Поделиться ссылкой:
Зери чунин унвон санаи 06.05.2022 бо мақсади амалисозии бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ин чунин ҷиҳати иҷрои нақшаи баргузории чорабиниҳои илмии муассиса бо иштироки намояндагон аз як қатор корхонаю ташкилот ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат, бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Бояд зикр намуд, ки дар ин ҳамоиш Мирзозода Ардашер-муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Баротов Маъруфҷон Асадович-директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии саноат иштирок доштанд.
Дар ҷараёни баргузории ҳамоиш аз ҷониби баромадкунандагон ёдоварӣ шуд, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии мамлакатро ҳадафи чоруми миллӣ эълон доштанд.
Илова бар ин қайд гардид, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ санаи 21.12.2021 аз ҷониби Пешвои миллат таъкид гардид, ки “Бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд”.
Дар идомаи конференсия махсусан ба баландбардории самаранокии истифодаи захираҳои табиӣ дар ташаккулёбӣ ва рушди саноати кишвар аз ҷониби баромадкунандагон маърузаҳо ироа гардида, пешниҳоди саволҳо аз ҷониби иштирокдорон ба кори ҳамоиш ранги дигар бахшид, ки баҳсҳои илмиро ба миён гузошт.
Дар фарҷоми ҳамоиши илмӣ барои ҳамкории судманд ва иштироки фаъолона як қатор иштирокдорон бо сипосномаи маъмурияти муассиса сарфароз гардонида шуданд.