Поделиться ссылкой:
Муҳтарам кормандону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯёни арҷманд!
Шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни мероси ниёгонамон-Наврӯз, ки аз мавсими фарорасии баҳори хуҷастапай манша гирифтааст, самимона табрик мегӯям.
Ҷашни Наврӯз дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Сада, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо – тоҷикон ба ҳисоб меравад.
Наврӯз ин Иди баҳор, Соли Нав ва ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардуми ориёинажод аст, ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ-1-уми аввали ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Аз ниёгонамон то ба имрӯз як силсила расму анъанаҳо, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон пайванд сохта, насли наврасро ба анъана ва урфу одатҳои аҷдодонамон шинос мегардонад.
Пояндагӣ ва мондагории Наврӯз дар он ифода меёбад, ки ин ҷашн аз оғози пайдоиш то ба имрӯз ба қалби пиру ҷавон хуррамию бедорӣ ато менамояд. Он чӣ дар зеҳн ва амалу кирдори мардум дар арафаи ин ҷашн ба вуҷуд меояд, танҳо шодӣ асту сурур ва тозакорию созандагист.
Унсурҳои таркибии Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили муттаҳидкунанда хизмат намуда, ба қалби хурду бузург таҷлили ин ҷашн суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад.
Бо дар назардошти хусусиятҳои зикргардида ин падидаи асили фарҳангӣ ҳаргиз куҳнашавиро намепазирад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми мо боқӣ мемонад.
Новобаста аз он, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ ин ҷашн таҳти таъсири монеаву маҳдудиятҳои зиёд қарор гирифта буд, вале бинобар асолати табиӣ, арзишу аҳаммияти ҷовидонаи мардумӣ ва фалсафаи нерӯманд доштанаш зиндаву поянда монда, бо ташабусҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шуда, бо хусусиятҳои вижаи худ, ки некиву накўкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури олам гардидааст.
Бо ҳамин мазмун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баён доштаанд:
“Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангиву тамаддунии дар айни замон ҷаҳонишуда тайи ҳазорсолаҳо инсонҳоро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату дӯстӣ, созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди зиндагии беҳтар, дӯст доштани ҳаёт ва табиат ҳидоят кардааст”.
Наврӯз бо манзалати бузурги ҷаҳониаш, бо русуми аждодиаш, қалбҳоро пурнур, шаҳомати бахтро фаровон, ранҷуриҳоро сарнагун ва шукуфтанҳои мақсудро бароямон мушарраф мегардонад
Дар охир бори дигар ин ҷашни меросии ниёгон иди баҳорӣ – Наврӯзи оламафрӯзро ба кулли сокинони кишвари азизамон табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки бахту саодат, хайру баракат дар хонадони ҳар сокини мамлакат ва сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон абадӣ бошад.