Архив 31.03.2022

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР КОЛЛЕҶИ КӮҲИИ БА НОМИ С. ЮСУПОВАИ Ш. ДУШАНБЕ

Санаи 17.03.2022 дар муассиса бахшида ба таҷлили иди Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар оғоз, чорабиниро роҳбари муассиса муҳтарам Суфиев Алишер Ҷаъмаевич ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни мероси ниёгонамон Наврӯз, ки аз мавсими фарорасии баҳори хуҷастапай манша мегирад табрик ва муборакбод намуданд.
Дар идомаи суханронӣ қайд гардид, ки новобаста аз он, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ ин ҷашн таҳти таъсири монеаву маҳдудиятҳои зиёд қарор гирифта буд, вале бинобар асолати табиӣ, арзишу аҳаммияти ҷовидонаи мардумӣ ва фалсафаи нерӯманд доштанаш зиндаву поянда монда, бо ташабусҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шуда, бо хусусиятҳои вижаи худ, ки некиву накўкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури олам гардидааст.
Инчунин роҳбари муассиса аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, қайд карда шуд, ки: “Наврӯз ҳамчун бузургтарин ойини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз, ки таърихи беш аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад, ҳамчун рамзи сари сол, яъне айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози мавсими кишту кор, ибтидои корҳои саҳроӣ ва фаъолияти кишоварзон ҷашн гирифта мешавад”.
Сипас чорабинӣ бо таври озмунӣ миёни садорати факултетҳо ва шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбии коллеҷ бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор карда шуд. Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби масъулин хони наврӯзӣ ороста шуда, намоиши пешкаш намудаи онҳо бозгӯ аз урфу одат ва ананаҳои миллӣ иборат буд.
и ещё 14
Алишер Суфиев, Абдулло Назаров и ещё 70
Комментарии: 15
Нравится

 

Комментировать

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КОЛЛЕҶИ КӮҲИИ БА НОМИ С. ЮСУПОВАИ Ш. ДУШАНБЕ СУФИЕВ АЛИШЕР ҶАЪМАЕВИЧ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

Муҳтарам кормандону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯёни арҷманд!
Шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни мероси ниёгонамон-Наврӯз, ки аз мавсими фарорасии баҳори хуҷастапай манша гирифтааст, самимона табрик мегӯям.
Ҷашни Наврӯз дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Сада, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо – тоҷикон ба ҳисоб меравад.
Наврӯз ин Иди баҳор, Соли Нав ва ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардуми ориёинажод аст, ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ-1-уми аввали ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Аз ниёгонамон то ба имрӯз як силсила расму анъанаҳо, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон пайванд сохта, насли наврасро ба анъана ва урфу одатҳои аҷдодонамон шинос мегардонад.
Пояндагӣ ва мондагории Наврӯз дар он ифода меёбад, ки ин ҷашн аз оғози пайдоиш то ба имрӯз ба қалби пиру ҷавон хуррамию бедорӣ ато менамояд. Он чӣ дар зеҳн ва амалу кирдори мардум дар арафаи ин ҷашн ба вуҷуд меояд, танҳо шодӣ асту сурур ва тозакорию созандагист.
Унсурҳои таркибии Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили муттаҳидкунанда хизмат намуда, ба қалби хурду бузург таҷлили ин ҷашн суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад.
Бо дар назардошти хусусиятҳои зикргардида ин падидаи асили фарҳангӣ ҳаргиз куҳнашавиро намепазирад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми мо боқӣ мемонад.
Новобаста аз он, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ ин ҷашн таҳти таъсири монеаву маҳдудиятҳои зиёд қарор гирифта буд, вале бинобар асолати табиӣ, арзишу аҳаммияти ҷовидонаи мардумӣ ва фалсафаи нерӯманд доштанаш зиндаву поянда монда, бо ташабусҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шуда, бо хусусиятҳои вижаи худ, ки некиву накўкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури олам гардидааст.
Бо ҳамин мазмун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баён доштаанд:
“Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангиву тамаддунии дар айни замон ҷаҳонишуда тайи ҳазорсолаҳо инсонҳоро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату дӯстӣ, созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди зиндагии беҳтар, дӯст доштани ҳаёт ва табиат ҳидоят кардааст”.
Наврӯз бо манзалати бузурги ҷаҳониаш, бо русуми аждодиаш, қалбҳоро пурнур, шаҳомати бахтро фаровон, ранҷуриҳоро сарнагун ва шукуфтанҳои мақсудро бароямон мушарраф мегардонад
Дар охир бори дигар ин ҷашни меросии ниёгон иди баҳорӣ – Наврӯзи оламафрӯзро ба кулли сокинони кишвари азизамон табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки бахту саодат, хайру баракат дар хонадони ҳар сокини мамлакат ва сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон абадӣ бошад.

Санаи 12.03.2022 дар коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова бо мақсади муаррифии ихтисосҳо, шиносоӣ бо шароити таҳсил ва вазъи фаъолияти озмоишгоҳҳо, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаи илмию электронӣ ва дастоварду комёбиҳои кормандону омӯзгорони коллеҷ рӯзи “Дарҳои кушод” ташкил карда шуд.

 

Роҳандозии чунин тадбирҳо аз ҷониби роҳбарияти коллеҷ барои пиёда намудани сиёсати давлатӣ доир ба ҷалби ҷавонон ба касбҳои техникӣ ва технологӣ ва дар ин замина омӯзиши касбу ҳунар ба ҷавонони кишвар арзёбӣ мегардад.
Дар ин рӯз хатмкунандагони як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз рӯи зинаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ ва миёнаи умумӣ, хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳри Душанбе ба коллеҷ ташриф оварда, аз ҷониби масъулин бо онҳо сӯҳбату вохуриҳои судманд доир карда шуд.
и ещё 20
Вы, Атоулло Сафолзода, Фаррух Халифаев и ещё 50
Комментарии: 9
Нравится

 

Комментировать

МАРҲАБО БА КОЛЛЕҶИ КӮҲИИ БА НОМИ С. ЮСУПОВА Санаи 12.03.2022 дар коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова бо мақсади муаррифии ихтисосҳо, шиносоӣ бо шароити таҳсил ва вазъи фаъолияти озмоишгоҳҳо, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаи илмию электронӣ ва дастоварду комёбиҳои кормандону омӯзгорони коллеҷ рӯзи “Дарҳои кушод” ташкил карда шуд.