Архив Май 2022

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23.05.2022

Ҷавонони азиз!
Бисту сеюми майи ҳар сол дар кишвари мо Рӯзи ҷавонон ҳамчун яке аз санаҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Бинобар ин, ҳамаи шумо – ҷавонони ватандӯсту хештаншиноси замони истиқлолро самимона табрик гуфта, бароятон комёбиву сарбаландӣ ва ба Ватани маҳбубамон, ки кишвари ҷавонӣ ва ҷавонон аст, сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.
Имрӯз ҷавонони мо такягоҳи воқеӣ, умед ва ифтихори ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Зеро нақши онҳо дар рушди соҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар басо назаррасу арзишманд мебошад.
Тавре ки борҳо гуфтаам, дар замони муосир танҳо кишварҳое ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа муваффақ мегарданд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи зарурӣ дода, имкониятҳои фаровони зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳоро ба самти дурусту созанда сафарбар менамоянд.
Ба ҳамин хотир, Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз ба ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи давлат ва насли ояндасоз аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда истодааст.
Таърихи даврони соҳибистиқлолӣ возеҳ нишон медиҳад, ки ин нерӯи созанда сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатро ҳамеша ҷонибдорӣ менамояд ва дар раванди татбиқи он саҳми арзанда мегузорад, яъне дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона дорад.
Ҷавонони мо ҳамчун ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ мебошанд.
Мо ифтихор дорем, ки ҷавонони мо ҳамқадами замони муосир мебошанд, талаботи асри навинро хуб дарк мекунанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар ва хориҷ аз он илму дониш меомӯзанд, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои навтаринро аз худ менамоянд, ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғуланд ва саъю талош доранд, ки ба ин васила дар раванди ободонии Ватан ва пешрафти давлат саҳми назаррас гузоранд.
Ҳамчунин, ҷавонони кишвар ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, дар шароити торафт вусъат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва таъсири манфии унсурҳои фарҳангиву тамаддунии бегона манфиату арзишҳои миллиро ҳимоя мекунанд ва дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳои бар зидди давлату миллати худ равонашуда омода мебошанд.
Ҷавонони далеру ғаюри мо имрӯзҳо дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ содиқона хизмат карда, қарзи фарзандӣ ва рисолати миллии хешро содиқона иҷро мекунанд ва ҳамчун сипари боэътимоди давлатдории миллии тоҷикон дар ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва ҳимояи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ нақши бузург доранд.
Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти саҳм ва нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва давлат барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо то ба имрӯз аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодааст.
Аз ҷумла тавассути барномаҳои давлатӣ маблағгузорӣ кардани фаъолияти соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон, таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, стипендияҳои Президенти Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва тадриҷан зиёд намудани маблағи стипендия ва шумораи он, стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», квотаҳои президентӣ барои ҷавондухтарону ҷавонписарони ноҳияҳои дурдаст, таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти мамлакат, ҷавонгардонии сиёсати кадрӣ ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, азнавсозӣ ва ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳанг, сохта ва ба истифода супоридани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳо, сохтмони ҳазорҳо муассисаи таълимӣ – мактабу донишгоҳҳо, инчунин, китобхонаҳои сатҳи байналмилалӣ, иншооти варзиши ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ба ҳамин роҳ фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва кору зиндагӣ барои ҷавонон ва тадбирҳои дигар амалӣ карда шудаанд.
Ҳукумати мамлакат барои боз ҳам таҳким бахшидани мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ва ҳаллу фасли масъалаҳои онҳо бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда минбаъд низ талош хоҳад кард.
Яъне бо афзоиш ёфтани имкониятҳои иқтисодии кишвар мо минбаъд низ раванди дастгирии ҷавононро идома медиҳем ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтар барои кору зиндагии онҳо мунтазам чораҷӯӣ мекунем.
Дар баробари ин, ҳоло дар назди ҷомеаи мо, ки қисми асосии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, масъалаҳое вуҷуд доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ, ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин, торафт вусъат гирифтани миқёси таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ аз ҷавонони мо пеш аз ҳама зиракии сиёсӣ, дониши амиқ, забондонӣ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ ва худшиносиву худогоҳиро тақозо намуда, масъулияти ҳимояи марзу буми кишвар, ҳифзи амнияти давлату миллат ва самимона дӯст доштани Ватанро талаб менамояд.
Инчунин, ҷавонони мо бояд ба масъалаҳои омӯхтани таърихи пурғановати миллати тоҷик, осори гаронбаҳои гузаштагони халқамон, пос доштани забони давлатӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ ва арзишҳои милливу фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва густариши эҳсоси худогоҳиву худшиносӣ эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоянд ва дар ин самтҳо ташаббускор бошанд.
Ватанро сидқан ва самимона дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва эҳтироми падару модарро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар кадоми шумо – ҷавонон бояд ин арзишҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳед.
Бовар дорам, ки шумо – ҷавонони ватандӯсту ватанпарасти кишвар аз уҳдаи иҷрои ҳама вазифаҳои дар наздатон гузошташуда сарбаландона мебароед ва минбаъд низ дар ҷодаи ободонии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва пешрафта гардонидани давлати тоҷикон содиқона хизмат мекунед.
Бори дигар ҳамаи шумо – давомдиҳандагони таъриху фарҳанги қадимаи миллати куҳанбунёди тоҷикро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустӣ, хушбахтӣ ва дар саъю талошатон ба хотири пешрафти Ватани азизамон иродаи қавӣ ва барору комёбиҳо орзу менамоям.
Рӯзи ҷавонон муборак, созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол!

ВОХУРИИ СУДМАНД

Санаи 26.05.2022 дар коллеҷ дар доираи иҷрои нақша чорабиниҳои муассиса бо иштироки намояндагон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба амалигардонии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.06.2021, №187) ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222) вохурии судманд баргузор гардид.
Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур директори коллеҷ Суфиев Алишер Ҷаъмаевич ба сухан баромада, ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳоро дар амалигардонии стратигияҳои давлатӣ ба маврид ҳисобида, иброз гардид, ки бо ташкил ва роҳандозии намудани чунин вохуриҳои судманд метавон аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ пешгирӣ намуд.
Инчунин нозири калони сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия, маёри адлия – Акбарзода Нурмаҳмад Холмурод вобаста ба муҳтавои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ибрози андеша намуда, саҳми зиёиёну маорифпарваронро дар амалигардонии он муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар идома сардори ШОТҲНҶ-и ШВКД-1 дар н. Фирдавсӣ маёри милитсия – Мусозода Изатулло дар мавриди даст задан ба кирдорҳои ношоиста суханронӣ намуда, бобати баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ватандустию ватанпарастӣ ибрози ақида намуда, ишторикдоронро ба муттаҳидӣ ва якдилӣ даъват намуданд.

ИШҒОЛИ ҶОЙИ АВВАЛ МУБОРАК!

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ санаи5-6-уми майи соли ҷорӣ бахшида ба “Рӯзи ҷавонон” бо ҷалбидастаҳо аз муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҳудуди ноҳия миёни духтарон мусобиқаи варзиши аз рӯйи намуди баскетбол гузаронида шуд. Дар мусобиқаи мазкур донишҷӯдухтарони коллеҷ фаъолона ширкат варзида, дар оихир ба ишғол намудани ҷойиаввал савзовор гардидаанд.

ГУЛ ИН ҲУСНИ НАЗОКАТУ ЛАТОФАТИ ТАБИАТ

Аз он, ки гулҳои дилрабою гуногунранг дар тамоми гӯшаю канори мамлакат ба чашм нуру ба дил фараҳ мебахшанд, дар ин баробар инсонҳоро ба зебоипарастӣ ва нексириштӣ талқин месозанд. Аз ин лиҳоз кормандону омӯзгорони коллеҷ баҳри тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва парвариши гулҳои мавсимии фаслҳои сол пайваста дар саъйю талошанд.
Санаи 07.05.2022 дар муассиса шанбегии дастаҷаъмона гузаронида шуд, ки дар он ҳудуди қариб се ҳазор адад гулҳои мавсимӣ шинонида шуд.

“ТАҲҚИҚИ ОМИЛҲОИ БАЛАНДБАРДОРИИ САМАРАНОКИИ ИСТИФОДАИ ЗАХИРАҲОИ ТАБИӢ ДАР ТАШАККУЛЁБӢ ВА РУШДИ САНОАТИ КИШВАР”

Зери чунин унвон санаи 06.05.2022 бо мақсади амалисозии бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ин чунин ҷиҳати иҷрои нақшаи баргузории чорабиниҳои илмии муассиса бо иштироки намояндагон аз як қатор корхонаю ташкилот ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат, бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Бояд зикр намуд, ки дар ин ҳамоиш Мирзозода Ардашер-муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Баротов Маъруфҷон Асадович-директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии саноат иштирок доштанд.
Дар ҷараёни баргузории ҳамоиш аз ҷониби баромадкунандагон ёдоварӣ шуд, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии мамлакатро ҳадафи чоруми миллӣ эълон доштанд.
Илова бар ин қайд гардид, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ санаи 21.12.2021 аз ҷониби Пешвои миллат таъкид гардид, ки “Бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд”.
Дар идомаи конференсия махсусан ба баландбардории самаранокии истифодаи захираҳои табиӣ дар ташаккулёбӣ ва рушди саноати кишвар аз ҷониби баромадкунандагон маърузаҳо ироа гардида, пешниҳоди саволҳо аз ҷониби иштирокдорон ба кори ҳамоиш ранги дигар бахшид, ки баҳсҳои илмиро ба миён гузошт.
Дар фарҷоми ҳамоиши илмӣ барои ҳамкории судманд ва иштироки фаъолона як қатор иштирокдорон бо сипосномаи маъмурияти муассиса сарфароз гардонида шуданд.

Боздид аз Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” дар ноҳияи Данғара

Дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти парвариш ва нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” серсоҳа буда, хоҷагидорон бо истифода аз оби фаровону замини ҳосилхез ва риояи меъёрҳои агротехникӣ ба кишту парвариши сабзавоту полезӣ, ғалладона, зироати техникӣ ва боғу токзор машғул мебошанд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” дар 500 гектар гандум, 100 гектар ҷав, 150 гектар пахта, 150 гектар сабзавоту полезӣ ва дар 120 гектар ҷуворимаккаи дон кишт карда шудааст, ки ҳоло маҳсулоти кишоварзӣ нашъунамои хуб дошта, аҳли заҳмат нақша доранд ҳосили фаровон рӯёнанд.

Дар 1,5 гектар сабзӣ, дар 20 гектар картошкаи навъи “Тоҷикистон”, дар 18 гектар пиёзи тухмии навъи “Субҳи Вахш” ва пиёзи навъи “пешпазак” кишт шудааст, ки рӯзҳои наздик ҳосили он ҷамъоварӣ мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғҳои хоҷагӣ аз парвариши ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла бодом, шафтолу ва олуи сиёҳ шиносоӣ пайдо карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” дар масоҳати беш аз 480 гектар боғ бунёд карда шудааст, ки аз он 230 гектар себ, 142 гектар бодом, 73 гектар олу, 15 гектар чормағз, 8 гектар ангур, 7 гектар шафтолу, 3 гектар нок ва 2 гектарро гелос ташкил медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти назарраси хоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон”-ро, ки бозгӯи ҷонибдории амиқ аз сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, намуна арзёбӣ карда, ба меҳнати садоқатмандонаи аҳли заҳмат баҳои баланд доданд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои меҳнатии хоҷагии ҷангали ноҳия дидан карданд. Дар намоиш маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту полезии тару тоза, ғалладона ва неъматҳои табиӣ муаррифӣ карда шуд.