Поделиться ссылкой:
Санаи 26.05.2022 дар коллеҷ дар доираи иҷрои нақша чорабиниҳои муассиса бо иштироки намояндагон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба амалигардонии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.06.2021, №187) ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222) вохурии судманд баргузор гардид.
Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур директори коллеҷ Суфиев Алишер Ҷаъмаевич ба сухан баромада, ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳоро дар амалигардонии стратигияҳои давлатӣ ба маврид ҳисобида, иброз гардид, ки бо ташкил ва роҳандозии намудани чунин вохуриҳои судманд метавон аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ пешгирӣ намуд.
Инчунин нозири калони сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия, маёри адлия – Акбарзода Нурмаҳмад Холмурод вобаста ба муҳтавои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ибрози андеша намуда, саҳми зиёиёну маорифпарваронро дар амалигардонии он муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар идома сардори ШОТҲНҶ-и ШВКД-1 дар н. Фирдавсӣ маёри милитсия – Мусозода Изатулло дар мавриди даст задан ба кирдорҳои ношоиста суханронӣ намуда, бобати баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ватандустию ватанпарастӣ ибрози ақида намуда, ишторикдоронро ба муттаҳидӣ ва якдилӣ даъват намуданд.