиҳӣ  пайваст гардидааст.

Ҳамчунин дар назди муассисаи таълимӣ майдончаи варзишӣ барои гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ бунёд ёфтааст. Атрофи таълимгоҳ бо дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳои мавсимӣ оро ёфта, пурра майсазор карда шудааст.Дар маҷмӯъ барои бунёди иншооти мазкур 1,5 гектар замин ҷудо гардидааст ва роҳраву саҳни таълимгоҳ пурра сафолакпӯш карда шуд.

Қобил ба тазаккур аст, ки бинои мазкур бо назардошти  норасоии ҷойи нишаст ва шумораи аз меъёр зиёди хонандагон бунёд ёфта, сохтмони он дар зарфи бештар аз 1 сол анҷом дода шуд. Ин туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш мушкилоти хонандагон ва омӯзгоронро ба пуррагӣ ҳал намуд.

Пешвои миллат зимни боздид бо хонандагону омӯзгорон суҳбати самимӣ анҷом дода, ифтитоҳи бинои иловагиро ба онҳо таҳният гуфтанд. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки имсол Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-ро 196 нафар хонанда хатм карданд, ки аз ин ҳисоб 182 нафарашон, ё худ 90 фоизашон ба муассисаҳои олии дохилу хориҷи кишвар шомил гаштанд. Феълан дар таълимгоҳ 95 омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буда, 80 фоизашонро бонувони соҳибмалака ташкил медиҳанд ва ифтитоҳи бинои иловагӣ шароиту имконоти онҳоро барои боз ҳам баландтар бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия  хубтар намуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, хонандагону омӯзгоронро вазифадор намуданд, ки чунин шароитро барои донишомӯзӣ самаранок истифода баранд.

Бояд зикр кард, ки Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо андешидани силсилаи тадбирҳо ҷараёни бунёду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимиро дар пойтахт  торафт вусъат дода, дар давоми ду соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар пойтахт ба сохтмони зиёда аз 25 муассисаи таълимӣ бо бештар аз 21 ҳазор ҷойи нишаст оғоз ёфтааст, ки то имрӯз 8 муассисаи нави таълимӣ барои 10 ҳазору 500 нафар хонанда бо сифати баланд ба истифода дода шудааст. Танҳо дар арафаи  соли нави таҳсили имсола аллакай 7 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ бо 13 ҳазор ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд ва бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50  сеюмин мактаб мебошад, ки дар се рӯзи охир дар ҳудуди пойтахт ба истифода дода шуд.

Дар маҷмӯъ то соли 2021 дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 27 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои беш аз 42 ҳазор нафар хонанда ва 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба маблағи умумии қариб 400 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ иштирок намуданд

1 сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои маъмурию таълимӣ, меҳмонхона ва хобгоҳи замонавии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карда, дар чорабинии Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ иштирок намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни бинои боҳашамати ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонии таълимии навбунёд роҳбарият, устодон, кормандон, магистрантон ва донишҷӯёни Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, самимона истиқбол гирифтанд.

Президенти мамлакат дар даромадгоҳи бино парда аз болои лавҳаи рамзӣ бардошта, бинои нави маъмурию таълимии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд ва онро дар доираи иҷрои “Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” туҳфаи арзандаи Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишомӯзон арзёбӣ карданд.

Бинои Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 оғоз гардида, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Иншооти таълимии 12-ошёна аз 2 қисм маъмурию таълимӣ ва хобгоҳ иборат аст. Он барои 1320 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Бинои Донишкада бо тарҳи наву замонавӣ ва ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, аз қисми маъмурию таълимӣ, меҳмонхона ва хобгоҳ барои устодону донишҷӯён, шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, толорҳои варзишу маҷлисгоҳ, китобхонаву ҳуҷраҳои фаннӣ иборат аст.

Меҳмонхона ва хобгоҳи замонавӣ аз 65 ҳуҷраи люкс ва нимлюкси дорои 1 ва 2 ҷойи хоб иборат буда, бо муосиртарин таҷҳизот, аз ҷумла яхдон, телевизор, мошинаҳои ҷомашӯйӣ ва дарзмолкунӣ, катҳои хоби якнафараю дунафара муҷаҳҳаз гардонда шуда, барои шунавандагони курсҳои азнавтайёркуни ва такмили ихтисос, магистрантону донишҷӯён пешбинӣ гардидааст.

Дар ошёнаи якуми бинои маъмурию таълимӣ ошхона бо 200 ҷой, утоқҳои кории раёсати кадрҳо, муҳосибот, қисми хоҷагӣ, бунгоҳи тиббӣ ва ҳуҷраи муҳофизон ҷой гирифтаанд.

Дар ошёнаи дуюми бино китобхона барои 50 ҷойи нишаст ва дорои имконияти нигоҳдории зиёда аз 20 ҳазор китоби илмӣ, таълимию методӣ, бадеӣ ва дигар маводи нашрӣ, синфхонаҳои компютерӣ бо технологияи муосири иттилоотӣ, инчунин китобхонаи электронӣ бо теъдоди зиёда аз 130 ҳазор китобҳои электронӣ, утоқҳои кории муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти зарурии раванди таълим, толори варзишӣ барои бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол ҷойгир шудааст.

Дар ошёнаи дуюми бинои маъмурию таълимӣ “Маркази тавонбахшӣ ва омӯзиши шахсони имконияташон маҳдуд” фаъолият менамояд. Донишкада таҷҳизот ва маводи таълимиро барои муассисаҳои марбут ба кор бо шахсони имконияташон маҳдуд дастрас менамояд. Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур дастгирии афроди имконияти ҷисмониашон маҳдуд ва таъмини онҳо бо шароити муносиб барои гирифтани дараҷаи мутаносиби таҳсилоти олии касбӣ, инчунин таъмин намудани иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва дар қабули қарорҳо ба шумор меравад.

Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим бо истифода аз воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ, шабакаҳо ва системаи автоматикунонии таълим як қатор корҳо амалӣ гаштаанд.

Раванди фаъолияти системаи автоматикунонии таълим дар Донишкада дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ягона буда, ба тамоми талаботҳои низоми таҳсили муосир ҷавобгӯ мебошад.

Дар ошёнаи сеюм утоқҳои кории ректор, муовинони ректор, бойгонӣ, маҷлисгоҳ барои 70 ҷойи нишаст ва утоқҳои кории шуъба, толори Шӯрои олимон ва кафедраҳо мавҷуданд.

Дар ошёнаи 4-уми қисми таълимии бино 2 толори маҷлис мутаносибан ҳар кадоме барои 77 ҷойи нишаст, 2 синфхона, бойгонӣ, утоқҳои раёсати таълим, садорати факултети азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ҷойгиранд.

Дар ошёнаи 5-ум қисми маъмурию таълимии бино 3 синфхона, толори калони барҳаво барои 200 ҷойи нишаст, дар ошёнаҳои аз 7 то 9-уми қисми таълимии бино факултети муносибатҳои байналмилалӣ қарор дошта, дар он 3 толори лексионӣ, 10 синфхона, 3 синфхонаи лингофонӣ ва забономӯзии дорои 450 ҷойи нишаст, кафедраҳо, 8 ҳуҷра барои ҳайати устодону кормандони факултет ва ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой гирифтаанд.

Ҳамзамон, дар ошёнаҳои аз 10 то 12-и қисми таълимии бино факултети идоракунии давлатии Донишкада бо 18 синфхона, толори лексионӣ, 3 синфхона барои машғулиятҳои гурӯҳӣ дар маҷмуъ аз 570 ҷойи нишаст иборат мебошад.

Дар бинои нави Донишкада ҳамчунин, Парки технологӣ ташкил шудааст ва фаъолияти пурсамар дорад. Он аз Шӯрои машваратӣ, директор, муовини директор, комиссияи назорати тафтишотӣ, бахши омӯзиш ва омодакунии хӯрокҳои миллӣ, маркази хизматрасонии тиббӣ, маркази таълимӣ-истеҳсолии дӯзандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, матбаа, маркази инноватсионӣ, сартарошхона ва кошонаи ҳусн бо ташкили курсҳои таълимӣ, маркази фурӯши маводи таълимӣ ва нусхабардорӣ, бахши муҳосибот ва коргузорӣ, шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репититорӣ, маркази курсҳои забономӯзӣ ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, клиникаи ҳуқуқӣ, хоҷагии ёрирасон, бахши варзиш иборат аст.

Дар саҳни ҳавлии бинои нави маъмурӣ зиёда аз 100 ҳазор дона гулҳои ороишӣ, 80 дона дарахти арча, ҳамчунин дарахтони ороишии ҳамешасабз шинонида шудааст.

Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона муассисаи олии таълимию илмии давлатӣ дар кишвар мебошад, ки муассиси он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Самти фаъолияти он ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи идоракунии давлатӣ, хизмати давлатӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ равона гардидааст.

Дар Донишкада факултетҳои идоракунии давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ амал менамоянд, ки аз рӯйи ихтисосҳои “идоракунии давлатӣ”, “идоракунии давлатии иқтисодиёт”, “идоракунии ҳайати кадрӣ”, “муносибатҳои байналмилалӣ” ва “амнияти иттилоотӣ” дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот барои мақомоти давлатӣ кадр тайёр мекунанд.

Дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ дар айни замон 1214 нафар дар бакалавриат, 277 нафар дар магистратура, 737 нафар дар таҳсилоти дуюм, 339 нафар дар таҳсилоти фосилавӣ ва дар маҷмуъ 2 567 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. То имрӯз магистратураро зиёда аз 620 нафар хизматчиёни давлатӣ хатм намудаанд.

Дар Донишкада ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, таҳсилоти дуюми олии касбӣ ва магистратураю бакалавриат 172 нафар устодону омӯзгорон, аз ҷумла 23 нафар докторони илм, профессорон, 62 нафар номзадҳои илм, дотсентон ҷалб карда шудаанд.

Дар соли таҳсили 2018-2019 Донишкадаро 352 нафар донишҷӯёну магистрантон хатм намуданд, ки аз ин 34 нафар соҳиби дипломи аъло ва 318 нафар соҳиби дипломи муқаррарӣ гардиданд.

Кормандону омӯзгорони Донишкада фаъолияти илмиро дар доираи лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотии “Энсиклопедияи идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон” ва “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд”-ро идома дода истодаанд.

Аз ҷониби устодони Донишкада танҳо дар нимсолаи аввали соли 2019 16 китобу монография ва дастури таълимӣ, аз ҷумла аз ҷониби донишмандон ва мутахассисони соҳа китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” дар ду ҷилд, инчунин зиёда аз 300 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ нашр гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо бинои боҳашамати замонавии Донишкада ба сатҳу сифати корҳои сохтмонии ин иншооти навбунёд баҳои баланд дода, барои истифодаи самараноки имконияту иқтидорҳои таълимию омӯзишӣ ва тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ба роҳбарияти Донишкада, вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Баъд аз ифтитоҳи бинои нави маъмурию таълимии Донишкада Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ин рӯйдоди фараҳбахш ва фарорасии Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳузури ҳайати омӯзгорон, кормандон, магистрантон донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро бо оғози соли нави таҳсил ва ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат таъкид доштанд, ки барои тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос, афзудани нерӯи зеҳнӣ ва рушди сармояи инсонӣ дар хизмати давлатӣ, инчунин, таҳлили илмии сифат ва самаранокии идоракунӣ ва хизмати давлатӣ зарурати баланд бардоштани мақоми ин муассиса ба миён омадааст.

Бинобар ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.

Ҳадафи ин иқдомро Сарвари давлат аз тарафи устодони Академия тайёр кардани беҳтару босифати касбии кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ ва мусоидат кардан ба татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуданд.

Бино ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдом метавонад, инчунин, ба ташкили боз ҳам васеътари давраҳои бозомӯзӣ, такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, ташкили таҳқиқоти бунёдӣ оид ба идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ такони ҷиддӣ бахшад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 96-ро дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

30 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №96-ро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат бо шароити муассиса шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон аз наздик суҳбат намуданд.

Мактаб аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1488 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шуда, синфхонаҳо бо дастгоҳ ва таҷҳизоту аёнияти дарсӣ таъмин гардидаанд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №96 дорои 35 синфхона буда, аз кабинетҳои химия, математика, физика, биология ва дигар утоқҳои дарсӣ иборат мебошад. Ҷиҳати гузаронидани дарсҳои таълими меҳнат ва омӯзонидани касбҳои гуногун дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи муҷаҳҳази фаннӣ ташкил карда шудаанд, ки дар ин ҷо машғулиятҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ ва омодасозии ҳар гуна таомҳо гузаронида мешаванд. Ҳамзамон як синфхонаи алоҳида барои гузаронидани дарсҳои компютерӣ пешбинӣ шуда, дар ин баробар утоқҳои алоҳида барои роҳбарияту омӯзгорони таълимгоҳ бунёд гардидаанд. Дар баробари синфхонаҳои муҷаҳҳазу замонавӣ, ҳамчунин муассисаи нав дорои маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст ва ошхона бо бештар аз 100 ҷой мебошад.

Тавре аснои шиносоӣ маълум гардид, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №96 ҳамчунин барои гузаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва доир намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Тамоми синфхонаҳо, роҳравҳо, толорҳо ва ошхонаи таълимгоҳ бо дастгоҳҳои гармидиҳӣ таъмин буда, он ба шабакаи мутамарказонидашудаи гармидиҳӣ пайваст гардидааст. Барои иншооти мазкур хати алоҳидаи барқ кашонида шуда, ҳамчунин ду адад трансформатори алоҳидаи пуриқтидор барои таъмини бемамониати неруи барқ дар ҳудуди иншоот насб гардидааст. Атрофи таълимгоҳ бо дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳои мавсимӣ зебу оро ёфта, пурра майсазор карда шудааст.

Қобил ба тазаккур аст, ки бинои қаблии Муассисаи таълимии №96-и ноҳияи Сино дар ҳолати ногувор қарор дошта, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд, аз ин рӯ он пурра бартараф карда шуд. Бо бунёди иншооти нав мушкилоти чандсолаи омӯзгорону хонандагон дар самти норасоии ҷойи нишаст ва шароити мусоиди таълимӣ ҳалли худро ёфт. Акнун онҳо метавонанд дар синфхонаҳои барҳавою муҷаҳҳаз ба дарсомӯзӣ машғул гарданд.

Пас аз шиносоӣ бо шароити таълимии муассисаи мазкур Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди омӯзгорон, хонандагон ва аҳли маорифи шаҳри Душанбе суханронӣ карда, ифтитоҳи муассисаи нави таълимиро ба онҳо таҳният гуфтанд.

Пешвои миллат ҳамчунин аз хонандагон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароити мусоид ҷиҳати омӯхтани илм, азхудкунии забонҳо ва технологияи нав кӯшиш намуда, ҳамчун насли созанда ба камол расанд.

Таъкид гардид, ки дар арафаи соли нави хониш ифтитоҳи ин таълимгоҳ туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагону омӯзгорон буда, ҳамин гуна дар солҳои минбаъда низ бунёди иншооти таълимӣ ва муассисаҳои нав дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, ки марҳила ба марҳила мушкилоти соҳаро дар самти норасоии ҷойи нишаст пурра ҳал хоҳад кард.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанбе»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Дар идомаи тадбирҳои босуръати ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Душанбе 30 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанбе»-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин бинои хуштарҳу замонавӣ бо шароити мусоиди таълимӣ, аз ҷумла озмоишгоҳҳо, кабинетҳои фаннӣ, толори варзишӣ, ошхона ва таҷҳизоти тиббӣ давоми чор сол бо маблағгузории Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, соҳибкорони маҳаллӣ ва саҳми худи таълимгоҳ сохта шудааст.

Бинои нави «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанбе» аз 7 ошёна иборат буда, дорои 75 синфхонаи таълимӣ, 19 утоқи корӣ, 4 синфхонаи компютерӣ, китобхона бо фарогирии 13 ҳазор нусха адабиёти бадеӣ, таълимӣ — методӣ ва сиёсӣ, 4 синфхонаи лексионӣ барои 100 ҷойи нишаст, ошхона барои 300 нафар дар як вақт, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

Муассисаи таълимӣ барои 1200 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шудааст.

Айни замон дар ин коллеҷ аз рӯи 7 ихтисос — кори ҳамширагӣ, кори фармасевтӣ, кори табобати дандон ва дандонсозӣ, кори тиббӣ-офиятӣ, кори ҳамширагӣ дар косметология ва кори момодоягӣ мутахассисон омода карда мешаванд.

Бо назардошти зиёд будани муроҷиати шаҳрвандон ва фароҳам будани шароити мусоид шуъбаи шабона низ таъсис дода шудааст.

Дар ин шуъба аз рӯи ихтисосҳои кори ҳамширагӣ, кори фармасевтӣ ва кори дандонсозӣ мутахассисон тайёр карда мешаванд.

Барои ин дар коллеҷ ташхисгоҳи химия, физика, кори ҳамширагӣ, фармакогнозия ва технологияи дорусозӣ таъсис дода шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки қаблан шумораи кормандони ин коллеҷи хусусӣ 90 нафарро ташкил медод.

Ҳамакнун бо фароҳам гардидани шароити мусоиди таълим шумораи кормандон ба 200 нафар расидааст.

Ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти «Коллеҷи тиббӣ — иҷтимоии шаҳри Душанбе» роҳбарияти он ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки дар марҳилаҳои оянда нақша доранд дар шафати ин бинои таълимӣ боз як бинои 6 ошёна ба истифода диҳанд.

Тибқи лоиҳа, дар 3 ошёнаи бинои нав беморхонаи нигоҳубини ҳамширагӣ ва дар ошёнаҳои болоӣ хобгоҳ барои донишҷӯён пешбинӣ шудааст.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Коллеҷи тиббӣ — иҷтимоии шаҳри Душанбе» соли 2015 таъсис дода шуда, то имрӯз дар бинои иҷора амал мекард.

Соли таҳсили 2017-2018 коллеҷи мазкурро аввалин маротиба 197 нафар ва соли таҳсили 2018-2019 317 нафар хатм намуда, соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатӣ гаштаанд.

Айни ҳол дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Коллеҷи тиббӣ — иҷтимоии шаҳри Душанбе» 912 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд.

Қабули довталабон тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, ҳамасола шумораи довталабони таҳсил аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат дар ин муассисаи таълимӣ афзоиш меёбад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯён ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, даъват ба амал оварданд, ки ҳамеша барои илмомӯзӣ кӯшиш намоянд ва дар таълиму тарбияи насли ҷавон масъулияти баланд дошта бошанд.