Санаи 29-уми апрел дар коллеҷ бо иштироки Раиси шӯрои бонувони ноҳияи Фирдавсӣ Кузибоева Зӯҳро бо донишҷӯдухтарон ва омӯзгорзанон вохӯрии судманд доир карда шуд.
Мақсад аз баргузории вохурии мазкур тариғибу ташфиқи васеи либоси миллӣ ва арҷгузорӣ ба урфу одатҳо ва расму оинҳои миллӣ дар доираи қонунҳои амалкунанда баён мегардид. Тавре маълум аст баробари фарорасии фасли зебои баҳор талабот аз ҷониби занону духтарон ба лисбосҳои миллӣ, аз ҷумла чакан ва атлас зиёд мегардад. Либоси миллӣ тараннумгари фарҳанги волои миллат аст. Бояд қайд намоем, ки ба бар намудани либоси миллӣ аз шахс маҳорат ва этикаю эстетикаи хосро талаб намуда, дар ҷойҳои хосса ба бар карда мешавад, ки донистани ин барои занону духтарон хело ҳам муҳим мебошад.