Поделиться ссылкой:
Бо ташаббуси бахши идоракунии сифати таҳсилот санаи 17.01.2023 дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои коллеҷ бо мақсади сайқалдиҳии маҳорати касбии омӯзгорони муассиса семинари омўзишию машварартӣ дар мавзўи “Роҳҳои истифодабарии усулҳои интерактивӣ дар низоми таълим” доир карда шуд.
Дар семинари мазкур Содиқов Шоҳимардон омӯзгори соҳибтаҷрибаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ даъват гардид, ки бо пешниҳоди далелҳои илман асоснок таваҷҷуҳи омӯзгоронро ба муҳтавои истифодабрии усулҳои интерактивӣ дар раванди дарсҳо ҷалб намуд ва завқи иштирокдоронро ба омӯзиши унсурҳои таркибии ин семинар бедор намуд. Семинари омўзишӣ характери методӣ-таълимӣ дошта, фарогири самтҳои зерин: моҳияти усулҳои интерактивии таълим, гуногуншаклии усулҳои интерактивии таълим, роҳҳои истифодабарии усулҳои интерактивӣ дар низоми таълим буд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар фоъолияти минбъдаи худ омўзгорони муассиса ба таври самарабахш аз методҳо ва усулҳои нави таълим истифода намуда дар баландбардории сифати таҳсил дар заминаи омӯзиши донишҳои тахассусӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.