Архив Декабрь 2023

𝐎𝐌Ӯ𝟑ИШ 𝐁А 𝐓АҲҚИҚИ АФ𝟑АЛИЯ𝐓И 𝐂𝐎ҲАИ Г𝐄𝐎Л𝐎ГИЯ 𝐁А АҲА𝐌ИЯ𝐓И 𝐎𝐇 ДА𝐏 𝐓АША𝐊𝐊УЛИ 𝐏УШДИ Э𝐊𝐎Л𝐎ГИЮ ИҚ𝐓И𝐂𝐎ДИИ 𝐌И𝐇𝐓АҚА 𝐁А ҶАҲ𝐎𝐇

     Бо мақсади таҷлили сазовори рӯзи иди касбии “Геологҳои тоҷик”, ки ҳамасола 9-уми декабр таҷлил карда мешавад, санаи 07.12.2023 дар Коллеҷ бо иштироки олимону муҳаққиқони соҳа конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Омӯзиш ва таҳқиқи афзалияти соҳаи геология ва аҳамияти он дар ташаккули рушди экологию иқтисодии минтақа ва ҷаҳон” дар сатҳи балан баргузор карда шуд.
     Дар оғози конфронс ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ Қурбонов В. Н. бо сухани ифтитоҳӣ меҳмонон ва иштирокдоронро ба муносибати фарорасии иди касбии Геологҳои тоҷик самимона табрик гуфта, ташрифи меҳмононро ба муассисаи таълимӣ хайру мақдам гуфт.
Сипас маърузачиён вобаста ба масъалаҳои фарогири мавзӯи конференсия баромад намуда, зарфиятҳои кунунии соҳаи геологияро дар мамлакат ба таври гуногун шарҳу тавзеҳ доданд.
     Аз ҷумла зикр гардид, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи геология дар мамлакат ба таври назаррас рушду нуму намуда, барои омодасозии мутахассисони соҳавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар асоси ташаббусҳо Пешвои муаззами миллат бо қарори ҳукумати мамлакат “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” қабул карда шуд, ки зимни амамлисозии барномаи мазкур соҳаи геология дар кишвар марҳила ба марҳила бозҳам рушду такомул ёфта, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои стратегии давлат заминаҳои мусоид фароҳам мегардад.
       Баъд аз пешниҳоди маърӯзаҳои пурмуҳтаво тибқи тартиби муқараргардида ба барлмадкунандагон аз ҷониби донишҷӯёну иштирокдорон вобаста ба паҳлуҳои гуногуни мавзӯҳои ироагардида суолҳо пешниҳод карда шуд, ки ба таври қонеъкунанда ба саволҳо посухҳои саҳеҳ гардонида шуд.